Модарон мураббию роҳнамои наслҳо ва инсонҳо мебошанд
ДУШАНБЕ, 07.03.2025 /АМИТ «Ховар»/. 8 март дар Тоҷикистон Рӯзи Модар аст. Ба ин муносибат имрӯзҳо дар тамоми шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ҳамоиши сиёсию чорабиниҳои фарҳангӣ ва барномаҳои рангин баргузор мегарданд. Ходими калони илмии шуъбаи Осиёи Ҷанубӣ ва Шарқии Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Мирсаид Раҳмонов бахшида ба ин рӯз чунин ибрози назар намуд:
— Фаслҳои сол бо аслияти табиию ивазшавиҳо ва санаю рӯзҳо бо таърихномаю таърифномаҳои худ барои беҳбудию беҳзистии инсоният чун санади тақдирсоз падид омада, то ҳастии онҳо хизмат менамоянд. Ҳамин тариқ, фасли баҳор бо авҷи шукуфоӣ, насими накҳатовар, айни ривоҷу равнақи кор ворид шуда, нахустин қадамаш бо истиқболи Рӯзи Модар оғоз шуда, аз пайки Наврӯз хабар медиҳад, ки аз замонҳои хело куҳан ба мерос мондааст.
Дар Тоҷикистон ҳар сол Рӯзи Модар ҷашн гирифта мешавад. Дар ин зимн, ба муносибати ин рӯз бо ташаббуси мақомоти давлатӣ ва ташкилоти ҷамъиятӣ чорабиниҳои ҷамъиятию сиёсӣ гузаронида мешаванд.
Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паём ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» таъкид намудаанд, ки дар фарҳангу тамаддуни тоҷикон иззату эҳтироми Зан–Модар ҳамеша ҷойгоҳи хос дорад. Дар зимн меҳру ишқи Лоиқ ба модараш боиси даҳҳо шеъри волои ӯ буда, ки дар маҷмуаи «Модарнома» гирди ҳам омадаанд:
Сиришти ман, ниҳоди ман ту будӣ,
Сафои бомдоди ман ту будӣ.
Аё модар, ба он сон бесаводӣ,
Нахустин устоди ман ту будӣ.
Ҳамин тариқ, дар васфи Модар хеле навиштаанду боз менависанд ва хоҳанд навишт. Тамоми адибони олам, бахусус Тоҷикистон, Ҳиндустону Покистон бо ҳар забону гӯишҳо дар бораи симои зан- модар ва мавқеи ӯ дар ҷомеа мисолу масалҳои хубе баён намудаанд.
Модар, зан аз беҳтарин калимаю вожаҳое мебошанд, ки дар осори бузургони тамоми рӯи ҷаҳон хеле хуб баён гардидаанд. Модар чун фариштае аст, ки боли пурмеҳру нозашро барои башарият мекушояд, Модар арзишмандтарин ва қиматтарин неъмати дунё аст, ки манбаи муҳаббати беканору чашмаи мусаффояш махзани ганҷ барои башарият мебошад. Аз ҳамин хотир аст, ки меҳри бепоён ва зебоиву навозишҳояш инсонро бо муҳаббати оламу одам ошно месозад. Мо, мардҳо дар канори ҳамин фариштаи замин ба воя мерасему аз вай дарси меҳру латофат ва садоқату инсондӯстӣ меомӯзем.
Дар ҳақиқат лафзи Модар агарчанде як вожаи кӯчак ба назар мерасад, вале дар он бузургтарин маъниҳои ишқу ирфон, лутфу меҳрубонӣ ва фидокорию ҷасорат мавҷуданд. Беҳуда нест, ки мегӯянд: «Зан-Модар бо як даст гаҳвора ва бо дасти дигараш дунёро меҷунбонад». Ба ибораи дигар, дар вожаи Модар бузургтарин ишқҳо, бахшиданҳо, меҳрубонию ҷоннисориҳо ҷой гирифтаанд.
Аз вуҷуди зан тасвири коинот рангину зебо гашта, аз ҳамин олиҳаи ҳусн зиндагию сӯзи дарун пайдо мегардад. Симои дурахшони олам аз вуҷуди зан буда, ба худ рангу бӯи хос мегирад. Зеро ӯ ба мисли созу навое аст, ки меҳру раҳму шафқатро бедор намуда, дили инсонҳоро гарму нарм нигоҳ медорад.
Тавре шоир мефармояд:
Занонро гар зи дониш зеваре ҳаст,
Умеди рӯзгори беҳтаре ҳаст.
Агарчи аз занон пайғамбаре нест,
Ҳама пайғамбаронро модаре ҳаст.
АКС аз бойгонӣ








Осори Мавлоно чун падидаи нодири адабиёт ва андешаи башарӣ то имрӯз аҳаммияти бузурги маънавию ахлоқӣ дорад
ИСТИҚЛОЛИЯТ ВА ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Мулоҳизаҳо оид ба нақши Пешвои миллат дар таҳкими пояҳои Тоҷикистони соҳибистиқлол
ҲАМДИЛӢ АЗ ҲАМЗАБОНӢ БЕҲТАР АСТ. Эҳдо ба Рӯзи бузургдошти Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ
Нақши Пешвои миллат дар ташаккул ва таҳкими Истиқлолияти давлатӣ. Андешаҳо дар ин маврид
Мавсума Муинӣ: «Мавқеъ ва саҳми занон дар дипломатияи парламентии Ҷумҳурии Тоҷикистон намоён аст»
ТАРЗИ ҲАЁТИ СОЛИМ. Пиёдагардӣ умри инсонро дароз ва баданро ҷавон мекунад
МАНЗАРАҲОИ ҶОЛИБИ ТОҶИКИСТОН — САРВАТИ БУЗУРГИ САЙЁҲӢ. Эҳдо ба Рӯзи ҷаҳонии сайёҳӣ
27 СЕНТЯБР — РӮЗИ ҶАҲОНИИ САЙЁҲӢ. Дар Тоҷикистон барои рушди сайёҳии дохилию байналмилалӣ тадбирҳои муассир андешида мешаванд
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Беморони гирифтори диабети қанд дар як шабонарӯз бояд 5-6 маротиба хӯрок истеъмол намоянд
РУШДИ СОҲАИ САЙЁҲӢ. Хостел ва мотел аз ҳамдигар чӣ фарқ доранд?
Имрӯз ҷомеаи ҷаҳон Рӯзи ҷаҳонии баҳрҳоро таҷлил менамояд
ПУРСИДЕД, ҶАВОБ МЕДИҲЕМ. Ҳангоми интиқоли маблағ ба кортҳои шахсони ношинос ба чӣ бояд диққат дод?






