МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Агар хоҳед меъдаатон солим бошад, аввал хӯроки моеъ истеъмол кунед
ДУШАНБЕ, 02.03.2025. /АМИТ «Ховар»/. Агар хоҳед, ки меъдаатон солим ва баданатон неруманд бошад, аввал хӯроки моеъ истеъмол кунед. Зеро хӯрокҳои моеъ барои ба эътидол овардани ҳарорати бадан мусоид мебошанд. Инчунин шабона инсон бояд кӯшиш намояд, ки таоми обдор ё дар бӯғ омодашуда истеъмол намояд. Зеро таомҳои серчарбу дар равған бирёншуда барои меъда зараровар мебошанд. Ин матлабро доктори илмҳои тиб, профессор Ҷаҳон Азонов ба АМИТ «Ховар» баён дошт.
Он хӯроки моеъ (обдор, суюқ)-е, ки истеъмол менамоем, бояд дорои нах бошад. Мувофиқи баъзе таҳқиқот, нах ба афзоиши микрофлораи муфид мусоидат ва инчунин рушди микроорганизмҳои зарароварро пешгирӣ менамояд. Ба маҳсулоти дорои чунин нахҳо гандум, лӯбиё, нахӯд, шалғам, карам, турб, сабзавот ва дигар меваҳо дохил мешаванд. Шахс ҳангоми истеъмоли хӯрок бояд ба қадри кофӣ карбогидратҳо, равғанҳо, сафедаҳо ва макроэлементҳоро истеъмол кунад.
Ҷаҳон Азонов иброз намуд, ки тарзи нодурусти истеъмоли хӯрок барои инсон оқибати вазнин дорад. Бисёр одамон пеш аз оғози таом обро бештар истеъмол менамоянд. Бояд ба таври муътадил об нӯшид: дар ҳар ним соат шумо метавонед 300 грамм об ва хӯроки обдор истеъмол намоед. Нӯшидани афшура, чойи сабз ва шарбати тару тоза хеле фоиданок аст. Пеш аз истеъмоли таом истифодаи нӯшокиҳои газдор тавсия дода намешавад.
Зимни хӯрорхӯрӣ набояд саросема шуд, бояд ҳатман кам-кам хӯрок хӯрд ва ҳар луқмаро бодиққат хоидан зарур аст. Истеъмоли зуд ва аз ҳад зиёди хӯрок ба бадани мо, махсусан ба меъда таъсири манфӣ мерасонад.
Табибон тавсия медиҳанд, ки ғизои солим дар ҳамаи синну сол муҳим аст ва барои пешгирии бемориҳои музмин кумак менамояд. Инчунин ғизои солим барои одамони аз 20 то 40-сола муҳим аст. Таҳқиқот нишон додаанд, ки риояи қоидаҳои меъёрии истеъмоли ғизо ва тарзи ҳаёти солим дар ин синн метавонад бемории ишемияи дилро назорат ва ҳатто бозгардонад.
Барои инсонҳои аз 40 то 60-сола зимни истеъмоли ғизо гирифтани миқдори кофии калсий ва витамини D муҳим аст, зеро ҳарду маводи ғизоӣ дар солимии дил ва устухон нақш доранд. Гирифтани витамини D аз ғизо мушкил аст, аз ин рӯ табибон дар ин солҳо истеъмоли маводи иловагиро тавсия медиҳанд.
Дар нафарони аз 60-сола боло талафи массаи мушакҳо дида мешавад, ки сабаби он норасоии ғизо мебошад. Талафоти мушакҳоро бо илова кардани манбаи сафеда ба ҳар хӯрок метавон боздошт. Таъсири ғизо ба давомнокии умр ба таври таҷрибавӣ исбот шудааст. Одами солим аксар вақт ба он чизе, ки мехӯрад, эътино намедиҳад, вақте ки бемор мешавад, дорую дармон ҷустуҷӯ мекунад ва дар бораи чунин воситаи боэътимоду доимии хӯрокворӣ фаромӯш мекунад.
Ҷаҳон Азонов аз гуфтаи бузургон чунин ёдовар шуд: «Бигзор ғизои шумо доруи шумо бошад ва доруи шумо ғизои шумо». Агар маҳсулоти аз мағоза ва бозорҳо овардашуда ҳангоми ворид кардан ба хона безарар гардонида шавад, хеле хуб аст. Зеро истеъмоли ғизои аз ҷиҳати экологӣ тоза ва сервитамин баманфиат мебошад.
Ба тавсияи мутахассисон, истеъмоли нодуруст ва аз меъёр зиёди ғизо ба инкишофи бемориҳои гуногун мусоидат намуда, инчунин давомнокии умрро кӯтоҳ мекунад. Он сабаби мубталошавӣ ба бемориҳои дилу рагҳои хунгард (фишорбаландӣ, ишемияи дил), ниқрис, диабети қанди навъи 2, намудҳои алоҳидаи саратон (саратони ғадуди сина, аъзои ҳозима), пайдоиши бемории санги талхадон ва панкреатити музмин мегардад.
Фирӯза ДАВЛАТЗОДА,
АМИТ «Ховар»
АКС аз манбаъҳои боз








Дар Душанбе нахустин маротиба Рӯзи кормандони соҳаи суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа таҷлил гардид
ҒИЗОИ СОЛИМ. Омили афзоиши бемории диабети қанд истеъмоли ғизои аз ҳад зиёд ва номутаносиб мебошад
1 ИЮЛ — РӮЗИ КОРМАНДОНИ СОҲАИ СУҒУРТАИ ИҶТИМОӢ ВА НАФАҚА. Дар солҳои соҳибистиқлолӣ андозаи нафақаҳо зиёда аз 20 маротиба зиёд карда шуд
Дар Душанбе дар мавзуи «Сиёсисозии ислом ва хатари он ба амнияти сиёсӣ ва суботи ҷомеа» ҳамоиши илмӣ доир мегардад
ФАРҲАНГИ СУЛҲИ ТОҶИКОН — НАМУНА БАРОИ ҶАҲОНИЁН. Мулоҳизаҳои Раиси Комиссияи олии аттестатсионӣ дар ин мавзуъ
Маросими видоъ бо раиси марҳуми Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Алишер Мирзонабот баргузор гардид
ОГОҲӢ! Аз 1 то 3 июл дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани селҳои хусусияти маҳаллидошта пешгӯӣ мешавад
Оид ба амалишавии Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Тоҷикистон конференсия доир шуд
Як гурӯҳ модарон бо шароити хизмати ҳарбии сарбозони яке аз қисми низомӣ дар ноҳияи Данғара шинос шуданд
ДАҲСОЛАИ ТАҲКИМИ СУЛҲ БА ХОТИРИ НАСЛҲОИ ОЯНДА. Ин ташаббуси бузурги глобалӣ барои сайёраи бехатар мебошад
Адрасбоф Гулбону Наврӯзова: «Ҳадафи мо эҳёи ҳунарҳои миллӣ ва бо ҷойи кор таъмин намудани занону духтарон аст»
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Зардолу чӣ дар шакли тару тоза ва хушкаш фоидаовар мебошад






