Гурӯҳи кории Ҳукумати Тоҷикистон бо вазъи соҳаи кишоварзӣ дар ноҳияи Деваштич шинос гардид
ДУШАНБЕ, 21.02.2025. /АМИТ «Ховар»/. 19 феврал аъзои гурӯҳи кории Ҳукумати мамлакат таҳти роҳбарии муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Сулаймон Зиёзода доир ба истифодаи самараноки замин, баланд бардоштани ҳосилнокӣ ва таъмини аҳолӣ бо маҳсулоти кишоварзии худӣ дар ноҳияи Деваштич вохӯрӣ доир намуданд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.
Зимни мулоқот ба таваҷҷуҳи масъулин расонида шуд, ки дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро, ки дар Паём ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва маҷлиси васеи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон (17 январи соли равон) баён доштанд, сари вақт иҷро намоянд.
Гурӯҳи кории Ҳукумати мамлакат таҳти роҳбарии муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷамоати деҳоти Ваҳдат бо захираи тухмии картошка ва обёрӣ намудани заминҳои лалмӣ шинос шуд.
Аъзои гурӯҳ дар Ҷамоати деҳоти Муҷун дар ҳашари дарахтшинонӣ ва дар Ҷамоати деҳоти Яхтан дар кишти картошкаи барвақтӣ иштирок намуданд.
Дар вохӯрӣ Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қурбон Ҳакимзода иброз намуд, ки ноҳияи Деваштич дорои имконоти васеъ буда, масъулинро зарур аст, ки барои иҷрои нақшаҳои гузошта фаъолиятро тақвият бахшанд. Зеро дар доираи дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва лоиҳаҳои амалкунанда минбаъд низ хоҷагиҳо барои таъминот бо тухмии хушсифат ва техникаҳои кишоварзӣ дастгирӣ меёбанд.
АКС: Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон








35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Восеъ сохтмони иншооти таъйиноти гуногун идома дорад
Дар Душанбе натиҷаҳои COP30 ва раванди такмилсозии NDC 3.0-и Тоҷикистон баррасӣ гардид
«ТОП – 35 ШАРИКИ БОЭЪТИМОДИ СОЛ». Ба муносибати 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ озмун баргузор мегардад
Дар ноҳияи Деваштич Маркази ҷумҳуриявии инноватсия ва технологияҳо дар соҳаи картошкапарварӣ таъсис дода мешавад
Бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон корҳои фаҳмондадиҳӣ доир гардид
ИМРӮЗ-РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИМОЯИ ҲУҚУҚИ ИСТЕЪМОЛКУНАНДАГОН. Зиёда аз 86 тонна маҳсулоти бесифати бозорҳои истеъмолӣ нобуд карда шуд
Байни ширкати ҳавопаймоии хусусии «Shohin Airlines» ва Бунёди сармоягузории аврупоӣ Созишномаи сармоягузорӣ ба имзо расид
Ҷаласаи Гурӯҳи кории байниидоравӣ оид ба мониторинг ва арзёбии ҳуҷҷатҳои банақшагирии стратегӣ доир гардид
Дар Вашингтон дурнамои ҳамкории Тоҷикистон бо Бонки ҷаҳонӣ дар самти рушди инфрасохтори роҳу нақлиёт баррасӣ шуд
Тоҷикистон ҳамкориро бо Барномаи ҷаҳонии озуқаворӣ дар самти устувории иқлимӣ тақвият медиҳад
То соли 2030 ҳаҷми савдо байни Тоҷикистон ва Қазоқистон ба 2 миллиард доллар расонида мешавад
Тоҷикистон ба таҷрибаи бузургтарин оператори бозори неруи барқи Аврупо — Nord Pool мароқ зоҳир намуд






