Дарозтарин пул дар Осиёи Марказӣ дар болои дарёи Сурхоби Тоҷикистон бунёд карда мешавад

Февраль 25, 2025 17:40

ДУШАНБЕ, 25.02.2025 /АМИТ «Ховар»/. Дар болои дарёи Сурхоб дар ноҳияи Нуробод дарозтарин пул бо масофаи 920 метр сохта мешавад, ки дар минтақаи Осиёи Марказӣ назир надорад, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Дар ин замина байни Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ширкати «Жечианг коммуникейшн констракшэн групп ко ЛТД» -и Чин Созишномаи ҳамкорӣ оид ба сохтмони пули мошингузари дароз байни Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва филиали ширкати чиноии «Жечианг коммуникейшн констракшэн груп ко ЛТД» ба имзо расид.

Санад дар заминаи марҳилаи сеюми татбиқи Лоиҳаи бунёди роҳи мошингарди «Обигарм – Нуробод» ба имзо расида, онро Вазири нақлиёти Тоҷикистон Азим Иброҳим ва намояндаи ширкати чиноии «Жечианг коммуникейшн констракшэн групп ко ЛТД» Ли Минкун имзо намуданд.

Вазири нақлиёти Тоҷикистон гуфт, ки сохтмони ин пул барои иқтисодиёти Тоҷикистон аҳамияти муҳим дошта, бояд он бо сифати баланд ва дар муҳлати муайяншуда ба анҷом расонида шавад.

Тибқи созишнома, пул бояд дар муҳлати 4 сол бо назардошти меъёрҳои муосири роҳсозӣ ва бо иштироки мутахассисони ботаҷрибаи ватанию хориҷӣ сохта, ба истифода дода шавад.

Арзиши умумии татбиқи лоиҳа 427 555 518.63 юани чинӣ- муодил ба 59 миллиону 857 ҳазору 772,61 долллари амрикоӣ мебошад.

Гуфта шуд, ки пули мазкур бо дарозии 920 метр ва роҳҳои ба он васлшаванда дар маҷмуъ ба масофаи 1500 метр дар ноҳияи Нуробод, болои дарёи Сурхоб сохта мешавад.

Ин пул на танҳо дар мамлакат, балки дар Осиёи Миёна дарозтарин буда, дар асоси дастуру ҳидоятҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар заминаи татбиқи ҳадафи стратегии мамлакат- баромадан аз бунбасти коммуникатсионӣ ва ба давлати транзитӣ табдил додани Тоҷикистон бунёд мегардад.

Асосноккунии техникию иқтисодӣ ва омӯзиши намунаи пул аз ҷониби машваратчиёни ширкати муштараки кореягии «Донг Маёнг Инҷиниринг Компани», «Сенг инҷиниринг Компани» ва «Сусанг Инҷиниринг компани» дар ҳамкорӣ бо Корхонаи воҳиди давлатии «Пажуҳишгоҳи лоиҳакашии иншооти нақлиётӣ»-и Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба анҷом расонида шуд.

Намояндаи «Жечианг коммуникейшн констракшэн груп ко ЛТД» Ли Минкун иброз намуд, ки ин ширкат дар Тоҷикистон чанд сол боз фаъолият намуда, дар татбиқи лоиҳаҳои сохтмони роҳу пулҳо таҷрибаи калон дорад.

 

Маълумот оид ба СССС:

«Жечианг коммуникейшн констракшэн групп ко ЛТД» (ширкати сохтмони коммуникатсияҳои Чин; «Zhejiang Communications Construction Group Co Ltd», СССС) корпоратсияи давлатии Ҷумҳурии Мардумии Чин буда, ба сохтмони иншооти инфрасохтори нақлиётӣ тахассус дорад. СССС яке аз ширкатҳои пешсафи ҷаҳон дар соҳаи лоиҳакашӣ ва сохтмони бандарҳо, иншооти бандарӣ, чуқуркунӣ, лоиҳакашӣ ва бунёди амволи ғайриманқули истиқоматӣ ва тиҷоратӣ, роҳу пулҳо, аз ҷумла роҳи оҳан, метро, фурудгоҳҳо ва дигар иншооти инфрасохтори нақлиётӣ мебошад. Ширкат дар 139 кишвар, аз ҷумла дар Тоҷикистон намояндагӣ дорад.

Ширкат шумораи зиёди лоиҳаҳои бузургро дар Чин ва дигар кишварҳо, аз ҷумла оид ба лоиҳакашӣ, сохтмон ва таҷҳизонидани 7 бандар аз 10 бандари аз рӯи гардиши бор калонтарини ҷаҳон, лоиҳакашӣ ва сохтмони пулҳои тӯлонитарин дар ҷаҳон, шоҳроҳҳо, маҷмааҳои истиқоматӣ ва тиҷоратӣ амалӣ намудааст. Ин ширкат тӯлонитарин пули баҳрии Ханчжоу Бэйро дар Чин бо дарозии 36 км ва бузургтарин дар ҷаҳон дарвозаи оҳанинро барои бандари Антверпени Белгия бунёд намудааст.

АКС: Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Февраль 25, 2025 17:40

Хабарҳои дигари ин бахш

БАРНОМАИ КАБУДИРЗОРКУНӢ. Дар доираи ин барнома дар Тоҷикистон ҳудуди ду миллиард дарахт шинонида мешавад
ШАРШАРАҲОИ ЗЕБОИ БАЛҶУВОН. Табиати нотакрори ин минтақаро беш аз 45 ҳазор сайёҳон тамошо карданд
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ вазъи соҳаи роҳу нақлиёт ва таҳлили сатҳи рақамикунонии соҳа баррасӣ гардид
Пулҳои коғазии ҷашнӣ бо арзиши номиналии 100 сомонӣ ба муомилот бароварда шуд
Даромади буҷети давлатӣ барои соли 2026 дар ҳаҷми 65 миллиард сомонӣ пешбинӣ шудааст
РУШДИ САНОАТ. Дар Тоҷикистон ҳамасола зиёда аз 4,4 миллион тонна семент истеҳсол мегардад
Дар Душанбе дар мавзуи «Пули сомонӣ-рукни давлатдории миллӣ» конфронси илмӣ-назариявӣ баргузор шуд
Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ ҳамкориро дар соҳаи энергетика густариш медиҳанд
Иштироки Раиси Палатаи ҳисоб Ҷамшед Каримзода дар Конгресси XXV INTOSAI дар шаҳри Шарм-аш-Шайхи Миср
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. ҶСК «Ангишти Камароб» муассисаҳои буҷавии ноҳияҳои Рашту Тоҷикободро бо ангишти хушсифат таъмин намуд
ПУЛИ МИЛЛӢ – РАМЗИ ДАВЛАТДОРӢ. Имрӯз аз ба муомилот баровардани пули миллӣ — сомонӣ 25 сол сипарӣ шуд
Рӯзҳои наздик дар вилояти Хатлон нақшаи ҷамъоварӣ пахта пурра иҷро мегардад