ДАР ТОҶИКИСТОН БО КАДОМ РОҲ ЗАМИНҲОИ КОРАМРО ЗИЁД МЕГАРДОНАНД? Мутахассисони соҳа ин мавзуъро шарҳ медиҳанд

Февраль 23, 2025 16:00

ДУШАНБЕ, 23.02.2025. /АМИТ «Ховар»/. Яке аз дастуру супоришҳои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ аз 28 декабри соли 2024, ин азхудкунии заминҳои нави кишоварзӣ бо назардошти афзоиши аҳолии мамлакат мебошад. Масъулин соҳа бо кадом роҳ заминҳои нави кишоварзиро аз худ мекунанд? Хабарнигори АМИТ «Ховар» дар ин мавзуъ бо коршиносон ва масъулини соҳа ҳамсуҳбат гардид.

Тавре директори Агентии беҳдошти замин ва обёрӣ Зафарбек Давлатзода иброз дошт, соли 2025 нақша дорем, ки 3 ҳазору 254 гектар заминро азхуд намуда, аз он 1400 гектарро ба гардиши кишоварзӣ ворид намоем.

«Ҳамчунин тибқи «Барномаи давлатии азхудкунии заминҳои нави обёришаванда ва барқарорсозии заминҳои аз гардиши кишоварзӣ берунмонда дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2022-2027» нақша дорем, ки 11 ҳазору 300 гектар заминро азхуд намоем, ки имрӯз 122 фоизи барнома иҷро гардидааст», — афзуд ӯ.

Ҳамсуҳбати мо илова кард, ки имсол азхуднамоии заминҳои нав идома дошта, нақшаи он дар минтақаҳои мамлакат чунин аст: ноҳияи Рашт- 40 гектар, Лахш ва Нуробод- 100 гектар, Қубодиён- ҳазор гектар, Темурмалик- 400 гектар, Данғара- 1450 гектар ва Кӯҳистони Мастчоҳ- 80 гектар.

Сардори Раёсати растанипарварии Вазорати кишоварзӣ Баҳодур Назаров иброз намуд, ки дар мамлакат 861 ҳазор гектар замини кишоварзӣ мавҷуд аст. Дар он вобаста ба талаботи бозори истеъмолӣ навъҳои гуногуни маҳсулоти кишоварзӣ кишт мешаванд. Вазорати кишоварзии Тоҷикистон нақша дорад, ки майдони замини корамро ба 1,5 миллион гектар расонад.

— Дар ҷумҳурӣ имкони зиёд намудани заминҳои кишт мавҷуд аст. Заминҳои кишт аз ҳисоби заминҳои аз гардиши кишоварзӣ берунмонда тавассути обмонӣ зиёд карда мешаванд. Тибқи барномаҳое, ки аз ҷониби Ҳукумати Тоҷикистон татбиқ мегарданд, ҳар сол майдони заминҳои кишт зиёд карда мешавад. Яке аз омилҳои асосии афзоиши истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ- ин самаранок истифода бурдани заминҳои таъйиноти кишоварзӣ ба шумор меравад,-гуфт ҳамсуҳбати мо.

Ба таъкиди Баҳодур Назаров, барои ба гардиши кишоварзӣ ворид намудани заминҳои бекорхобида ва истифодаи самараноки замин бояд истифодаи фонди замин дар хоҷагиҳои кишоварзӣ беҳтар шавад.

«Инчунин пешгирӣ намудани ҳолатҳои аз таъйиноти кишоварзӣ баромадани заминҳои корам ва ба замини корам табдил додани заминҳои берун аз кишоварзӣ истифодашаванда яке аз омилҳои дигари зиёд гардидани замини корам дар мамлакат мебошад», — афзуд ӯ.

«Дар ҷумҳурӣ 19 ҳазору 718 гектар заминҳои партов ва 4923 гектар заминҳои аз гардиши кишоварзӣ берунмонда мавҷуд ҳастанд, ки барои ба гардиши кишоварзӣ ворид намудани онҳо Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ дар якҷоягӣ бо вазорату идораҳои дахлдор чораҷӯӣ менамояд. Соли 2024 1652 гектар замин, ки 1598 гектараш обӣ мебошад, ба гардиши кишоварзӣ ворид гардид», — иттилоъ дод раиси Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ Ориф Хоҷазода 6 феврали соли равон зимни нишасти матбуотӣ

Бояд гуфт, ки Ҳукумати ҷумҳурӣ барои баланд бардоштани некуаҳволии мардум ва расидан ба ҳадафи сеюми «Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» ба хотири таъмини амнияти озуқавории мамлакат ва дастрасии аҳолӣ ба ғизои хушсифат тадбир меандешад.

Тоҷикистон ҳамчун давлати кӯҳӣ дорои релефи ҷуғрофии мураккаб буда, бо сабаби мавҷуд набудани захираҳои кофии заминҳои барои кишоварзӣ мутобиқ аз роҳи экстенсивии рушди соҳаи кишоварзӣ маҳдуд мебошад. Вобаста ба ин, таъмини бехатарии озуқаворӣ тақозо менамояд, ки замин ва бахусус заминҳои корамро эҳтиёт намуда, ҳар қитъаи он самаранок истифода бурда шавад.

