Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи Модар барномаи пуршукуҳи фарҳангӣ баргузор шуд

Март 6, 2025 18:00

ДУШАНБЕ, 06.03.2025. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз бахшида ба Рӯзи Модар дар Кохи «Суруш»-и пойтахт барномаи бошукӯҳи фарҳангӣ доир гардид. Дар он фаъолзанон, кормандони сохторҳои гуногуни ҷумҳуриявию шаҳрӣ иштирок намуданд, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар».

Дар ҳамоиши идона муовини якуми Раиси шаҳри Душанбе Бахтиёр Шарифзода паёми табрикии Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалиро бахшида ба Рӯзи Модар расонида, занону духтаронро бо ин санаи муборак таҳният гуфт.

Таъкид гардид, ки Рӯзи Модар дар феҳристи рӯзҳои иди Ҷумҳурии Тоҷикистон аҳамият ва мақоми хосса дорад. Шинохти мақому манзалати зан-модари тоҷик — ин шинохти миллат аст. Ҳамин аст, ки Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон занонро «ойинаи чеҳранамои миллат» унвон намудаанд.

«Тақвияти мавқеи занон дар ҷомеа ва боз ҳам баланд бардоштани сатҳи иштироки онҳо дар фаъолияти мақомоти давлатӣ, фароҳам овардани шароит барои донишомӯзӣ ва касбомӯзии занону духтарон ва ба шуғли доимӣ фаро гирифтани онҳо, такмили механизмҳои таъмини дастрасии занон ба захираҳои иқтисодӣ ва рушди соҳибкории занон тавассути ҷудо намудани қарзҳои имтиёзнок ва грантҳои давлатӣ аз ҳадафҳои асосии давлату Ҳукумати Тоҷикистон маҳсуб мешавад”,-иброз гардид дар ҳамоиш.

Ёдрас гардид, ки занону духтарон ҳамчун сокинони пойтахт иқдомҳои созандаи шаҳрдориро ҳамеша дастгириву ҷонибдорӣ мекунанд ва дар амалӣ сохтани корҳои ободонию созандагӣ дар шаҳр, махсусан тозаву озода нигоҳ доштани муҳити шаҳр нақши беандоза доранд.

Дар фарҷом ба хотири фароғати иштирокдорон дастагули мусиқии иборат аз суруду таронаҳои дилангез дар васфи зан-модар бо иштироки устодони санъат ва ҳунармандони ҷавон пешкаши ҳозирин гардонида шуд.

АКС: АМИТ «Ховар»

Март 6, 2025 18:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Ба муносибати Рӯзи пойтахт хатсайри сайёҳии «Сайри шомгоҳии Душанбе» ташкил карда мешавад
Рустами Эмомалӣ: «Бо ташаббуси Пешвои миллат таҳқиқ ва омӯзиши тамаддуни ориёӣ ба сатҳи нави илмӣ бароварда шуд»
Бахшида ба Рӯзи пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон намоиши аксҳои Душанбе оғоз ёфт
ПОЙТАХТ – ОИНАИ ДАВЛАТДОРӢ. Ба Рӯзи пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон — шаҳри Душанбе бахшида мешавад
Раиси шаҳри Душанбе меҳмонхонаи «Аммар»-ро мавриди истифода қарор доданд
Рустами Эмомалӣ бо Ненад Лалович мулоқот намуданд
Дар шаҳри Душанбе Ниммарафони XVI байналмилалӣ баргузор мегардад
«DUSHANBE GRAND SLAM 2026». Аз 1 то 3 май дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба ҷудо доир мешавад
Дар Душанбе Ситод оид ба назорати истеҳсол ва сари вақт харидани либосҳои мактабӣ таъсис дода шуд
«ЗЕБИ ЧАКАНУ АТЛАС, ЗЕБОСАНАМИ ТОҶИК». Бо мақсади муаррифии либоси миллӣ дар пойтахт иқдом амалӣ мешавад
Дар Душанбе рӯзҳои фарҳанги вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои кишвар баргузор мегарданд
РӮЗИ ДАЪВАТШАВАНДА. Дар Душанбе бахшида ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш доир шуд