Наврӯз дар Тоҷикистон имсол 20 март фаро мерасад
ДУШАНБЕ, 14.03.2025 /АМИТ «Ховар»/. Имсол дар Тоҷикистон Наврӯз 20 март, соати 14:01:25 бо вақти Душанбе фаро мерасад, ки дар ин лаҳза Офтоб аз нимкураи ҷанубӣ хати экватори оламро бурида, ба нимкураи шимолӣ мегузарад. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Институти астрофизикаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон хабар медиҳад.
Астрономҳо ин мавқеъгирии Замину Офтобро нуқтаи эътидоли баҳорӣ (баробаршавии шабу рӯз) мегӯянд.
Барои инсоният талаботи ҳисобкунии вақт дар давраи хеле қадим пайдо шудааст. Одамон фосилаҳои вақтро бо ҳодисаҳои такроршавандаи табиат муқоиса менамуданд. Масалан, тағйирёбии шабу рӯз воҳиди табиии шумораи вақт ба мисли шабонарӯз мебошад. Тағйирёбии фаслҳои сол ҳамчун воҳиди ҳисобкунии вақт истифода мешавад. Дар замонҳои хеле қадим одамон дар асоси мушоҳидаҳои визуалии (танҳо бо чашм) ситораҳо, сайёраҳо ва Офтоб давомнокии солро муайян мекарданд. Давомнокии солро дарк намуда, минбаъд нуқтаи сарҳисоби онро муайян карданд.
Ҳамин тавр, сарчашмаи илми астрономия аз чунин мушоҳидаҳо ва назарияҳо пайдо гардид. Тараққиёти чандинасраи илми астрономия доир ба ҳодисаҳои такроршавандаи табиат фаҳмиши боэътимодро таъмин намуд. Ивазшавии шабу рӯз ба гардиши кураи Замин дар атрофи тири меҳвари он вобаста аст ва тағйирёбии фаслҳои сол ба гардиши Замин дар атрофи Офтоб алоқаманд мебошад.
Оғози Наврӯз -нуқтаи эътидоли баҳорӣ — баробаршавии шабу рӯз мутобиқи ҳисобҳо ҳар сол тақрибан 20-22 март фаро мерасад. Ин тафовут ба далели таъсири қувваи ҷозиба ҳангоми гардиши Замин дар мадор аз тарафи дигар сайёраҳо ба амал меояд.
АКС аз бойгонӣ








ФАРДОИ ТОҶИКИСТОН ИМРӮЗ ДАР МАКТАБ АСТ. Андешаҳо дар ҳошияи суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Рӯзи дониш
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 36 дараҷа гарм мешавад
DEEPFAKE ҲАМЧУН ТАҲДИДИ НАВИ АМНИЯТИ ИТТИЛООТӢ. Назари мутахассис дар ин мавзуъ
«МЕГАФОН ТОҶИКИСТОН»: Ду роҳи ҳал барои истифодабарандагони интернет
АМНИЯТИ ЗЕҲНИ СУНЪӢ ВА ДУРНАМОИ РУШДИ ОН ДАР ТОҶИКИСТОН. Мутахассис ин мавзуъро шарҳ медиҳад
Дар хоҷагиҳои шаҳри Ҳисор ҷамъоварии ҳосили пахта оғоз гардид






