Дар Тоҷикистон Озмуни ҷумҳуриявии драманависон баргузор мегардад

Февраль 25, 2025 11:20
ДУШАНБЕ, 25.02.2025. /АМИТ «Ховар»/. Аз моҳи феврал то 1 сентябри соли 2025 дар ҷумҳурӣ ба ифтихори 35-солагии Истиқлоли давлатӣ аз ҷониби Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Озмуни ҷумҳуриявии драманависон баргузор мегардад.  Барои ғолиби ҷои якум – 10 ҳазор сомонӣ, ҷои дуюм – 8 ҳазор сомонӣ ва ҷои сеюм – 6 ҳазор сомонӣ муқаррар гардидааст. 

Тавре ба АМИТ «Ховар» аз маркази матбуоти Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд, озмун бо мақсади рушди драматургияи миллӣ, тарғиби дастовардҳои замони Истиқлоли давлатӣ, ваҳдату ягонагӣ, сулҳу субот, ватандӯстӣва созандагию ободонӣ баргузор мегардад.

Ҳамчунин озмун барои муаррифии анъанаҳои хуби таърихию фарҳангӣ, муқовимат ба коррупсия, терроризм ва дигар зуҳуроти номатлуби ҷаҳони муосир, таҳияи асарҳои баландмазмуни ватанӣ ва пурра гардидани репертуари театрҳои касбии мамлакат гузаронида мешавад.

Асарҳои озмунӣ дар се нусхаи чопи компютерӣ пешниҳод шуда‚ бояд мавзуъҳои муосири таҷассумгари дастовардҳои сиёсию иқтисодӣ ва иҷтимоию фарҳангии мамлакатро дар замони истиқлол дар бар гиранд. Инчунин асарҳои бо забони русӣ ва узбекӣ таълифшуда бояд тарҷумаи касбӣ дошта бошанд.

Февраль 25, 2025 11:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе маҳфили фарҳангии «Дидор» баргузор шуд
«TOJIKFILM.TV». Платформаи миллии синамоӣ ба фаъолият оғоз намуд
Дар Намоишгоҳи байналмилалии «Китоби Минск» гӯшаи Тоҷикистон ташкил гардид
Бахшида ба ҷашни Наврӯз дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон мусобиқаи шоҳмот баргузор гардид
Дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон Рӯзи дарҳои боз баргузор мешавад
Чеварони хушсалиқаи шаҳри Кӯлоб барои Осорхонаи миллӣ калонтарин гулдӯзии мунаққашро омода намуданд
Дар Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон намоиши «Баҳори Истиқлол» баргузор шуд
НАВРӮЗ — ҶАШНИ СУЛҲУ НАКУКОРӢ. Суратгузориши АМИТ «Ховар» аз иқдоми наврӯзӣ дар «Боғи ба номи Алишери Навоӣ»
Дар Бишкек Бозиҳои Делфии ҷавонони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай доир мегардад
Дар Хонаи китоби Тоҷикистон кафедраи китобхонашиносӣ ва библиографишиносӣ ифтитоҳ гардид
«АЗ НАВРӮЗ ТО НАВРӮЗ». Дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон намоиши анъанавӣ ифтитоҳ ёфт
Дар ноҳияи Данғара «Шаҳраки наврӯзӣ» ташкил карда шуд