Доир ба ҳифзи пиряхҳо ва таъмини амнияти обӣ ҳамоиш баргузор шуд

Март 20, 2025 16:20

ДУШАНБЕ, 20.03.2025. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар шаҳри Душанбе бахшида ба Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо (соли 2025) ва 21 март — Рӯзи байналмилалии ҳифзи пиряхҳо таҳти унвони «Ҳифзи пиряхҳо- асоси таъмини амнияти обӣ, озуқаворӣ, энергетикӣ ва экологӣ» конференсияи илмӣ — амалӣ баргузор гардид.

Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд, ҳамоиш дар ҳамкорӣ  бо Институти масъалаҳои об, гидроэнергетика ва экологияи  Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон доир шуд.

Дар конфронс олимону муҳаққиқони самти пиряхшиносӣ ва ҳифзи муҳити зист аз дохил ва хориҷи мамлакат доир ба ҳалли мушкилоти глобалии сайёра, тағйирёбии иқлим, обшавии пиряхҳо ва норасоии оби ошомиданӣ сухан гуфтанд.

Иброз гардид, ки Тоҷикистон таҳти роҳбарии Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар арсаи байналмилалӣ ҳамчун давлати ташаббускор, пешоҳанг ва таъсиргузор дар масъалаҳои марбут ба обу иқлим эътироф гардидааст. Қабул гардидани қарори Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид оид ба эълони соли 2025- Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо ва 21 март Рӯзи ҷаҳонии пиряхҳо ин нуктаро бори дигар тасдиқ намуд.

Аҳамияти пиряхҳо дар таъмини ҳаёти инсоният ва экосистемаҳо ниҳоят бузург аст, зеро онҳо яке аз сарчашмаҳои асосии оби ошомиданӣ ва манбаи устувори муҳити зист ба ҳисоб мераванд. Боиси нигаронӣ аст, ки дар даҳсолаҳои охир бинобар таъсири тағйирёбии иқлим обшавии босуръати пиряхҳо ба мушоҳида мерасад, ки ин метавонад боиси камбуди об, тағйироти ҷиддии экологӣ ва таназзули иқтисодию иҷтимоии минтақаҳои гуногуни ҷаҳон гардад.

АКС: Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Март 20, 2025 16:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар қароргоҳи ЮНЕСКО оид ба омодагӣ ба Конфронси байналмилалии оби Душанбе нишасти матбуотӣ доир шуд
Ташаббуси Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба қабули қатъномаи Иҷлосияи 82-юми Комиссияи иқтисодӣ ва иҷтимоии СММ барои Осиё ва Уқёнуси Ором дар Бангкок
ҲИФЗИ ПИРЯХҲО. Баланд бардоштани маърифати экологии аҳолӣ дар ҳалли ин масъала нақши муҳим дорад
Раҳмон Исломиддин: «Ташаббусҳои Тоҷикистон оид ба обу иқлим ба ҳалли мушкилоти аҳли башар мусоидат менамоянд»
ТАШАББУСҲОИ ТОҶИКИСТОН. Ҳифзи пиряхҳо барои амният, шукуфоӣ ва адолат муҳим аст
Дар Конфронси чоруми байналмилалии сатҳи баланд дар Душанбе ҳайати бонуфуз аз Миср иштирок менамояд
РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Дар Сеул нишасти матбуотӣ оид ба Конфронси чоруми байналмилалии сатҳи баланд доир шуд
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи ҳафтуми мақомоти ҳифзи муҳити зисти давлатҳои аъзои СҲШ дар Бишкек иштирок намуд
­Аз минбари СММ то «Раванди оби Душанбе»: таъсири ташаббусҳои Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон
БОҶАЙЁМ — МУЖДАРАСОНИ НАВРӮЗ. Дар Бадахшон дар ин давра дар тараддуди ҷашнгирии Иди Наврӯз мешуданд
Доир ба мушкилоти тағйирёбии иқлим, сабабҳо, пайомад ва усулҳои мутобиқшавӣ ба он китоб ба нашр расид
РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Тоҷикистон барои пешбурди рӯзномаи ҷаҳонии об тамоми кӯшишро ба харҷ медиҳад