Устоди Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур Зикриёхон Ҳайдаров иброз намуд, ки қисмати асосии ҳосили растанӣ аз заминҳои обӣ ва қисмати ками ҳосил аз заминҳои лалмӣ ба даст меояд. Дар мамлакат даштҳои васеи истифоданашуда дорем, ки ба воситаи обёрӣ метавонем онҳоро ба гардиши кишоварзӣ ворид намоем.

«Як омили надонистани маданияти заминдорӣ дар мо ин аст, ки тибқи мушоҳида, дар баъзе минтақаҳо гармхонаҳоро дар заминҳои обӣ месозанд. Гармхона набояд дар замини обӣ бунёд гардад, зеро хоку обаш кашида буда, аз рӯйи меъёру талабот таъмин мешавад. Аз ин рӯ гармхонаҳоро дар заминҳои биёбонӣ ва нимбиёбонӣ бояд бунёд намоем. Дар ин ҳолат дар заминҳои обӣ бояд дигар навъи маҳсулоти кишоварзӣ кишт намуд. Агар ба шаҳри Хуҷанд сафар намоем, аз тарафи Истаравшан дашти калони Ашт намоён аст, ки дар он имконияти бунёди васеи гармхонаҳо мавҷуд мебошад»,-гуфт Зикриёхон Ҳайдаров.

Ҳамсуҳбати мо иброз дошт, ки омили дигари зиёд намудани заминҳои кишоварзӣ аз ҳисоби заминҳои лалмие мебошад, ки сатҳашон ҳамвор ва ё нимҳамвор аст. Дар заминҳое, ки сатҳашон ҳамвор аст, аз ҳисоби низоми обёрӣ, махсусан обёрии қатрагӣ бунёд кардани токзор ва дар қаторҳои он парвариши зироати растанигӣ низ имкон дорад. Сарчашмаи дигари зиёд кардани заминҳои кишоварзӣ минтақаҳои алафдарав ба воситаи кашида баровардани об мебошанд.

Дар Тоҷикистон имкони зиёд кардани замини кишоварзӣ мавҷуд мебошад. Агар дар ҷумҳурӣ заминҳои обёришаванда васеъ карда шаванд, ин омил боиси баланд бардоштани самаранокии истеҳсолоти кишоварзӣ ва афзоиши ҳосилнокии зироат мегардад. Инчунин дар ин раванд масъулини Агентии беҳдошти замин ва обёрӣ ва хоҷагиҳои кишоварзӣ вазифадор мегарданд, ки кишти зироатро танзим ва ҳолати мелиоративии заминҳои обёришавандаро хуб нигоҳдорӣ намоянд.

Ёдовар мешавем, ки дар давраи соҳибистиқлолӣ аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои баланд бардоштани самаранокии истифодаи захираҳои обу замин, аз ҷумла бунёду навсозии инфрасохтори обрасонӣ, азхудкунии заминҳои нав, беҳтар гардонидани ҳолати мелиоративии заминҳо ва дар заминҳои обёришаванда гузаронидани реҷаи кишти такрории зироат тадбирҳои пайваста андешида шуданд.

Дар натиҷа фаровонии маҳсулоти кишоварзӣ дар бозори истеъмолӣ ва сатҳи таъмини амнияти озуқавории мардуми мамлакат бамаротиб беҳтар гардид.

Фирӯза ДАВЛАТЗОДА,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Февраль 23, 2025 16:00

Хабарҳои дигари ин бахш

ЛОИҲАИ ҲАРАКАТИ OVOP. Он метавонад дар Тоҷикистон ба таъсиси ҷойи кор дар деҳоти дурдаст мусоидат намояд
Дар Тоҷикистон 61 фоизи заминҳо ба системаи биллингӣ ворид карда шудаанд
ҲИФЗИ ТАБИАТ. Барои пешгирии буриши худсаронаи дарахтон кадом тадбирҳо андешида мешаванд?
Тақвияти муносибатҳои тиҷоратии Тоҷикистон ва Покистон баррасӣ гардид
ИМРӮЗ — РӮЗИ ТАЪСИСИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲИ ТОҶИКИСТОН. Давлат бо Артиши миллӣ муқтадиру пойдор мемонад
СИПАҲСОЛОРИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ. Артиши миллӣ — артиши дар ибтидо пароканда ва номукаммале, ки имрӯз ба қувваи бузург ва ифтихори тоҷикон табдил ёфтааст
ҶОННИСОР, ШАБЗИНДАДОР ВА БОИСИ ИФТИХОР! Имрӯз Артиши миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон сипари боэътимоди давлат ва миллат аст
Дар Тоҷикистон ҳаҷми маблағи хизматрасонӣ барои нафақагирон сол то сол меафзояд
Дар Панҷакент вобаста ба истифодаи босамари замин ҷаласа баргузор шуд
Дар Душанбе ҳамкории Тоҷикистон ва Шоҳигарии Арабистони Саудӣ дар самти содирот баррасӣ шуд
Имконоти сайёҳии Тоҷикистон дар ҳамоиши байналмилалӣ дар Эрон муаррифӣ шуданд
Дар Душанбе масъалаи густариши ҳамкории иқтисодӣ ва тиҷоратӣ байни Тоҷикистон ва Эфиопия баррасӣ шуд