Дар Тоҷикистон шабакаи ягонаи назорати рақамии вазни мошинҳои боркаш таъсис дода мешавад

Март 11, 2025 17:30

ДУШАНБЕ, 11.03.2025 /АМИТ «Ховар»/. Муассисаи давлатии «Маркази татбиқи лоиҳаи таҷдиди роҳи автомобилгарди «Душанбе – Чанок» дар яке аз қитъаҳои роҳи автомобилгарди дорои аҳамияти байналмилалии «Душанбе- Кӯлоб-Кулма» нуқтаи боркашониро бо таҷҳизоти вазнченкунии динамикии муосир муҷаҳҳаз гардонид, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати нақлиёти Тоҷикистон.

Нуқтаи боркашонӣ дар километри 190+300-и ин шоҳроҳ, дар қитъаи воқеъ дар ноҳияи Шамсиддини Шоҳини вилояти Хатлон ҷойгир буда, бо ҷалби сармояи хориҷӣ бо таҷҳизоти вазнченкунии динамикии муосири истеҳсоли Чин ZCS-30 (SCS/ZCS) муҷаҳҳаз гардонида шудааст. Он ба шабакаи назорати рақамии Корхонаи воҳиди давлатии «Маркази рақамикунонии соҳаи нақлиёт»-и Вазорати нақлиёт пайваст гардид. Низоми нави вазнченкунӣ бо сенсорҳои рақамӣ имкон медиҳад, ки вазни воситаи нақлиёт ҳангоми ҳаракати он чен карда шавад ва ягон мошини боркаш бе назорат намонад.

Гуфта мешавад, ки дар шашмоҳаи дуюми соли 2024 дар нуқтаҳои боркашонии воқеъ дар километри 15-уми роҳи автомобилгарди «Душанбе-Ваҳдат-Лахш» (ноҳияи Файзобод), километри 56-уми роҳи автомобилгарди «Душанбе — Кӯлоб — Кулма» (шаҳри Норак), километри 80+300-уми роҳи автомобилгарди «Душанбе-Бохтар» (мавзеи Қизилқалъаи ноҳияи Хуросон) таҷҳизоти вазнченкунии муосири ZCS-30 насбу васл карда шуданд.

Тибқи нақшаи Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёти Вазорати нақлиёти ҷумҳурӣ, соли 2025 дар нуқтаҳои боркашонӣ дар ду даромадгоҳи шаҳри Душанбе (яке аз самти «Бохтар–Душанбе», дигаре аз самти «Турсунзода – Душанбе»), инчунин дар километи 92-юми роҳи «Конибодом–Деҳмой» (мавзеи Шаббода), километри 33,600-уми роҳи «Душанбе – Кулма» (шаҳри Ваҳдат), километри 22-юми роҳи «Душанбе-Турсунзода» (шаҳри Ҳисор), километри 12-уми роҳи «Душанбе — ноҳияи Рӯдакӣ – Ёвон» (мавзеи Султонобод) ва километри 322+5-уми роҳи «Душанбе – Чанок» (шаҳри Истиқлол) таҷҳизоти вазнченкунии муосири ZCS-30 насбу васл карда мешаванд.

Ҳамин тариқ, дар ҷумҳурӣ шабакаи ягонаи назорати рақамии вазни мошинҳои боркаш таъсис дода мешавад. Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёт дар ҳамкорӣ бо ширкатҳои мобилӣ ҳамаи тарозуҳои мобилӣ ва динамикию статсионарии ченкунии вазни воситаҳои нақлиёти боркашро дар 30 нуқтаи боркашонии мамлакат тавассути интернет ба ин шабака интиқол медиҳад.

Масъалаи таъсиси шабакаи ягонаи рақамии назорати ҳаракати мошинҳои боркаш дар роҳҳои автомобилгарди ҷумҳуриро қаблан Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паём ба Маҷлиси Олӣ соли 2023 супориш дода буданд.

АКС: Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Март 11, 2025 17:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Тоҷикистон ва Қирғизистон тасмим гирифтаанд, ки ҳаҷми савдоро то ба 500 миллион доллар расонанд
Пагоҳ дар Душанбе нахустин Форуми байналмилалии нассоҷӣ оғоз меёбад
Дар 5 моҳи соли 2025 гардиши савдои мутақобила байни Тоҷикистон ва Қирғизистон 6,1 миллион долларро ташкил дод
Агентии Ҷопон оид ба ҳамкории байналмилалӣ дар Душанбе зеристгоҳи нави барқии 220 кВ месозад
НАЗАРИ КОРШИНОС. Дар муқоиса ба соли 1991 истеҳсоли неруи барқ дар Бадахшон 4,7 баробар зиёд гардидааст
Барои рушди соҳаи занбуриасалпарварӣ дар Тоҷикистон тадбирҳои иловагӣ андешида мешаванд
Дар Тоҷикистон наздикӣ 1000 адад гармхонаҳои доимамалкунанда фаъолият мекунанд
Бонки аврупоии таҷдид ва рушд омодагии худро ҷиҳати татбиқи лоиҳаҳои нав дар вилояти Суғд баён дошт
Бонки миллии Тоҷикистон бо IFSB омодасозии кадрҳои баландихтисос дар соҳаи бонкдориро баррасӣ намуданд
Дар корхонаи муштараки «Зарафшон» 3000 нафар сокинони маҳаллӣ фаъолият менамоянд
Гардиши савдои хориҷии Тоҷикистон бо Швейтсария 49,8 миллион долларро ташкил дод
Дар Хоруғ Форуми байналмилалии сармоягузории «Помиринвест -2025» баргузор мешавад