Модар олиҳаи накугавҳар ва азизтарин шахсияти башар аст

Март 6, 2025 08:37

ДУШАНБЕ, 06.03.2025. /АМИТ «Ховар»/. Мардуми фарҳангофару маънавиятгустари тоҷик аз қадим ба қадр ва манзалати волои модар арҷ мегузоранд. Ин анъанаи неки аҷдодӣ то ба имрӯз аз ҷониби меросбарони он ҳамчун арзиш ва фазилати поки инсонӣ ба ҷо оварда мешавад.

Модар сарчашмаи меҳру муҳаббати беканор, азизтарин шахсияти башар ва арзандаи ҳама гуна эҳтиром, қадршиносӣ ва дӯстдорӣ мебошад, зеро ӯ меҳрубонтарин инсон, дилсӯзу дастгиру пуштбон аст. Модар ба зиндагии ҳаррӯзаи насли имрӯзу фардои миллат хушию фараҳ зам менамояд. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ситоиши модар гуфтаанд: «Зиндагӣ аз модар сарчашма мегирад». Воқеан, модар на танҳо ба фарзандони  худ ҳаёт мебахшад, балки дар сиришти онҳо хислатҳои  накутарини инсониро ҷой медиҳад.

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон пайваста мақоми зан-модар баланд гардида, дар ҷомеа мавқеи хосро ишғол менамояд. Баъди ба Истиқлоли давлатӣ расидан дар баробари таваҷҷуҳ ба рушду тақвияти соҳаҳои гуногуни иқтисодию иҷтимоӣ ва сиёсии мамлакат  ба сиёсати гендерӣ низ диққати аввалиндараҷа дода шуд. Дидгоҳи хирадмандонаи Пешвои миллат аст, ки ҷойгоҳи занону модарон дар ҷомеа боз ҳам боло бардошта шуд. Роҳбари давлат дар сиёсати идораи давлатӣ ба занон боварии комил доранд. Дар суханронию мулоқот пайваста аз мақому мавқеи занони тоҷик ёдоварӣ менамоянд.

Дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба Маҷлиси Олӣ ин нукта дарҷ гардид, ки «мо ба азму ирода ва масъулиятшиносии занону духтарони тоҷик ҳамчун неруи бузурги ҷомеа эътимоди комил дорем ва дастгирии ҳамаҷонибаи онҳоро идома медиҳем». 

Бо ҳамин назари неку хушбинона занони фаъолу бомаърифат ба самти идоракунӣ ва кор дар мақомоти давлатӣ ҷалб гардида, ҳатто роҳбарии вазорату идораҳоро низ бар уҳда доранд. Пешвои миллат бо боварӣ ба занон иброз намуданд, ки «занон, модарону духтарони азизи мо дар амалисозии талаботу муқаррароти қонунҳои миллӣ, пешгирӣ кардани бегонапарастӣ, аз ҷумла сару либос ва ойинҳои барои мардуми мо бегона, ба камол расонидани наслҳои солим, таҳкими сулҳу субот дар ҷомеа, пешрафти давлат ва ободии Ватан минбаъд низ саҳми арзишманд мегузоранд. Зеро онҳо эҳёкунандаву нигоҳдоранда ва тарғибкунандаю посдорандаи беҳтарин суннату анъанаҳои миллӣ ва расму оинҳои асилу бостонии халқамон мебошанд».

Оид ба баланд бардоштани мавқеи занон дар ҷомеа чандин санад, амру фармон ва қонунҳои марбута қабул карда шудаанд. Аз ҷумла, Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 декабри соли 1999 «Дар бораи тадбирҳои баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа» ва дар асоси ҳамин фармон аз 1 марти соли 2005 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи кафолатҳои давлатии баробарҳуқуқии мардону занон ва имконияти баробарии амалӣ гардонидани онҳо» ба тасвиб расиданд. Ин ва чанд санади ҳуқуқии дигар дар пешрафт ва рушди фаъолияти занони мамлакат нақши босазо ва калидӣ доранд. Инчунин барои дастгирии занону духтарони тоҷик без аз 60 санади муҳими меъёрии ҳуқуқӣ ва дигар барномаҳои давлатӣ қабул карда шудаанд.

Бояд тазаккур дод, ки бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз 6 марти соли 2009  8 март Рӯзи Модар эълон гардид. Ин падидаи тозае дар ҳаёти занону духтарони мамлакат маҳсуб мешавад. Вобаста ба ин, Роҳбари давлат таъкид намудаанд, ки «Рӯзи Модар эълон гардидани ин рӯз дар мамлакати мо ҳаргиз амри тасодуфӣ нест, балки иқдомест, ки ба суннату анъанаҳои неки миллати куҳанбунёди мо такя менамояд ва ин рамзи сипоси бепоён ба мақому мартабаи зан-модар аст.

Албатта, барои ҳар миллат ва ҳар шахси бонангу номус ҳар рӯз Рӯзи Модар аст. Лекин мо ин рӯзро махсус чунин ном ниҳодем, ки эҳтирому арҷгузории хоссаи худро ба бузургӣ ва азамати модарони поксиришти хеш-офарандагони зиндагӣ ва сарчашмаи ҳаёти наслҳо собит созем. Зеро ҳама эъҷозу парвоз, ҳама эҷоду бунёд ва ҳама мардонагию қаҳрамонӣ натиҷа ва самараи заҳмати шабонарӯзии модар аст».

