«САД РАНГИ ЧАКАН». Даври ноҳиявии фестивали ҷумҳуриявӣ дар «Хуррамшаҳр»-и ноҳияи Данғара доир шуд

Февраль 21, 2025 12:00

ДАНҒАРА, 21.02.2025. /АМИТ «Ховар»/. 20 феврал бо ибтикори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Данғара дар Боғи фарҳангӣ-фароғатии «Хуррамшаҳр» даври ноҳиявии Фестивали ҷумҳуриявии «Сад ранги чакан» баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Данғара иттилоъ доданд.

Дар даври ноҳиявии Фестивали ҷумҳуриявии «Сад ранги чакан» дар ноҳияи Данғара намоиши либосҳои қадимии чакан, либосҳои кӯдакона, либосҳои рӯзмарра, либосҳои маросимию идона ва расмӣ пешниҳод шуданд.

Дар анҷоми ҳамоиш барномаи омоданамудаи ҳунармандони ноҳия пешниҳоди тамошобинон гардонида шуд.

Бояд гуфт, ки Фестивали ҷумҳуриявии «Сад ранги чакан» ҳамасола бо мақсади баланд бардоштани эҳсоси ватандӯстию хештаншиносӣ, ифтихори миллӣ, арҷ гузоштан ба таъриху тамаддун, фарҳанг ва баланд бардоштани мақому манзалати либоси миллӣ баргузор мегардад.

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Данғара

Февраль 21, 2025 12:00

Хабарҳои дигари ин бахш

«МАРДИ АРСАИ ҲУНАР». Таҳти чунин унвон оид ба фаъолияти Сафармуҳаммад Айюбӣ китоб ба нашр расид
Дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон беш аз 2 ҳазор дастнависи нодир нигоҳдорӣ мешавад
Даври якуми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон-Ватани азизи ман» оғоз гардид
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Занону духтарони Осорхонаи миллӣ аз пӯшидани либоси миллӣ ифтихор менамоянд
Ҷашни Наврӯз дар ноҳияи Мурғоб бо расму ойинҳои хос таҷлил карда шуд
Кормандони Осорхонаи миллии Тоҷикистон Наврӯзи байналмилалиро сарҷамъона таҷлил намуданд
Дар Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷашни байналмилалии Наврӯз таҷлил гардид
Дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд даври якуми Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар ҳудуди ёдгориҳои таърихии Тоҷикистон беш аз 7 ҳазор бех ниҳол шинонида шуд
Дар Театри давлатии опера ва балети пойтахт намоиш-фурӯши китоб оғоз шуд
Дар Хатлон Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасон» баргузор гардид
«ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ». Дар Душанбе Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон» оғоз шуд