Футболбозони навраси тоҷик дар Давҳа бо дастаи мунтахаби наврасони Қатар ду бозии санҷишӣ гузарониданд

Март 17, 2025 15:27

ДУШАНБЕ, 17.03.2025 /АМИТ «Ховар»/. Дастаи мунтахаби наврасони то 17-солаи  Тоҷикистон оид ба футбол   дар доираи омодагӣ ба қисми ниҳоии Ҷоми Осиё-2025 таҳти роҳбарии Марко Раҷини дар ҷараёни ҷамъомади таълимию тамринӣ дар шаҳри Давҳа  бозии дуюми санҷишӣ баргузор намуд. Дар ин хусус шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар медиҳад.

Дастаи мунтахаби наврасони то 17-солаи  Тоҷикистон  бо дастаи мунтахаби наврасони  Қатар рақобати санҷишӣ доир намуд. Бозӣ дар варзишгоҳи Абдуллоҳ Бин Халифа хеле ҷолиб  доир шуда, бо ҳисоби мусовии 2:2 хотима ёфт. Голҳои дастаи  мунтахаби наврасони  Тоҷикистонро Муҳаммад Назриев ва Назрулло Ашӯрализода ба  нишон  расониданд. Қаблан вохӯрии санҷишии якум байни  дастаҳои мунтахаби  наврасони Қатар ва Тоҷикистон бо ҳисоби мусовӣ  3:3  анҷом ёфта  буд.

Бояд гуфт, ки дар қисми ниҳоии Ҷоми Осиё-2025, ки аз 3 то 20 апрел дар Арабистони Саудӣ баргузор мешавад, дастаи  мунтахаби наврасони то 17-солаи  Тоҷикистон оид ба футбол    дар гурӯҳи «D» бо дастаҳои мунтахаби  наврасони Уммон (5 апрел), Кореяи Шимолӣ (8 апрел) ва Эрон (11 апрел)   байни ҳам  рақобат менамоянд.

АКС: Федератсияи футболи Тоҷикистон

Март 17, 2025 15:27

Хабарҳои дигари ин бахш

«ФУТБОЛ — ОМИЛИ ВАҲДАТ ВА ҲАМДИЛИИ ҶАВОНОН». Байни устодону кормандони Донишгоҳи миллии Тоҷикистон мусобиқаи футболи хурд доир гардид
Ҷудокорони тоҷик ҳангоми ба даст овардани медалҳои Бозиҳои Осиёӣ бо ҷоизаҳои пулӣ қадрдонӣ мешаванд
Ба ғолибону ҷоизадорони Бозиҳои Осиёӣ-2026 Ҷоизаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дода мешавад
Имрӯз дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол бо дастаи мунтахаби Озарбойҷон бозии дӯстона доир менамояд
Мирзобек Умаров ва Отабек Раҷабов дар Бозиҳои Осиёӣ-2026 аввалин медалҳои тиллоро соҳиб шуданд
Се варзишгари Тоҷикистон ба финали мусобиқаи ММА дар Бозиҳои Осиёии Ҷопон роҳ ёфтанд
Варзишгари тоҷик Беҳрӯз Умаров дар мусобиқаи байналмилалӣ дар Қазоқистон соҳиби медали тилло гардид
Рамазон Ҷумаев ва Анӯшервон Назарзода соҳиби унвони қаҳрамони Ҷоми ҷаҳон оид ба самбо дар шаҳри Душанбе гардиданд
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои бозиҳои дӯстона бо дастаҳои Озарбойҷон, Фаластин ва Чин муайян гардид
Душанбе маротибаи дуюм мизбони Ҷоми ҷаҳон оид ба самбо мегардад
Варзишгари тоҷик Ҷаҳонгир Камолов дар Мусобиқаи байналмилалии Ҷоми АвруОсиё соҳиби медали тилло шуд
Дар Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон бо варзишгарон-шиноварони Тоҷикистон вохӯрӣ доир гардид