Дар шаҳраки академии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон зиёда аз 250 бех ниҳоли ҳамешасабз ва сояафкан шинонида шуд

Февраль 3, 2025 18:30

ДУШАНБЕ, 03.02.2025 /АМИТ «Ховар»/. 1 феврал дар шаҳраки академии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бо иштироки роҳбарият ва кормандони академия ҳашари ниҳолшинонӣ баргузор шуд.

Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба Академияи миллии илмҳо хабар медиҳад, дар ин ҳашар  дар заминҳои таълимию таҳқиқотӣ ва таҷрибавии муассисаҳои илмӣ зиёда аз 250 бех ниҳоли ҳамешасабз ва сояафкан шинонида шуд.

Ҳамзамон тамоми заминҳои таълимию таҳқиқотӣ ва таҷрибавии муассисаҳои илмӣ ҷуфтгардон шуда, бо мақсади омӯзиш ва таҳқиқоти илмӣ зироати гуногун кишт карда шуд.

АКС: Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон

Февраль 3, 2025 18:30

Хабарҳои дигари ин бахш

БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ КАБУДИЗОРКУНӢ. Дар Ҳисор ҷиҳати татбиқи он чӣ тадбирҳо андешида шудааст?
Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон зиёда аз 200 гектар ҷангалзор барқарор карда мешавад
Парвариши ниҳоли мевадиҳанда ва ороишӣ ба мавқеи ҷуғрофӣ вобаста аст
ДАРАХТ БИНШОН! Дар шафати роҳи мошингарди Шоҳамбарии шаҳри Ҳисор беш аз 3000 бех дарахти арча шинонида мешавад
ДАРАХТ БИНШОН! Дар талу теппаҳои шоҳроҳи Душанбе- Ваҳдат беш аз 42 ҳазор бех ниҳол шинонида мешавад
Дар Тоҷикистон ниҳолшинонӣ дар се марҳила гузаронида мешавад
ДАРАХТ БИНШОН. Дар кӯчаи Деҳотии шаҳри Душанбе беш аз 500 бех ниҳоли ороишии санавбар шинонида шуд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар шаҳри Душанбе зиёда аз 214 ҳазор бех дарахтони ороишию сояафкан шинонида мешаванд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ беш аз 30 ҳазор бех ниҳоли сояафкану ҳамешасабз шинонида мешавад
Дар хоҷагии ҷангали ноҳияи Ховалинг тақрибан 10 ҳазор бех ниҳоли санавбар шинонида шуд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар талу теппаҳои канори шоҳроҳи Душанбе-Рӯдакӣ-Ваҳдат садҳо бех ниҳолҳои ҳамешасабз шинонида шуданд
Дар ноҳияи Мастчоҳ зиёда аз 20 ҳазор бех ниҳол шинонида шуд