НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Чаро дар шаҳри Норак ҳамасола ниҳолҳои шинонидашуда хушк мегарданд?

Февраль 6, 2025 18:00

НОРАК, 06.02.2025. /АМИТ «Ховар»/. Дар як қисми заминҳои Хоҷагии ҷангали шаҳри Норак, ки аз теппаҳои баланд  иборат буда, дар атрофи  маркази шаҳри Норак ҷойгир мебошанд, ҳамасола ҳазорҳо бех дарахтони гуногун  шинонида мешаванд, вале аз беаҳамиятии масъулини соҳа ва нигоҳубин накардан ин ниҳолу дарахтон пурра хушк мегарданд ё дар натиҷаи сӯхтор аз байн мераванд.

5 феврал зимни нишасти матбуотӣ дар шаҳри Норак хабарнигори АМИТ «Ховар» аз директори Хоҷагии ҷангали  шаҳри Норак Идилло Шарипов  сабаби хушкидани ҳазорон бех дарахтонро пурсон шуд. Роҳбари  ин муассиса тасдиқ намуд, ки ин мушкилӣ ҷой дорад. «Мо барои бартараф кардани ин мушкилӣ имсол дар баландии талу теппаҳо зарфи обгирии  25-тоннагӣ насб кардем. Кӯшиш менамоем, ки ба ин восита  13 ҳазор ниҳоли соли равон шинонидаро сабзонем ва дар ин мавзеъҳо пеши роҳи сӯхторро гирем».

Ҳамчунин зимни нишасти матбуотӣ масъулини шаҳри Норак вобаста ба таъмин намудани зиёда аз 400 нафар кӯдакони дар навбати кӯдакистонҳо истода ва иҷро намудани дастуру супоришҳои Президенти Тоҷикистон барои бунёди муассисаҳои томактабӣ  иброз доштанд, ки Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Норак вобаста ба ин масъала нақшаи  чорабиниҳо таҳия намудааст. Дар оянда аз ҳисоби навсозию барқароркунии муассисаҳои томактабии аз даврони собиқ боқимонда, ки дар айни замон дар тавозуни дигар сохторҳо мебошанд ва бо бунёд намудани кӯдакистонҳои хусусӣ кӯдакони шаҳри Норакро бо муассисаҳои томактабӣ таъмин ва ба таълиму тарбияи дуруст фаро мегиранд.

Ёдовар мешавем, ки 28 декабри соли 2024 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паём ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба масъалаи маориф, вазъи таҳсил дар мактабҳо ва тарбия дар муассисаҳои томактабӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуданд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъкид намуданд, ки «бо вуҷуди корҳои то имрӯз дар соҳаи маориф амалигардида ба Ҳукумати мамлакат, Вазорати маориф ва илм ва роҳбарони мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ супориш дода мешавад, ки бо назардошти афзоиши аҳолӣ ва зиёд гардидани шумораи кӯдакону наврасон тадбирҳои мушаххас андешанд. Яъне, дар панҷ соли оянда бо истифода аз ҳама сарчашмаҳои маблағгузорӣ ва бо назардошти ҳадафи гузошта барои фарогирии 50 фоизи кӯдакони синну соли томактабӣ бунёди 800 муассисаи таҳсилоти томактабӣ ва беш аз 1000 муассисаи таҳсилоти умумиро таъмин намоянд».

«Роҳбарони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо дар панҷ соли оянда бо назардошти афзоиши аҳолӣ барои дар ҳар маҳалли аҳолинишин, ки 100 оила зиндагӣ мекунад, барои ҳатман бунёд кардани як муассисаи томактабӣ тадбирҳои зарурӣ андешанд», — дастуру супориш  доданд Президенти Тоҷикистон.

Субҳониддини МАҲМУД,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Февраль 6, 2025 18:00

Хабарҳои дигари ин бахш

ДАРАХТ БИНШОН! Дар хатсайрҳои сайёҳии Панҷакент беш аз 200 бех ниҳол шинонида шуд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар ноҳияи Ёвон беш аз 400 бех ниҳоли арча шинонида шуд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар минтақаи Рашт беш аз 5 000 ниҳоли дарахтони ҳамешасабз ва ороишӣ шинонида шуд
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо ҳолати сабзиши дарахтон дар боғу токзори шаҳри Ҳисор шинос гардид
Дар маҳаллаҳои Бӯстон ва Шукуҳии пойтахт 2500 бех ниҳолҳои ҳамешасабз ва мевадиҳанда шинонида шуданд
«ТОҶИКИСТОНРО БА КИШВАРИ САБЗ ТАБДИЛ МЕДИҲЕМ!» Дар Лучоб 7 ҳазор бех ниҳоли дарахтони ҳамешасабзу ороишӣ шинонида шуд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар Турсунзода 120 дарахти ороишии Фатония шинонида шуд
«КИШВАРИ САБЗ». Дар шаҳри Исфара 1200 бех ниҳол шинонида шуд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар шоҳроҳи байналмилалии Хуҷанд-Чанок 500 бех ниҳоли санавбар шинонида шуд
Дар Душанбе бо иштироки намояндагони 27 давлат маъракаи ниҳолшинонӣ баргузор шуд
«КИШВАРИ САБЗ». Дар шафати роҳи мошингарди Конибодом –Хуҷанд 2700 бех ниҳол шинонида мешавад
Энергетикҳо дар маҳаллаи Лучоби Боло 1500 бех ниҳоли дарахтони мевадиҳанда шинониданд