Дар «Кохи афсарон» бахшида ба 32-солагии таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
ДУШАНБЕ, 19.02.2025 /АМИТ «Ховар»/. Дар «Кохи афсарон»-и Вазорати мудофиаи Тоҷикистон ба муносибати 32-солагии таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии тантанавӣ баргузор шуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати мудофиаи Тоҷикистон хабар медиҳад.
«Боиси ифтихору сарфарозӣ аст, ки дар даврони Истиқлолияти давлатӣ обрӯю эътибори Артиши миллӣ дар байни аҳолӣ, бахусус ҷавонон афзун гашта, мардуми мамлакат хизматҳои шабонарӯзии афсарону аскарони Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистонро қадр мекунанд ва аз муҳофизони Ватани хеш ифтихор менамоянд, ки ин албатта, шоёни таҳсин аст. Чунки низомиёни мамлакат ҳанӯз аз рӯзҳои аввали таъсиси Артиши миллӣ дар таҳким бахшидани сохти кониститутсионӣ дар мамлакат, ҳимояи ҳама дастоварду музаффарияти истиқлолият, пойдории сулҳу субот, таъмини ҳаёти осоиштаи мардуми Тоҷикистон ва баланд бардоштани иқтидори мудофиавии мамлакат саҳми арзанда гузоштаанд»,-гуфта шуд дар ҳамоиш.
Таъкид гардид, ки ҷавонон бояд бо азми дил барои пойдории сулҳу оромӣ ва истиқлолу озодӣ дар сафи Артиши миллӣ хизмат намоянд, зеро Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дастоварди муҳими замони соҳибистиқлолии мамлакат буда, омили асосии нигаҳдории давлатдории миллӣ маҳсуб мешаванд.
Ба хотири хизмати содиқонаю софдилона ва ҳифзи арзишҳои миллию давлатӣ, ҳамзамон бахшида ба таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон роҳбарият ва бархе афсарону сарбозони Вазорати мудофиа бо медали «Шуҷоат ва ҷавонмардӣ» ва Сипосномаю туҳфаҳои Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш қадрдонӣ шуданд.
Дар фарҷом аз ҷониби ҳунармандони вазорат чорабинии фарҳангӣ-фароғатӣ доир гардида, сурудҳои ҳарбӣ-ватандӯстӣ пешниҳоди иштирокчиён шуданд.
АКС: Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон








Барои дарёфти «Ҷоми Вазири мудофиа» мусобиқаи тирпаронӣ баргузор шуд
Вазорати мудофиаи Тоҷикистон: «Ҳангоми таҳияи маводи таблиғотии низомӣ бо истифода аз «зеҳни сунъӣ» риояи оиннома ҳатмӣ аст»
Сабабҳои асосии рух додани садамаҳои нақлиётӣ кадомҳоянд? Ва ё чаро то ҳол ин вазъ нигаронкунанда боқӣ мемонад?
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Прокурори генералии Тоҷикистон аз паҳншавии моддаҳои психотропӣ, хусусан ҳабҳои синтетикӣ дар байни ҷавонон изҳори нигаронӣ намуд
Дар Конибодом оид ба даъвати баҳории ҷавонписарон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон ҷаласаи ситоди шаҳрӣ доир шуд
Ҷаласаи сайёри Комиссияи байниидоравӣ оид ба муқовимат ба савдои одамон доир шуд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Аз ҷониби мақомоти корҳои дохилӣ 111 гурӯҳи муташаккили ҷиноятӣ дастгир карда шуд
Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар вилояти Хатлон: «Бар зидди паҳншавии воситаҳои нашъадор якҷоя мубориза барем!»
Изҳороти Маркази матбуоти Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон
161 нафар муҳоҷирони экологӣ соли 2025 бо қитъаи замин ва кумаки яквақтаинаи моддӣ таъмин карда шуданд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар Тоҷикистон соли 2025 беш аз 200 ҳодисаи табиӣ ба амал омадааст






