Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода дар мулоқоти Вазири корҳои хориҷии Русия бо сафирони кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил иштирок кард

Февраль 4, 2025 11:09

ДУШАНБЕ, 04.02.2025 /АМИТ «Ховар»/. 3 феврал Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Русия Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода дар мулоқоти Вазири корҳои хориҷии Федератсияи Русия Сергей Лавров бо сафирони кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил иштирок намуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Сафорати Тоҷикистон дар Москва хабар медиҳад.

Дар ҷараёни мулоқот Вазири корҳои хориҷии Русия Сергей  Лавров самаранокии раёсати Федератсияи Русияро дар Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар соли 2024 ва дастгирии раёсати Тоҷикистон дар соли 2025 таъкид кард.

Зимни чорабинӣ фаъолияти муштарак дар соли 2024 дар қолаби  Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ҷамъбаст гардида, тадбирҳо барои  таҳкими минбаъдаи ҳамоҳангсозии сиёсати хориҷӣ, густариши ҳамкорӣ дар соҳаҳои иқтисодию тиҷоратӣ, фарҳангию гуманитарӣ, инчунин таъмини амнияти минтақавӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Ҳамзамон иштирокчиён оид ба масъалаҳои мубрами рӯзномаи минтақавӣ ва байналмилалӣ мубодилаи афкор карданд.

Дар вохӯрӣ Дабири кулли Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил Сергей Лебедев низ иштирок намуд.

АКС: Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Русия

Февраль 4, 2025 11:09

Хабарҳои дигари ин бахш

Сафири Тоҷикистон бо роҳбари Раёсати Осиё ва Уқёнуси Ороми Вазорати корҳои хориҷии Олмон мулоқот намуд
Қатъномаи СММ оид ба «Даҳсолаи байналмилалии таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда» дар Вена муаррифӣ гардид
Cафири нави Муғулистон дар Тоҷикистон нусхаи эътимоднома супорид
Дар Ашқобод доир ба аҳамияти қабули қатъномаи СММ оид ба Даҳсолаи байналмилалии таҳкими сулҳ нишасти матбуотӣ баргузор шуд
Сироҷиддин Муҳриддин бо Сафири Озарбойҷон дар Тоҷикистон мулоқот намуд
Дар Дакка машваратҳои сиёсии Тоҷикистон ва Бангладеш баргузор шуданд
Сафири Тоҷикистон дар Русия бо Дабири кулли Созмони байналмилалии забони русӣ мулоқот намуд
Ташаббуси байналмилалии Тоҷикистон барои таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда аҳамияти ҳуқуқӣ ва сиёсии хос дорад
Густариши ҳамкории Тоҷикистону Бангладеш дар соҳаҳои гуногун баррасӣ шуд
Натиҷаҳои Конфронси чоруми оби Душанбе дар ҷаласаи ЭСКАТО муаррифӣ гардиданд
Дар Сафорати Тоҷикистон дар Швейтсария Рӯзи Ваҳдати миллӣ таҷлил карда шуд
Тоҷикистон ва Қатар бахшида ба Соли байналмилалии маърифати ҳуқуқӣ дар Женева чорабинӣ баргузор намуданд