Оид ба мониторинги ҳуқуқҳои кӯдак тренинги омӯзишӣ баргузор шуд
ДУШАНБЕ, 19.02.2025 /АМИТ «Ховар»/. Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Хазинаи кӯдакони Созмони Милали Муттаҳид (ЮНИСЕФ) барои кормандони вазорату идораҳои давлатӣ ва мутахассисони соҳа оид ба мониторинги ҳуқуқҳои кӯдакон тренинги омӯзишӣ баргузор намуд.
Тавре аз Академияи идоракунии давлатӣ ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, тренинг бо мақсади беҳтар намудани механизмҳои ҳимояи ҳуқуқҳои кӯдакон, таҳияи ҳисоботи миллӣ, байналмилалӣ ва истифодаи усулҳои муосири ба натиҷа асосёфта ташкил шуда, мутахассисон бо истифода аз усулҳои пешрафтаи таълимӣ ба иштирокчиён малакаҳои мукаммали мониторинг ва таҳлилро дар заминаи ҳуқуқҳои кӯдакон пешниҳод намуданд.
Дар ҷараёни тренинг иштироки мутахассисон дар таҳия ва татбиқи ҳисоботи миллӣ ва байналмилалӣ ба таври муассир арзёбӣ гардид. Ин имкони истифодаи роҳҳои самаранок ва устувор барои ҳифзи ҳуқуқҳои кӯдаконро фароҳам меорад.
Ташкилкунандагони тренинг таъкид намуданд, ки баргузор намудани чунин машғулияти таълимӣ марҳилаи муҳими рушд дар соҳаи ҳифзи ҳуқуқҳои кӯдакон аст, ки бо аҳамияти истифодаи усулҳои ба натиҷа асосёфта ва такмили ҳадафҳои рушди устувор пайваст мебошад.
Намояндагони академия ва Хазинаи кӯдакон изҳор доштанд, ки минбаъд низ дар соҳаи омӯзиш ва таҳияи стратегияҳои пешрафта барои ҳифзи ҳуқуқҳои кӯдакон ҳамкории мутақобили судманд тақвият дода мешавад.
АКС: Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон








«БАҲОРИ МАЪРИФАТ: МОДАР, ҚАЛАМ ВА НАВРӮЗ».Таҳти ин унвон дар Душанбе ҳамоиши идона доир шуд
Дар Донишгоҳи техникии Тоҷикистон оид ба таҳсилоти муҳандисӣ ва технологияҳои рақамӣ конфронс баргузор шуд
Донишгоҳи технологии Тоҷикистон бо панҷ муассисаи таҳсилоти олии Узбекистон созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расонид
Байни Донишгоҳи давлатии Бохтар ва се донишгоҳи Узбекистон созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Байни Институти илмию таҳқиқотии сайёҳӣ ва соҳибкорӣ ва Донишкадаи соҳибкорӣ ва педагогии Деҳнави Узбекистон санади ҳамкорӣ ба имзо расид
ТАЪТИЛИ БАҲОРӢ. Хонандагони муассисаҳои таълимии Тоҷикистон чанд рӯз истироҳат мекунанд?
Густариши ҳамкории Тоҷикистон ва Узбекистон дар соҳаи маориф ва илм баррасӣ гардид
Ректорони муассисаҳои таҳсилотии Узбекистон бо зарфияти таълимӣ ва илмии Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон шинос шуданд
Форуми ректорони муассисаҳои таҳсилоти олии Тоҷикистон ва Узбекистон баргузор шуд
Имрӯз Форуми сеюми ректорони муассисаҳои таҳсилоти олии Тоҷикистон ва Узбекистон баргузор мегардад
Даври якуми Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» то 19 март идома меёбад
Дар Академияи идоракунии давлатӣ даври муассисавии Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» оғоз гардид






