Байни Тоҷикистон ва Русия оид ба таъсиси Парки саноатӣ дар Тоҷикистон созишнома ба имзо расид
ДУШАНБЕ, 18.03.2025 /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи ҳамкории саноатӣ Русия тасмим гирифтааст, ки дар Тоҷикистон Парки саноатӣ таъсис диҳад. Дар ин робита байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Русия дар бораи таъсиси Парки саноатӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳузури Сарони давлатҳо- Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Федератсияи Русия муҳтарам Владимир Путин созишнома табодул карда шуд.
Ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд, ки ин санад бо назардошти мавҷудияти иқтидори назарраси рушд ва баланд бардоштани самаранокии ҳамкории дуҷониба дар соҳаи саноат, беҳтар намудани имконияти сармоягузорӣ ва фароҳам овардани шароити мусоид барои рушди ҳамкории саноатӣ ва сармоягузорӣ байни субъектҳои хоҷагидории ҳарду давлат табодул гардидааст.
Созишнома амалигардонии лоиҳаи сармоягузориро аз ҷониби сармоягузор танзим намуда, ҳуқуқ ва уҳдадориҳои Тарафҳо, инчунин сармоягузорро барои амалинамоии тарҳи сармоягузорӣ муайян менамояд.








Байни ширкати ҳавопаймоии хусусии «Shohin Airlines» ва Бунёди сармоягузории аврупоӣ Созишномаи сармоягузорӣ ба имзо расид
Ҷаласаи Гурӯҳи кории байниидоравӣ оид ба мониторинг ва арзёбии ҳуҷҷатҳои банақшагирии стратегӣ доир гардид
Дар Вашингтон дурнамои ҳамкории Тоҷикистон бо Бонки ҷаҳонӣ дар самти рушди инфрасохтори роҳу нақлиёт баррасӣ шуд
Тоҷикистон ҳамкориро бо Барномаи ҷаҳонии озуқаворӣ дар самти устувории иқлимӣ тақвият медиҳад
То соли 2030 ҳаҷми савдо байни Тоҷикистон ва Қазоқистон ба 2 миллиард доллар расонида мешавад
Тоҷикистон ба таҷрибаи бузургтарин оператори бозори неруи барқи Аврупо — Nord Pool мароқ зоҳир намуд
Дар Бохтар таҳти роҳбарии муовини Сарвазири Тоҷикистон Усмоналӣ Усмонзода ҷаласаи гурӯҳи корӣ доир шуд
Хизматрасонии техникии зеристгоҳҳои конвертории тарҳи «CASA-1000» дар Тоҷикистон ва Покистон соли 2028 ба анҷом мерасад
Дар Конфронси байналмилалии «Таҳаввулоти нақлиёт-2026» рушди инфрасохтори долонҳои нақлиётӣ баррасӣ шуд
Дурнамои нишондиҳандаҳои рушди иқтисодию иҷтимоии вилояти Суғд ва минтақаи Рашт муаррифӣ карда шуд
Бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии ҳифзи пиряхҳо ва ташаббусҳои ҷаҳонии Тоҷикистон дар соҳаи обу иқлим ва ҳифзи пиряхҳо конфронси миллӣ баргузор шуд
Байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ Ёддошти тафоҳум ба имзо расид






