«PAKISTAN TRAVEL MART 2025». Имконоти сайёҳии Тоҷикистон дар Покистон муаррифӣ гардид

Февраль 3, 2025 09:42

ДУШАНБЕ, 03.02.2025 /АМИТ «Ховар»/. Аз 31 январ то 2 феврали соли равон имконоти сайёҳии Ҷумҳурии  Тоҷикистон дар Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии «Pakistan Travel Mart 2025» дар шаҳри Қарочии Ҷумҳурии Исломии Покистон муаррифӣ карда шуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Дар намоишгоҳ гӯшаи сайёҳӣ вобаста ба муаррифии зарфияти сайёҳии Тоҷикистон ташкил гардида, таомҳои миллӣ ва рақсу сурудҳои тоҷикӣ пешниҳод шуданд.

Дар доираи намоишгоҳ дар мавзуи «Муайян кардани самтҳои афзалиятноки сайёҳӣ барои ояндаи устувор» форум доир шуд, ки дар он Раиси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамшед Ҷумъахонзода сухан гуфт.

Раиси Кумитаи рушди сайёҳӣ Ҷамшед Ҷумъахонзода бо Вазири фарҳанг, сайёҳӣ ва мероси қадимии музофоти Синди Ҷумҳурии Исломии Покистон Саид Зулфиқор Алӣ Шаҳ вохӯрӣ ва масъалаи ҷалби сайёҳон ба ҳарду давлатро баррасӣ намуданд.

Ҳамчунин бо мақсади муаррифии бештари маконҳои сайёҳии Тоҷикистон ва ҷалби ҷаҳонгардон байни ширкатҳои   ватанӣ ва ширкатҳои покистонӣ вохӯрӣ доир шуд.

Ёдовар мешавем, ки дар ин намоишгоҳи байналмилалӣ 250 ҳазор нафар аз 45 давлати ҷаҳон иштирок намуданд.

АКС: Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Февраль 3, 2025 09:42

Хабарҳои дигари ин бахш

Агентии «Тоҷикстандарт»: «Аз марҳилаи муайяни тамғаи «Нутрилон» ва «Малютка» истифода набаред!»
САЙЁҲИИ МОҲИДОРӢ. Тоҷикистон бо захираҳои обӣ барои рушди сайёҳии моҳидорӣ имконияти зиёд дорад
Тсзоу Ҷиайи: «Бонки Осиёии Сармоягузориҳои Инфрасохторӣ барномаҳои миллӣ ва минтақавии рушди Тоҷикистонро дастгирӣ менамояд»
Дурнамои ҳамкории Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо дар соҳаҳои сармоягузорӣ ва иқтисод баррасӣ гардид
Татбиқи лоиҳаи «Азнавпайвастшавӣ ба низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ» баррасӣ гардид
Ҷаласаи якуми Шурои байниҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон баргузор шуд
Дар ҷаласаи Шуро оид ба шарикии давлат ва бахши хусусӣ чор лоиҳаи нав ба маблағи 82,5 миллион сомонӣ баррасӣ шуд
Дар Тоҷикистон хизматрасонии интернети моҳворавии Starlink расман оғоз гардид
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Ба буҷети давлатӣ аз ҳисоби бақияи қарзи андозҳо беш аз 2 миллиард сомонӣ ворид карда шуд
Соли 2025 дороиҳои «Амонатбонк» 11 миллиард сомонӣ ва уҳдадориҳояш 9,9 миллиард сомониро ташкил дод
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Соли 2025 ҳаҷми маҷмуи маҳсулоти дохилӣ ба 176,9 миллиард сомонӣ баробар гардид
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия 924,4 миллион сомонӣ зарари молиявӣ ошкор намуд