Занон низ аз иқдом ва ташаббусҳои Сарвари давлат пуштибонӣ намуда, барои пешрафти давлат ва сулҳу суботи доимӣ пайваста кӯшиш менамоянд. Зеро дастовардҳои зиёди илмию фарҳангӣ ва эҷодӣ аз ҷониби занони мамлакат зиёд ба чашм мерасанд.

Дар ҳақиқат занону модарони тоҷик дар ҷомеаи мо нақш ва  ҷойгоҳи махсус доранд. Барои ҳифзу татбиқи ҳуқуқҳои занон пайваста ба қонунгузории Тоҷикистон тағйиру иловаҳо ворид карда мешаванд. Ҳамасола аз ҷониби Ҳукумати Тоҷикистон барои дастгирии фаъолияти корию эҷодии занон барномаву нақшаҳои алоҳида таҳия гардида, дар амал татбиқ мегарданд. Ҳукумати мамлакат сиёсатеро амалӣ менамояд, ки дар тамоми минтақаҳои мамлакат духтарону занон ба донишомӯзӣ ва касбу кор фаро гирифта шудаанд.

Зани тоҷик дар раванди таҳкими давлатдории миллӣ рисолати нигаҳдории фарҳанг, забон, урфу одат ва анъанаҳо, ҳифзкунандаи муқаддасоти оила, тарбияи фарзанд ва ходими фаъоли ҷамъиятию давлатиро иҷро менамояд. Занони тоҷик дар соҳаҳои гуногун содиқона ва оқилона фаъолият менамоянд. Дар таъриху тамаддуни миллати тоҷик занон низ  дар мақоми фармонраво будаанд. Масалан, дар замони салтанати Сосониён Бӯрондӯхт (духтари Хусрави Парвиз) зане буд, ки тибқи маълумоти маъхазҳои таърихӣ, пас аз ҳукмронии Ардашери Ширӯя ба сифати бисту панҷумин шоҳаншоҳи Сосонӣ бар тахт нишаста, дар беш аз даҳ кишвари осиёӣ подшоҳӣ намудааст. Имрӯз ҳам мақому манзалати занонро дар корҳои давлатию ҷамъиятӣ ба таври мусбат метавон дарёфт. Иштироку саҳмгузории онҳо дар чорабиниҳои фарҳангию сиёсӣ дар дохил ва хориҷи мамлакат далели ин гуфтаҳо аст.

Модари тоҷик давоми таърихи чандинҳазорсолаи халқамон ҳамеша чароғи пурфурӯғи хонавода, манбаи абадии меҳр, мазҳари ишқу зебоӣ, намунаи олии меҳрубонӣ ва чашмаи иноят буда, нобиғагони бузургеро, ба монанди Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ, Абӯалӣ ибни Сино, Носири Хусрав, Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ, Абдураҳмони Ҷомӣ ва садҳо фарзандони фарзона, номбардорони миллати худро ба дунё овард, ки дар рушди илму адаби ҷаҳонӣ нақши умда доранд ва ин рисолати муқаддаси худро ҳоло ҳам идома мебахшанд. Бузургии зан-модар, пеш аз ҳама, дар он таҷассум меёбад, ки ӯ чароғи хонадон, идомадиҳандаи насл, тарбиякунанда ва нигоҳдорандаи забон, таърих ва фарҳанги миллӣ аст.

Модарони тоҷик пайваста талош меварзанд, ки насли наврас соҳиби одобу маърифат шавад, илму дониш ва касбу ҳунар омӯзад ва дар оянда барои давлату миллат хизмати сазовору шоиста анҷом диҳад. Занон-модарон бо муҳаббат зиндагиро танзим ва фазои орому осудаи оиларо таъмин менамоянд. Ва насли соҳибмаърифат ва фарҳангдӯсту адабпарвари боғи маърифати миллатро, ки созандаи ояндаи неки ин марзу буми аҷдодӣ мебошад, бо меҳри беандоза ба камол мерасонанд.

Расул МАҶИДЗОДА,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Март 6, 2025 08:37

Хабарҳои дигари ин бахш

Зулфиқор Гулаҳмадзода: «Модар нахустин устод ва домони покаш аввалин дабистони ҳар яки мост»
Ба ифтихори Рӯзи Модар дар Корхонаи воҳиди давлатии «Роҳи оҳани Тоҷикистон» ҷамъомади идона доир шуд
Дар Маҷлиси намояндагон бахшида ба Рӯзи Модар ҳамоиш доир гардид
Дар шаҳри Бохтар доир ба нақши занон ҳамоиш доир шуд
Рӯзи Модар дар Бадахшон бо шукуҳу шаҳомати хосса таҷлил гардид
Дар Душанбе доир ба саҳми занон дар рушди давлатдории муосири тоҷик ҳамоиш доир шуд
Пешвои миллат дар таҳкими мақоми Зан-Модар дар ҷомеи Тоҷикистон нақши намоён доранд
Дар «Саноатсодиротбонк» Рӯзи Модарро бошукуҳ таҷлил намуданд
Бахшида ба Рӯзи Модар дар шаҳри Душанбе хатсайри сайёҳӣ ташкил гардид
Дар Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон дар арафаи Рӯзи Модар занону духтарони фаъол ҳавасманд гардонида шуданд
СОЛИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯХҲО. Тоҷикистон дар сатҳи ҷаҳон чун ташаббускори муҳими ҳалли мушкилоти глобалӣ шинохта шудааст
ИНТИХОБОТИ ВАКИЛОНИ ХАЛҚ-2025. Натиҷаҳои пешакии интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон гардиданд