Бахшида ба Соли фарҳанги китобхонӣ дар вилояти Хатлон китоби «Наврӯзномаи Хатлон» ба табъ расид
ДУШАНБЕ, 27.03.2025. /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба Соли фарҳанги китобхонӣ дар вилояти Хатлон дар арафаи Ҷашни байналмилалии Наврӯз китоби «Наврӯзномаи Хатлон» аз чоп баромад. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз идораи рӯзномаи «Хатлон» хабар доданд.
Китоб бо ибтикори аҳли эҷоди рӯзномаи «Хатлон» таҳия гардида, таърихи пурғановати ҷашни Наврӯз, ҷанбаҳои маънавию фарҳангии он ва нақши ин ойини бостониро дар ҳаёти иҷтимоии мардум инъикос менамояд.
Маҷмуа мақолаҳои таҳлилӣ, очерку лавҳаҳои публитсистӣ, осори бадеӣ ва маълумоти таърихиро дар бар гирифта, ба хонандагон оид ба ҷаҳонбинии васеъ дар бораи Наврӯз, суннатҳои дерина ва хосиятҳои Наврӯзи Хатлонзамин маълумот медиҳад.
Дар пешгуфтори маҷмуа Раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид иброз доштааст, ки «Наврӯзи фархунда, ки соли нави аҷдодии мо маҳсуб мешавад, оғози марҳилаи нави таҳаввули азим дар ҳаёти иҷтимоию иқтисодии Тоҷикистон мебошад, ки бо ин дар роҳи татбиқи ҳадафҳои стратегии мамлакат қадамҳои устувор гузошта мешаванд. Боиси ифтихор аст, ки мардуми заҳматқарину ватандӯсти Хатлонзамин бо азму талоши пайваста дар рушди устувори мамлакат, ободонии сарзамини аҷдодӣ ва беҳбуди рӯзгор саҳми назаррас мегузоранд. Имрӯз бо ташаббуси роҳбарияти олии мамлакат дар вилояти Хатлон садҳо иншооти муҳим бунёд мегарданд, инфрасохтори шаҳру деҳот рушд меёбад ва сатҳи зиндагии мардум беҳтар мешавад. Ҳамаи ин талошҳо ба ояндаи дурахшони давлату миллатамон нигаронида шудаанд».
Бояд гуфт, ки «Наврӯзномаи Хатлон» барои муҳаққиқон, рӯзноманигорон, донишҷӯён ва ҳамаи дӯстдорони фарҳангу тамаддуни миллӣ манфиатовар мебошад.
АКС: Идораи рӯзномаи «Хатлон»








Маҷмуаи ашъори «Каманди зулф»-и Шоири халқии Тоҷикистон дар нашриёти «Орван»-и Теҳрон ба табъ расид
Бахшида ба 115-солагии Қаҳрамони Тоҷикистон Мирзо Турсунзода конференсияи ҷумҳуриявӣ баргузор мегардад
Намоиши ҷашнии «Тасвири шуҷоат ва мардонагии фарзандони тоҷик дар нигораҳои Осорхонаи миллӣ» ифтитоҳ шуд
Озмоишгоҳи энергетикаи гидрогенӣ сохта мешавад
21 ФЕВРАЛ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ЗАБОНИ МОДАРӢ. Тоҷикистон баробарҳуқуқии забонҳоро эътироф менамояд
ТАРАННУМИ ИШҚ ДАР АШЪОРИ РОБИАИ БАЛХӢ. Дар Донишкадаи байналмилалии Левакант ҳамоиш доир шуд
Оид ба Хутали қадим чун пойгоҳи зуҳури забони тоҷикӣ ва тамаддуни бостонии минтақаи Осиёи Марказӣ ҳамоиш доир шуд
Эҳдо ба Пешвои миллат
Дар ноҳияи Нуробод намоиш-фурӯши китобҳои тозанашр доир гардид
Конференсияи илмию амалии ҷумҳуриявӣ ба мавзуи «Истиқлол, забонҳои модарӣ ва арҷгузорӣ ба онҳо» бахшида шуд
«ЯК МАТОВУ САД РАНГ». Фестивал-озмун имкон медиҳад, ки арзишҳои фарҳанги миллӣ ҳифз ва тарғиб карда шаванд






