Дар рӯзҳои таҷлили Наврӯз дар тамоми шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон бозиҳои миллии варзишӣ баргузор мешаванд
ДУШАНБЕ, 21.03.2025. /АМИТ «Ховар»/. Дар рӯзҳои таҷлили ҷашни Наврӯз дар тамоми шаҳру ноҳияҳои мамлакат расму оин ва бозиҳои миллӣ баргузор карда мешаванд. Аз ҷумла, бозиҳои миллии варзишии камонварӣ, тезхӯрак, чормағзбозӣ, гӯштини миллӣ, гӯштингирӣ, тухмҷангак, шамшербозӣ, астарбозӣ, лаклакбозӣ, фалахмон, хурӯсҷанг, кабкҷанг, пиёдакашак, чавгонбозӣ, миру вазир, буҷулбозӣ ва дигар бозиҳо доир мешаванд.
Ҳадаф аз баргузории бозиҳои миллии варзишӣ- эҳё намудани бозиҳои қадимии тоҷикон ва ба ин восита муаррифӣ намудани фарҳанг, тамаддун ва таърихи халқи тоҷик дар арсаи байналмилалӣ, тарбия намудани наврасону ҷавонон дар руҳияи худшиносию худогоҳӣ ва эҳтиром гузоштан ба арзишҳои миллӣ мебошад.
Гӯштини миллӣ
Гӯштини миллии тоҷикӣ яке аз варзишҳои маъмул дар байни мардуми тоҷик ба ҳисоб меравад. Гӯштингирӣ ё гӯштин аз калимаи тоҷикии «куштӣ» гирифта шудааст, ки маънои камарбандро дорад. Дар замони Зардушт ҳам камарбанди зардуштиёнро куштӣ меномиданд. Решаи пайдоиши ин калима аз куштигирӣ ё камарбандгирӣ (аз миёни якдигар гирифта, қувваозмоӣ кардан) бармеояд.
Дар айёми Наврӯз мусобиқаи маъмултарин гӯштингирӣ ба ҳисоб меравад. Дар ҳамаи деҳаю шаҳрак ва шаҳрҳои калон мусобиқоти наврӯзии гӯштингирӣ баргузор мегарданд.
Тибқи қоида, паҳлавонони саросари ҷумҳурӣ ба Наврӯз омодагӣ мегиранд.
Дар маъракаи наврӯзӣ қаҳрамон шудан маънии бузург дорад ва то Наврӯзи оянда номи паҳлавони пирӯз вирди забонҳо боқӣ мемонад.
Аспдавонӣ
Мусобиқаи аспдавонӣ ба масофаҳои гуногун сабқате аст, ки қувват ва давандагии аспро месанҷанд. Дар Осиёи Марказӣ, аз ҷумла дар Тоҷикистон пойга аз қадимулайём маълум ва машҳур аст. Чобуксавороне, ки дар пойга иштирок менамоянд, бо ишора ба сӯи марра асп медавонанд. Ғолибон мукофотонида мешаванд.
Пойга асосан дар рӯзҳои ид ва тӯй, дар ҷойҳои ҳамвор гузаронида мешавад, дар теппа ва бораҳои атроф хайма ва чодарҳои рангоранг зада, таомҳои ҳархела мепазанд. Дар пойга асосан ҷавононе иштирок менамоянд, ки аз хурдсолӣ аспсавориро омӯхтаанд.
Пойга чанд хел мешавад:
Пойгаи ҳамворӣ дар ҷойҳои ҳамвор, дар пайраҳаҳои ипподром ба масофаи 1000 — 4000 метр;
Пойгаи маҳдуд аз рӯи қоида дар пайраҳаҳое, ки саддҳои осонгузар доранд, ба масофаи 2000 — 3000 метр; дар пайраҳаҳое, ки саддҳои мушкилгузар доранд, ба масофаи 4000-7000 метр;
Пойга-кроссҳо дар ҷойҳои пасту баланд ба масофаи 3000-8000 метр ва ишораи аспакӣ (шикор бо саг) ба масофаи то 35 км гузаронида мешаванд.
Чавгонбозӣ
Яке аз бозиҳои қадимии тоҷикон- ин чавгонбозӣ мебошад, ки навъе аз варзиши қадимаи ориёиҳо аст. Дар аввал чавгонбозӣ бо асп доир шуда, варзишгарон савори асп ба майдон мебаромаданд ва ин намуди варзиш хоси шоҳон ва шоҳзодагон буд. Баъдтар ин бозӣ дар рӯи хок ва дар рӯи майса низ гузаронида мешуд.
