Иҷлосияи якуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор гардид

ДУШАНБЕ, 14.03.2025. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе иҷлосияи якуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз шуъбаи иттилоотии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе хабар доданд.
Дар кори иҷлосия Раиси шаҳри Душанбе, Раиси комиссияи шаҳрии интихобот оид ба интихоботи Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, муовини якум, муовинон, роҳбари дастгоҳи Раиси шаҳр, сардорони воҳидҳои сохтории дастгоҳ, раисони ноҳияҳои шаҳр, сардорони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, сохторҳои маҳаллии мақомоти марказии ҳокимияти иҷроия ва намояндагони воситаҳои ахбори омма иштирок доштанд.
Дар оғоз вакилон котиботи иҷлосияро интихоб намуда, масъалаҳои рӯзнома ва тартиби кори онро тасдиқ намуданд.
Нахуст раиси комиссияи шаҳрии интихобот оид ба интихоботи Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе Аламхон Қурбонзода иттилоъ дод, ки бо мақсади дар сатҳи баланди сиёсию ташкилӣ баргузор намудани интихоботи Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе дар пойтахт 70 комиссияи ҳавзавӣ ва 254 комиссияи участкавии интихобот таъсис дода шуд.
Аз теъдоди умумии 536 ҳазору 648 нафар интихобкунандагон дар интихобот 480 ҳазору 472 нафар иштирок карданд, ки 89,5 фоизро ташкил дод.
Аз ҷониби ҳизбҳои сиёсӣ ва ба тариқи худпешбарӣ дар 70 ҳавзаи шаҳрӣ 214 номзад ба Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе пешбарӣ ва номнавис гардиданд.
Дар натиҷаи овоздиҳӣ 2 марти соли 2025 70 нафар номзадҳое, ки аз нисф зиёди овозҳои интихобкунандагонро ба даст оварданд, ба дарёфти ваколати вакилӣ сазовор гардиданд.
Ҳамин тавр, ба ҳайати вакилон 9 нафар аз соҳаи сохтмон, 11 нафар аз соҳаи илму маориф, 26 нафар аз соҳаи иқтисоду молия, 10 нафар ҳуқуқшинос, 7 нафар аз соҳаи тандурустӣ ва 7 вакил аз дигар соҳаҳо интихоб гардиданд.
Аз ин шумора 44,2 фоиз ё 31 нафарашонро занон ташкил медиҳанд.
Аз лиҳози ҳайати ҳизбӣ ба Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе 60 нафар аз Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, 1 нафар аз Ҳизби Коммунистии Тоҷикистон, 1 нафар аз Ҳизби Сотсиалистии Тоҷикистон, 2 нафар аз Ҳизби Ислоҳоти Иқтисодии Тоҷикистон, 1 нафар аз Ҳизби Аграрии Тоҷикистон, 1 нафар аз Ҳизби демократии Тоҷикистон, 3 нафар ғайриҳизбӣ ва 1 нафар ба тариқи худпешбарӣ дохил мебошанд.
Пас аз гузориши Раиси комиссияи шаҳрии интихобот Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум ваколати вакилони навинтихобшударо тасдиқ намуд.
Вакилони тозаинтихоб тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи вазъи ҳукуқии вакилони Маҷлиси вакилони халқи вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоят, шаҳри Душанбе, шаҳр ва ноҳия» дар иҷлосияи якуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе савганд ёд карданд.
Дар иҷлосия аввалин шуда, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ савганд ёд карда, дигар вакилон аз рӯи шумораи тартиби ҳавзаҳо ин маросимро ба ҷо оварданд.
Сипас вакилони халқ Дастури Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе ва Низомномаи комиссияҳои доимӣ ва муваққатии Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанберо тасдиқ намуданд.
Дар иҷлосия 12 комиссияи доимии Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, аз ҷумла оид ба таъмини ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, мубориза бар зидди коррупсия; рушди иқтисодию иҷтимоӣ, соҳибкорӣ, шуғли аҳолӣ ва муҳоҷирати меҳнатӣ; буҷет ва идораю ихтиёрдории моликияти коммуналӣ; нақлиёт, коммуникатсия ва беҳдошти роҳҳо; меъморӣ, шаҳрсозӣ, сохтмон ва ободонӣ; ҳифзи муҳити зист, санитарӣ ва байторӣ; фарҳанг, маориф, илм ва инноватсия; саноат ва энергетика; сиёсати ҷавонон, рушди варзиш ва сайёҳӣ; масъалаҳои гендерӣ, тандурустӣ, ҳифзи модар ва кӯдак; ҳамкорӣ бо мақомоти худфаъолияти ҷамъиятӣ, ҳизбҳои сиёсӣ, воситаҳои ахбори омма, ташкилоти ғайриҳукуматӣ ва иттиҳодияҳои ҷамъиятию динӣ, инчунин назорати риояи дастури маҷлиси вакилони халқ таъсис ёфта, раис ва аъзои онҳо интихоб гардиданд.
Ҳамчунин комиссияҳои муваққатии Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе оид ба номгузорӣ ва номивазкунии маҳаллаву кӯчаҳо, майдону хиёбонҳо, боғу пулҳо ва дигар қисмҳои таркибии маҳалҳои аҳолинишини шаҳри Душанбе ва доир ба татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» таъсис дода шуданд.
Дар иҷлосия ҳамзамон масъалаи пешбарии номзад ба узвияти Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳавзаи интихоботии шаҳри Душанбе мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Вакилони Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе номзадии Рустами Эмомалӣ — Раиси шаҳри Душанберо ба узвияти Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳавзаи интихоботии шаҳри Душанбе пешбарӣ намуданд.
Пас аз овоздиҳии пинҳонӣ Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ бо дарёфти аксар овозҳо аз ҳавзаи интихоботии шаҳри Душанбе якдилона ба узвияти Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардиданд.
Иҷлосияи якуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум якчанд қарори қабулнамудаи Раиси шаҳри Душанберо баррасӣ ва тасдиқ кард.
Аз рӯи ҳамаи масъалаҳои муҳокимашаванда қарорҳои дахлдор қабул гардиданд.
Дар фарҷоми кори иҷлосия Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ вакилони тозаинтихоби Маҷлиси вакилони халқи Душанбе, даъвати ҳафтумро ба муносибати оғози фаъолияташон табрик намуданд ва барои содиқонаю софдилона бо дарки масъулият хизмат намудан ба халқ аз онҳо даъват ба амал оварданд.
Инчунин муҳтарам Рустами Эмомалӣ ҳозиринро ба муносибати Ҷашни байналмилалии Наврӯз табрику шодбош гуфта, изҳори боварӣ намуданд, ки мардуми сарбаланди пойтахт бо баргузории ҳашарҳои дастҷамъона ва корҳои созандагию ободонӣ боз ҳам дар ободу зебо гардонидани давлати азизамон саҳми арзанда мегузоранд.
АКС: Шуъбаи иттилоотии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе