Тоҷикистон ва Қирғизистон дар самти таъмини базилзилатобоварии биноҳо ва иншоот Ёддошти тафоҳум ба имзо расониданд
ДУШАНБЕ, 13.03.2025. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз аз рӯйи натиҷаҳои гуфтушунидҳои сарони давлатҳои Тоҷикистон ва Қирғизистон маросими имзои 16 санади нави ҳамкорӣ доир гардид.
Ёддошти тафоҳум байни Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Агентии давлатии меъморӣ, сохтмон ва хоҷагии манзилию коммуналии назди Девони вазирони Ҷумҳурии Қирғизистон оид ба ҳамкорӣ дар самти таъмини тобоварӣ ба зилзила, рушди технологияҳои самаранокии энергияи «сабз» ва шаҳрсозӣ, инчунин рақамикунонии раванди сохтмон аз ҷумлаи ин санадҳои ҳамкории дуҷониба мебошад.
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, дар доираи ин Ёддошти тафоҳум ҷонибҳо дар самти таъмини базилзилатобоварии биноҳо ва иншоот, рушди технологияҳои самаранокии энергияи «сабз» дар сохтмон, такмили шаҳрсозӣ ва истифодаи усулҳои муосири банақшагирӣ, рушди лоиҳаҳои муштарак оид ба навсозӣ ҳамкорӣ менамоянд.
Ҳамзамон дар доираи татбиқи ин санад ҷонибҳо нақшаи чорабиниҳои муштарак (харитаи роҳ)-ро барои таҳкими ҳамкорӣ ва ноил шудан ба ҳадафҳои гузошта таҳия менамоянд.
Ҷонибҳо ҳамзамон ба нақша гирифтаанд, ки бо иштироки мутахассисони якдигар намоишгоҳҳои байналмилалӣ, форумҳо, мизҳои мудаввар ва дигар чорабиниҳо доир намуда, дар ин самтҳо таҳқиқот ва корҳои муштарак анҷом диҳанд.
АКС: Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон








Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон бо намояндагони Кумитаи СММ бар зидди шиканҷа вохӯрӣ намуд
Дар Душанбе намоиш — фурӯши маҳсулоти ҳунармандӣ то 31 май идома меёбад
Дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Вазири адлияи Тоҷикистон бо Комиссари Олии СММ оид ба ҳуқуқи инсон мулоқот намуд
«ХУДШИНОСӢ — ОМИЛИ ТАҲКИМИ ИСТИҚЛОЛ ВА ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ». Оид ба ин мавзуъ даври омӯзишӣ оғоз гардид
Дар Душанбе даври ҷумҳуриявии озмуни «Сайри гули лола» баргузор мегардад
Дар ноҳияи Тоҷикобод лоиҳаи нави таъмини оби тоза барои сокинони деҳаи Сабзазор амалӣ мешавад
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Истеъмоли чукрӣ ба кам шудани моддаи қанд дар таркиби хун мусоидат мекунад
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Барои сазовор таҷлил намудани ин ҷашни миллӣ машварати корӣ доир шуд
Дар Душанбе ҷаласаи Шурои ҳамоҳангсозӣ бо донорҳо ва шарикони рушд дар соҳаи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ баргузор шуд
Тоҷикистону Чин ҳамкориро дар бахшҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва гуманитарӣ тақвият медиҳанд
Дар шаҳри Ваҳдат бо мақсади баланд бардоштани ҳувияти миллии ҷавонон ҳамоиш доир шуд