Ин намуди варзиш бештар дар идҳои Наврӯз, Меҳргон ва ҷашнҳои арӯсию хатнасур зуд-зуд баргузор мешуд.
Бозии мазкур аслан дар мамлакати мо пайдо шуда, бозии миллии тоҷикон маҳсуб мешавад.
Муҳаққиқ Якуб Абрамов соли 1955 дар китоби худ “Чавгон” менависад, ки он бозии миллии тоҷикон аст. Аммо то имрӯз ин бозӣ танҳо дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон боқӣ монду халос.
Лаклакбозӣ ё бодпарак
Бодпарак навъи бозиест, ки аз ашёи чоркунҷа ё аниқтараш аз фанер (тахтаи нафис) ва шохаҳои най сохта мешавад.
Парвози он хеле баланд буда, ҳатто дар нуқтаи авҷаш ба чашми одӣ ноаён мегардад ва таҳти таъсири бод садои баланди дилнавозе мебарорад.
Лаклак шакли секунҷа дорад ва дар сохтани он аз коғазу пластик истифода мебаранд.
Дар ресмони лаклаки асосӣ боз чанд лаклаки дигарро ҳамроҳ менамоянд ва вақте ки онро ба ҳаво сар медиҳанд, гумон мекунӣ, ки селаи турнаҳо ба парвоз даромадаанду бо худ Наврӯзи ҷаҳонафрӯзро меоваранд.
Камонварӣ
Асбоби асосии ин навъи варзиш камон мебошад, ки онро аз чӯби хамидаи абрӯшакл ва зеҳ месозанд. Чӯби хамидаро аз дарахтони зарбед, бед, санҷид ё газ сохта, ду нӯги онро бо устухон ё филизоти ранга оро медоданд. Зеҳи камонро аз ресмони абрешим ё рӯдаи ҳайвонҳои хонагӣ месохтанд.
Дар байни тоҷикон ду намуди камонварӣ маъмул буд: камонварии пиёда ва камонварии савора. Шахсоне, ки ба камонварии пиёда машғул буданд, аз камони бузургтар истифода бурда, ҳангоми тирандозӣ зонуи худро ба замин такя дода, тирро ба нишон мерасониданд. Тири камонварони пиёда дарозтар буд.
Камонварони моҳир аз масофаи 200 қадам ба ҳадафе, ки баробари чашми гов буд, бехато тирро мерасониданд. Камони саворагон хурдтар ва сабуктар буд. Онҳо камондони махсус доштанд, ки дар зини асп овехта, дар он тиру камонро нигоҳ медоштанд.
Зарангези ЛАТИФ,
АМИТ «Ховар»
АКС аз манбаъҳои боз








Дар ҷумҳурӣ «Стратегияи миллии мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлими Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» татбиқ мегардад
ҒИЗОИ СОЛИМ. Ба беморони гирифтори камхунӣ истеъмоли гелос фоида дорад
Дар Ёвон гулгашти фарҳангию фароғатӣ бо муҷассамаи «Рамзи футбол» ба истифода дода шуд
ҲУҚУҚИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ОБ, ДИПЛОМАТИЯИ ОБ ВА «ЧАҲОРЧӮБИ ДУШАНБЕ» ДАР МАРҲАЛАИ НАВ. Дар ҳошияи суханронии Пешвои миллат дар Конфронси байналмилалии об
Болот Молдобеков: «Ташаббусҳои Президенти Тоҷикистон дар бораи оби тоза, ҳифзи пиряхҳо ва иқлим боиси таҳсин аст»
Дар деҳаи ба номи Иброҳим Бозорови шаҳри Турсунзода бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии футбол майдони варзишии «Ҳумо Арена» ифтитоҳ ёфт
Бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии футбол Фестивали бошукуҳи футбол баргузор гардид
Дар Душанбе Варзишгоҳи миллӣ ба истифода дода мешавад
25 МАЙ — РӮЗИ КОРМАНДОНИ СОҲАИ СТАНДАРТИЗАТСИЯ ВА МЕТРОЛОГИЯ. 80 фоизи савдои ҷаҳонӣ аз стандартҳо вобаста аст
Эмомалӣ Раҳмон: «Футбол имрӯз на танҳо як намуди варзиш, балки омили муҳими таҳкими дӯстӣ, ҳамдигарфаҳмӣ ва ҳамбастагии халқҳо гардидааст»
Дар шаҳри Оснабрюки Олмон бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии футбол мусобиқа баргузор гардид
25 МАЙ — РӮЗИ ҶАҲОНИИ ФУТБОЛ. Дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ Фестивали футбол доир мегардад






