Дар ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе беш 300 бех ниҳоли дарахтони ҳамешасабз шинонида шуд
ДУШАНБЕ, 09.02.2025 /АМИТ «Ховар»/. Кормандони Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе бо риояи анъанаҳои ниёгон беш аз 300 бех ниҳоли дарахтони ҳамешабз шинониданд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар ин кумита хабар доданд.
Ҳадаф аз иқдом саҳмгузорӣ дар сабзу хуррамгардонии пойтахт буда, зимни шинонидани дарахтон масъулин ба нигоҳубини он муваззаф шуданд.
Бояд гуфт, ки моҳи январи имсол аз ҷониби кормандони Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ дар ҳудуди пойтахт беш аз 2000 бех ниҳоли ҳамешасабз шинонида шуд.
Тавре Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар паёми шодбошӣ ба муносибати ҷашни Сада 1 феврал таъкид намуданд: «Ниёгони мо пас аз гузаронидани ҷашни Сада ба ниҳолшинонӣ ва ба тартиб овардани дарахту боғҳо машғул мешуданд».
АКС: Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон








Дар ниҳолхонаи шуъбаи ҳифзи муҳити зист дар шаҳри Турсунзода беш аз 12 ҳазор бех ниҳоли гуногун парвариш меёбад
Дар Тоҷикистон 556,5 гектар боғҳои нав бунёд карда шуданд
Дар Тоҷикистон то соли 2040 беш аз 2 миллиард дарахт шинонида мешавад
Эмомалӣ Раҳмон: «Дар Тоҷикистон дар доираи Барномаи давлатии сабзкорӣ то соли 2040 беш аз 1 миллиард бех дарахт шинонида мешавад»
ДАРАХТИ ДӮСТӢ БИНШОН. Ректорони донишгоҳҳои «сабз» беш аз 50 бех ниҳоли дарахти ҳамешасабз шинониданд
БАРНОМАИ КАБУДИЗОРКУНӢ. Дар мавзеи баландкӯҳи Вору зиёда аз 12 ҳазор бех ниҳол шинонида шуд
«КИШВАРИ САБЗ». Дар Мурғоб беш аз 3 ҳазор бех ниҳоли дарахтони сояафкан шинонида шуд
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар ҳудуди ёдгориҳои таърихии Тоҷикистон беш аз 7 ҳазор бех ниҳол шинонида шуд
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Дар фасли баҳор танаи дарахтонро бо маҳлули махсус сафед намоед
ИМРӮЗ — РӮЗИ ГУЛ ВА НИҲОЛШИНОНӢ. Пешвои миллат: «Барои наслҳои оянда ниҳол шинонем, боғ бунёд намоем!»
ДАРАХТ БИНШОН! Дар хатсайрҳои сайёҳии Панҷакент беш аз 200 бех ниҳол шинонида шуд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар ноҳияи Ёвон беш аз 400 бех ниҳоли арча шинонида шуд






