Вазорати нақлиёти Тоҷикистон: «Ба ронандагон тавсия дода мешавад, ки бе зарурати шадид бо роҳҳои кӯҳӣ ба сафар набароянд»
ДУШАНБЕ, 06.03.2025 /АМИТ «Ховар»/. Тибқи иттилои Агентии обуҳавошиносӣ, дар ноҳияҳои наздикӯҳӣ ва кӯҳии вилояти Суғд, ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, дар роҳи мошингарди «Душанбе-Хуҷанд-Чанок» (дар километрҳои 62-74) ва дар ғарби Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон рӯзҳои оянда низ хатари фаромадани тарма боқӣ мемонад.