Роҳбарияти Донишгоҳи байналмилалии сайëҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон дар Биржаи байналмилалии сайёҳии Милан-2025 иштирок намуд

Февраль 10, 2025 18:00

ДУШАНБЕ, 10.02.2025 /АМИТ «Ховар»/. Намояндагони Донишгоҳи байналмилалии сайëҳӣ ва соҳибкории  Тоҷикистон таҳти роҳбарии ректори муассиса Убайдулло Асрорзода дар ҳайати намояндагони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Биржаи байналмилалии сайёҳӣ (Borsa Internazionale del Turismo — 2025, Rho Fiera Milano) дар шаҳри Милани Италия иштирок намуданд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз  Донишгоҳи байналмилалии сайëҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон иттилоъ доданд.

Дар ҷараёни тамошои гӯшаи сайёҳии Тоҷикистон бо иштироки намояндаи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва масъулини ширкатҳои сайёҳии мамлакат мулоқоти судманд анҷом дода шуд.

Дар доираи биржа мулоқоти роҳбарияти донишгоҳ бо намояндагони муассисаҳои таълимӣ ва ширкатҳои самти сайёҳию хизматрасонӣ доир шуд. Зимни мулоқот масъалаҳои муҳими таҳкими ҳамкорӣ дар самтҳои муҳими фаъолияти муассисаҳо баррасӣ гардиданд.

Ҳамзамон дар доираи ин сафар бо ширкатҳои маъруфи ҷаҳонии самти сайёҳӣ ва меҳмондорӣ мулоқоти судманд анҷом дода шуд. Дар ҷараёни гуфтушунид ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки дар доираи санадҳои меъёрии ҳуқуқии дутарафа донишҷӯёнро аз рӯйи ихтисосу самтҳои дахлдор ба таҷрибаомӯзӣ ва таҷрибаивазкунӣ, ҳамзамон минбаъд ба кор фаро гиранд.

Дар доираи иштирок дар биржа вохӯриҳои раёсати Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон бо намояндагони муассисаҳои таълимии шаҳри Милан ба нақша гирифта шудаанд.

АКС: Донишгоҳи байналмилалии сайëҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон

Февраль 10, 2025 18:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Форуми дуюми байналмилалии сармоягузории Озарбойҷон имконоти сармоягузории Тоҷикистон муаррифӣ карда шуд
Ҷалби сармояи Британияи Кабир ба соҳаҳои афзалиятноки иқтисоди Тоҷикистон баррасӣ гардид
Дар ҷаласаи Шуро оид ба авиатсия ва истифодаи фазои ҳавоӣ рушди ҳамкории байнидавлатӣ дар соҳаи авиатсияи гражданӣ баррасӣ шуд
Дар Урумчӣ масъалаҳои тавсеаи ҳамкории тиҷоратию иқтисодии Тоҷикистон ва Синзян баррасӣ шуданд
Дар Душанбе масъалаҳои идоракунии муосири таваккал дар фаъолияти гумрукӣ баррасӣ шуданд
Масоили табодули таҷриба ва омӯзиши мутахассисони тоҷик дар озмоишгоҳҳои Институти байтории Италия баррасӣ гардид
Байни мақомоти гумруки Тоҷикистон ва Русия Протокол ба имзо расонида шуд
Дар Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии Душанбе – 2026 зиёда аз 115 ширкату ташкилот иштирок доранд
Дар Минск масъалаҳои рушди ҳамкории геологӣ дар доираи ИДМ баррасӣ гардиданд
Дар вилояти Суғд ҳар сол қариб дар 35 ҳазор гектар кишти такрорӣ гузаронида мешавад
Густариши робитаҳои мустақими соҳибкорӣ байни Тоҷикистон ва Эрон баррасӣ гардид
Рушди робитаҳои тиҷоратию сармоягузории бахши хусусӣ байни Тоҷикистон ва Чин баррасӣ карда шуд