Фестивали ҷумҳуриявии «Сад ранги чакан» тарроҳону ҳунармандони шаҳру ноҳияҳои мамлакатро дар Душанбе ҷамъ овард

Март 5, 2025 17:00

ДУШАНБЕ, 05.03.2025. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Муассисаи давлатии «Филармонияи давлатии Тоҷикистон ба номи Акашариф Ҷӯраев» бахшида ба Рӯзи Модар ва арҷгузорӣ ба таъриху тамаддун, фарҳанг, расму ойинҳои миллӣ бо иштироки тарроҳону ҳунармандони шаҳру ноҳияҳои мамлакат Фестивали ҷумҳуриявии «Сад ранги чакан» ҷамъбаст гардид.

Тавре мухбири АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, дар оғози фестивал иштирокдорон намоишгоҳи ҳунарҳои чакандӯзӣ, сӯзанидӯзӣ, попурдӯзиро, ки аз ҷониби ҳунармандон шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ташкил гардида буд, тамошо намуданд.

Зимни ифтитоҳ муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Дилрабо Мансурӣ иброз дошт, ки «баргузории Фестивали ҷумҳуриявии «Сад ранги чакан» ва намоиш-фурӯши чакан ва маҳсулоти заргарӣ яке аз тадбирҳои муҳим ҷиҳати гиромидошти арзишҳои асили фарҳанги миллӣ мебошад. Он ба тарғибу ташвиқи либоси миллӣ, баланд бардоштани мақому манзалати нақшу нигор, сӯзанидӯзиву гулдӯзии матоъҳои миллӣ, намоиш ва муаррифии ҳунари волои тарроҳону ҳунармандони ватанӣ равона гардидааст. Итминони комил дорем, ки ҳунармандони асили миллат бо мақсади эҳёи ҳунару суннат ва расму оинҳои аз байнрафта саҳми назаррас мегузоранд».

«Бо дастгириҳои пайвастаи давлату Ҳукумати мамлакат бахшида ба «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» (2019-2021) дар вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ корхонаҳои хурду бузурги саноатию истеҳсолӣ, марказҳои ҳунармандию чакандӯзӣ ва коргоҳҳои дӯзандагӣ мавриди истифода қарор гирифтанд. Таъсиси ин марказу коргоҳҳо ба рушди фаъолияти ҳунармандону чакандӯзон, гулдӯзону сӯзанидӯзон, ҷомадӯзону тоқидӯзон ва намудҳои дигари ҳунармандӣ заминаи мусоид мегузорад», — афзуд Дилрабо Мансурӣ.

Иттилоъ дода шуд, ки барои рушди истеҳсоли ватанӣ дар самти истеҳсоли матоҳои атласу адрас ва ҷалби тарроҳону чеварон дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон 8 маркази дӯзандагию бофандагӣ, дар вилояти Суғд 282 адад, ки 104 адади он ба истеҳсоли матоҳои атласу адрас нигаронида шудааст, дар вилояти Хатлон 2 ҳазору 913 адад марказҳои чакандӯзӣ ва дар шаҳру ноҳияҳои Ҳисор, Турсунзода ва Нуробод 5 адад корхонаҳои дигари истеҳсолҳӣ бо ҷалби занону духтарони ҳунарманду чирадаст фаъолияти назаррас бурда истодаанд. Ҳамчунин иброз шуд, ки давоми солҳои 2017-2024 беш аз 382 нафар ҳунармандон аз маблағҳои грантӣ бархурдор гардидаанд.

Раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Бунафша Файзиддинзода иброз дошт, ки баргузории фестивали мазкур имкон медиҳад, ки паҳлӯҳои то ҳануз ба ҳамагон норавшани анъанаҳои миллӣ, ҳунари волои чакандӯзии ин ё он маҳал, санъати асили гулдӯзӣ, сузанидӯзӣ, тоқидӯзӣ ва навъҳои гуногуни нақшу нигори миллӣ дубора эҳё гардида, мавриди баҳрабардорӣ қарор гиранд.

«Кумитаи кор бо занон ва оила тасмим гирифтааст, ки соли оянда Фестивали «Сад ранги чакан»-ро ҳамчун Фестивал-озмун ташкил ва баргузор намояд. Зеро он дар ҷодаи ҳунару ҳунармандӣ барои дарёфти беҳтарин тарроҳону ҳунармандон, чакандӯзону сӯзанидӯзон ва намунаи асилу барҷастаи нақшу нигори миллӣ дар намунаи чакан майдони рақобатпазириро боз ҳам васеътар менамояд», — гуфт Бунафша Файзиддинзода.

Ёдовар мешавем, ки Фестивали «Сад ранги чакан» дар мамлакат аз соли 2018 инҷониб бо мақсади баланд бардоштани эҳсоси ватандӯстию хештаншиносӣ, арҷ гузоштан ба таъриху тамаддун, фарҳангу адабиёт, расму ойинҳои миллию мардумӣ ва ба ин васила муаррифии санъату ҳунари волои халқи тоҷик дар арсаи байналмилалӣ гузаронида мешавад.

Фестивал ҳамасола бо фарогирии тамоми минтақаҳои Тоҷикистон дар 3 давр баргузор мегардад. Даври якум бо муайян намудани беҳтарин чакандӯз, сӯзанидӯз, тарроҳ дар сатҳи маҳаллаю деҳа ва шаҳраку ҷамоат аз 25 январ то 15 феврал доир гардид. Даври дуюм дар сатҳи вилоят ва минтақаҳо аз 18 то 28 феврал гузаронида шуд. Даври сеюм имрӯз бо ташкили барномаи консертию театрӣ ва мукофотсупорӣ ба тарроҳон ва иштирокчиёни фаъол доир гардид.


Моҳинави НАВРӮЗ,

АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Март 5, 2025 17:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Вазорати фарҳанг бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиши илмӣ доир шуд
«ФУРӮҒИ СУБҲИ ДОНОӢ КИТОБ АСТ». Нимаи дуюми моҳи ноябр даври ниҳоии озмуни ҷумҳуриявӣ доир мегардад
Дар Душанбе оид ба саҳми Давлатманд Холов дар рушди санъати мусиқии тоҷик маҳфили адабӣ – фарҳангӣ доир шуд
Ба сокинони ноҳияи Данғара туҳфаи Пешвои миллат – «Шоҳнома»-и Абулқосим Фирдавсӣ такдим мегардад
«ЛИБОСИ МИЛЛӢ – НИШОНИ ТАМАДДУН ВА ФАРҲАНГИ МИЛЛӢ». Дар шаҳри Норак фестивали ҷумҳуриявӣ доир гардид
Дар Тоҷикистон зиёда аз 100 ёдгориҳои таърихию меъмории нав бозёфт гардиданд
Намояндагони Осорхонаи миллии Тоҷикистон Осорхонаи миллии адабиёти Озарбойҷонро тамошо карданд
Дар Кӯлоб таҳти унвони «Либоси миллӣ — оинаи тамаддун ва ҳуввияти миллӣ» фестивал доир шуд
Дар ҳудуди ноҳияи Шамсиддини Шоҳин шаҳраки қадимаи асри миёнагии Хутали қадим — шаҳри Андичароғ бозёфт гардид
«АНДАЛЕБ-2025». Ҳаваскорони ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе соҳиби Шоҳҷоизаи Фестивал-озмун гардиданд
Китоби дарсии «Асосҳои давлат ва ҳуқуқи Ҷумҳурии Тоҷикистон» барои синфи 8 дар таҳрири нав ба нашр расид
Оид ба ҳамкории Тоҷикистон ва Русия дар соҳаи илм ва маориф конференсияи байналмилалии илмӣ баргузор шуд