Ҳамкории дуҷонибаи Тоҷикистон ва Амороти Муттаҳидаи Араб дар бахши сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ баррасӣ гардид

Апрель 9, 2025 16:40

ДУШАНБЕ, 09.04.2025 /АМИТ «Ховар»/. Густариши ҳамкории дуҷониба дар бахши сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ байни  Тоҷикистон ва Амороти Муттаҳидаи Араб дар мулоқоти Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Султон Раҳимзода бо директори генералии Гурӯҳи сармоягузории Абузабӣ (ADIG) Заид бин Рашид бин Авейда Ал Кубайсӣ дар Абузабӣ баррасӣ шуд.

Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.

Мулоқот дар доираи Конгресси AIM (Annual Investment Meeting) баргузор гардид.

Ҷониби Амороти Муттаҳидаи Араб ба дастгирии рушди истеҳсоли энергияи «сабз» ва тавсеаи инфрасохтори сайёҳӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таваҷҷуҳи хосса зоҳир намуд.

Инчунин ҷонибҳо омодагии худро барои омӯзиши имконияти нави ҳамкорӣ ва таҳкими шарикии дарозмуддат таъкид намуданд.

 АКС: Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Апрель 9, 2025 16:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистон ва Ҳиндустон дар соҳаи энергетика баррасӣ шуд
Пешвои миллат: «Кишоварзон бояд аз ҳар рӯзи мусоиди фасли баҳор истифода баранд»
Эмомалӣ Раҳмон: «Кишоварзонро зарур аст рӯзҳои мусоиди баҳориро самаранок истифода намоянд»
Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар Бонки миллии Тоҷикистон дар сатҳи баланд таҷлил гардид
Дар Душанбе истифода ва ҳифзи захираҳои обии мамлакат дар шароити тағйирёбии иқлим баррасӣ гардид
Ҷаласаи сеюми Гурӯҳи кории муштараки Тоҷикистону Покистон оид ба савдо, сармоягузорӣ ва нақлиёт баргузор шуд
Бонки миллии Тоҷикистон ба Эъломияи Кейптаун ҳамроҳ шуд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Восеъ сохтмони иншооти таъйиноти гуногун идома дорад
Дар Душанбе натиҷаҳои COP30 ва раванди такмилсозии NDC 3.0-и Тоҷикистон баррасӣ гардид
«ТОП – 35 ШАРИКИ БОЭЪТИМОДИ СОЛ». Ба муносибати 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ озмун баргузор мегардад
Дар ноҳияи Деваштич Маркази ҷумҳуриявии инноватсия ва технологияҳо дар соҳаи картошкапарварӣ таъсис дода мешавад
Бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон корҳои фаҳмондадиҳӣ доир гардид