«ҲУНАРМАНДИ ХАЛҚӢ». Навраси тоҷик дар озмуни эҷодиёти умумирусиягӣ ғолиб гардид

Февраль 17, 2025 11:27

ДУШАНБЕ, 17.02.2025. /АМИТ «Ховар»/. Навраси тоҷик дар озмуни эҷодиёти умумирусиягӣ, ки таҳти унвони «Ҳунарманди халқӣ» баргузор гардид, ғолиб дониста шуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Маркази кӯдакон ва наврасони шаҳри Душанбе  хабар доданд.

Озмун дар шаҳри Москваи Федератсияи Русия баргузор гардида, дар он таълимгирандаи маҳфили «Рақс»–и Маркази кӯдакон ва наврасони шаҳри Душанбе Зебинисо Исмоилова дар номинатсияи «Хореография» лауреати дараҷаи якум гардид.

Дар озмун кӯдакону наврасон ва ҳунармандони калонсол аз Федератсияи Русия ва кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил  иштирок намуданд.

Бояд гуфт, ки навраси тоҷик Зебонисо Исмоилова дар чандин озмуни ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ иштирок намуда, сазовори ҷойҳои намоён гардидааст.

Ёдовар мешавем, ки Зебонисо Исмоилова дар Фестивал-озмуни байналмилалии «Art Silk Way» низ, ки моҳи марти соли 2024 дар шаҳри Самарқанди Ҷумҳурии Узбекистон баргузор шуда буд, аз рӯйи ду номинатсия сазовори ҷойи 1-ум гардид.

АКС аз бойгонии Маркази кӯдакон ва наврасони шаҳри Душанбе

Февраль 17, 2025 11:27

Хабарҳои дигари ин бахш

Байни Академияи идоракунии давлатии Тоҷикистон ва Донишгоҳи технологии Ланҷоу Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
157 довталаб аз шаҳри Душанбе ба даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм – фурӯғи маърифат» роҳхат гирифтанд
ТАШАББУСИ ТОҶИКИСТОН ДАР РУШДИ ЗЕҲНИ СУНЪИИ БЕХАТАР ДАР АРСАИ ҶАҲОНӢ. Мулоҳизаҳо дар ин маврид
Доир ба масоили муҳими соҳаи нақлиёт ва инфрасохтори роҳҳо конференсияи байналмилалӣ баргузор шуд
ФАРДОИ ТОҶИКИСТОН ИМРӮЗ ДАР МАКТАБ АСТ. Андешаҳо дар ҳошияи суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Рӯзи дониш
Зиёда аз 40 ҳазор нафар ҷавонони Тоҷикистон дар муассисаҳои таҳсилоти олии қариб 50 кишвари ҷаҳон илму дониш ва касбҳои муосир меомӯзанд
Масоили омода намудани мутахассисон дар дохил ва хориҷи Тоҷикистон баррасӣ шуд
350 нафар донишҷӯёни тоҷик дар Ҷумҳурии Корея таҳсил менамоянд
Ёддошти тафоҳум байни Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати маорифи Ҷумҳурии Корея ба имзо расид
Байни Тоҷикистон ва Корея Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ оид ба барқарорсозии рақамии ҷангалҳо ва амалиёти иқлимӣ ба имзо расид
Барои рушди соҳаи маорифи ноҳияҳои водии Рашт дар 20 соли охир беш аз 2,1 миллиард сомонӣ равона шудааст
Бо иштироки 602 нафар довталаб даври шаҳрии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» оғоз гардид