ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 12 март, чоршанбе, 71-умин рӯзи соли 2025 аст

Март 12, 2025 08:00

Дар ин рӯзи соли 2010 дар пойтахти Қатар – Давҳа Чемпионати ҷаҳон оид ба варзиши сабук дар варзишгоҳи пӯшида баргузор гардид, ки дар он давандагони тоҷик низ иштирок намуданд.

***

12 марти соли 2012 дар шаҳри Москваи Федератсияи Русия дар  мавзуи «Диаспораҳои тоҷик дар Русия: афзалияти иқтисодию фарҳангӣ» ҷамъомад баргузор гардид.

***

12 марти соли 2013 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе ба бунёди маркази бузурги тиҷоратӣ оғоз бахшида, терминали марказии нақлиётии пойтахтро расман ифтитоҳ намуданд.

***

12 марти соли 2020 дар Самарқанд ҳайатҳои панҷ мақомоти сарҳадии Иттиҳоди давлатҳои Мустақил: Тоҷикистон, Узбекистон, Қазоқистон, Қирғизистон ва Русия дар ҷаласаи  Шурои фармондеҳони қӯшунҳои  сарҳадӣ  иштирок намуданд.

***

12 марти соли 2021 дар Душанбе роҷеъ ба ислоҳоти низоми рушди Созмони Милали Муттаҳид  муколама доир гардид.

***

12 марти соли 2022 дар Намоишгоҳи байналмилалии Давҳа иқтидори кишоварзии Тоҷикистон муаррифӣ шуд.

***

12 марти соли 2023 роҳбарияти Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон бо сарварони ширкатҳои сайёҳии Миср мулоқот намуданд.

***

Дар ин рӯзи соли 2024 дар шаҳри Душанбе ҷаласаи байниҳукуматии Тоҷикистон ва Узбекистон оид ба ҳамкории иқтисодию тиҷоратӣ баргузор гардид.

12 МАРТ:

Дар Чин- рӯзи ниҳолшинонӣ.

ДАР ИН РӮЗ ТАВАЛЛУД ШУДААНД:

Салими Хатлонӣ— соли 1960 — шоир, доктори илмҳои филология

***

Шариф Раҳимзода— соли 1959 — ходими намоёни давлатӣ, иқтисоддон

Март 12, 2025 08:00

Хабарҳои дигари ин бахш

ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 27 ноябр, ҷумъа, 331-умин рӯзи соли 2026 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 26 ноябр, панҷшанбе, 330-юмин рӯзи соли 2026 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 25 ноябр, чоршанбе, 329-умин рӯзи соли 2026 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 24 ноябр, сешанбе, 328-умин рӯзи соли 2026 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 23 ноябр, душанбе, 327-умин рӯзи соли 2026 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 22 ноябр, якшанбе, 326-умин рӯзи соли 2026 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 21 ноябр, шанбе, 325-умин рӯзи соли 2026 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 20 ноябр, ҷумъа, 324-умин рӯзи соли 2026 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 19 ноябр, панҷшанбе, 323-юмин рӯзи соли 2026 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 18 ноябр, чоршанбе, 322-юмин рӯзи соли 2026 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 17 ноябр, сешанбе, 321-умин рӯзи соли 2026 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 16 ноябр, душанбе, 320-умин рӯзи соли 2026 аст