Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб вобаста ба ифротгароии динӣ ва роҳҳои пешгирии он дар маҳал конфронси илмӣ-амалӣ баргузор шуд

Февраль 2, 2025 11:00

ДУШАНБЕ, 02.02.2025. /АМИТ «Ховар»/. 30 январ дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ҷиҳати пешгирии  шомилшавии ҷавонон  ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротгаро таҳти унвони «Ифротгароии динӣ ва роҳҳои амалии пешгирии он дар маҳал» конфронси илмӣ-амалӣ баргузор шуд, хабар   медиҳад  АМИТ «Ховар»  бо истинод ба ин донишгоҳ.

Дар конфронс  иброз гардид, ки «дар ҷомеаи имрӯзаи мо  зуҳуроти номатлубе ба мушоҳида мерасад, ки ба зеҳну андешаи ҷавонон бетаъсир намемонад. Маълум аст, ки хатарноктарин зуҳуроти ҷомеаи муосир терроризму экстремизм аст ва онро вабои аср мехонанд».

«Ҳар фарди солимфикри  ҷомеаро мебояд дар мубориза ба муқобили амалҳои номатлуб, махсусан ифротгароиву тундгароӣ ва даҳшатафканӣ,  яъне терроризм мубориза бурда, ҷавононро ба роҳи рост, донишандӯзӣ, омӯзиши  касбу ҳунар ва анҷоми корҳои  созандагию  ободсозии сарзамини аҷдодӣ  ҳидоят намояд. Зеро оқибати ин амалҳои номатлуб хатарноку фоҷиабор аст», -таъкид шуд дар конфронс.

Дар конфронс дар мавзӯъҳои «Сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муқовимат бо терроризм ва ифротгароии хушунатомез», «Заминаҳои ҳуқуқии пешгирии ифротгароии динӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Бартарии давлати дунявӣ дар чист?» маърӯзаҳо пешниҳод гардид.

Таъкид шуд, ки ифротгароёни динӣ барои расидан ба ҳадафҳои худ аз зӯроварию хушунат истифода мебаранд. Аз ин рӯ равшанфикрону зиёиён, сиёсатмадорон, мутахассисон ва уламои дин, ки дар назди ҷамъият ва давлат эҳтиром доранд, бояд бо ин амали номатлуб мубориза бурда, дар суҳбату вохӯриҳо  ҳадафҳои ғаразноки ин гурӯҳҳоро ба мардум фаҳмонанд.

 АКС: Донишгоҳи давлатии Кӯлоб  ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ

                         

Февраль 2, 2025 11:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Коллеҷи тиббии шаҳри Ваҳдат дар мавзуи пешгирии ҳамроҳшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротгаро вохӯрӣ доир шуд
Дар Палатаи ҳисоб оид ба сиёсати ҳуқуқии давлат дар самти пешгирӣ ва муқовимат ба экстремизм ва терроризм машварат доир шуд
БАРОИ АЗ БАНДИ ХУРОФОТ РАҲО ШУДАН ЧӢ БОЯД КАРД? Андешаи чанд нафар намояндагони касбу кори гуногун дар ин мавзуъ
Чӣ бояд кард, то шахс ба доми хатарбори ҳизбу созмонҳои террористӣ ва ифротгароӣ наафтад?
Тоҷикистон даҳсолаҳо боз дар сафи пеши муқовимат бо терроризми байналмилалӣ қарор дорад
НАДОНИСТАНИ ҚОНУН ҶАВОБГАРИРО ИСТИСНО НАМЕКУНАД! Ахбороти Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳизбу ҳаракатҳо ва ташкилотҳои террористӣ-экстремистие, ки фаъолияташон дар Тоҷикистон манъ карда шудааст
Дар ҳошияи мулоқоти Президенти Тоҷикистон бо фаъолон, намояндагони ҷомеа ва ходимони дин дар шаҳри Норак вохӯрӣ доир гардид
Дар минтақаи Кӯлоб оид ба ҳифзи арзишҳои миллӣ ва пешгирии хурофотпарастӣ ҷаласа доир гардид
ИФРОТГАРОӢ-РОҲ БА СӮИ НОУМЕДӢ. Насли ҷавони тоҷик бояд тамоми кӯшишу ғайраташро ба донишомӯзию ободкорӣ равона намояд
САБАБИ ГАРАВИДАНИ ҶАВОНОН БА ГУРӮҲҲОИ ТЕРРОРИСТИВУ ЭКСТРЕМИСТӢ ДАР ЧИСТ? Андешаҳо доир ба роҳҳои пешгирии ин зуҳуроти номатлуб
ИФРОТГАРОӢ-ЗУҲУРОТИ НОМАТЛУБ. Бояд ба тарбияи дурусти ҷавонон таваҷҷуҳи хосса зоҳир намуд
ТАШАККУЛИ МАКТАБИ ЗЕҲНГАРОЁНАИ ИДОРАКУНӢ ДАР СИЁСАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН. Мулоҳизаҳои докторони илми фалсафа Хайриддин Усмонзода ва Саидмурод Фаттоҳзода