Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар Лиони Фаронса таҷлил гардид

Апрель 14, 2025 13:39

ДУШАНБЕ, 14.04.2025 /АМИТ «Ховар»/. Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Фаронса бо мақсади тақвият бахшидани ҳамкорӣ бо ҳамватанони бурунмарзӣ дар роҳи эҳё ва тарғиби ҷашну анъанаҳои бостонӣ 12-13 апрел дар шаҳри Лион Ҷашни байналмилалии Наврӯзро таҷлил намуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз  Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Фаронса хабар доданд.

Дар таҷлили Наврӯзи байналмилалӣ кормандони Намояндагии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди ЮНЕСКО ва шаҳрвандону ҳамватанони муқими кишвари иқомат фаъолона иштирок намуданд.

Сафири Тоҷикистон дар Фаронса изҳор намуд, ки Ҳукумати мамлакат дар самти ҳифзи арзишҳои миллӣ, таърихӣ ва арҷгузорӣ ба ҷашну маросими ниёгон Наврӯзро сол то сол дар сатҳи баланд ва бо шукуҳу шаҳомати идона ҷашн мегирад. Ин ҷашни бостонии мардуми тамаддунофари мо аз соли 2010 инҷониб ҳамчун ҷашни байналмилалӣ таҷлил карда мешавад.

Зимни баргузории ин ҳамоиш дастархони идона бо таомҳои миллӣ ороста шуда, чорабинии наврӯзӣ дар фазои фарҳбахши тоҷикона доир гардид.

АКС: Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Фаронса

Апрель 14, 2025 13:39

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Данғара бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) доир мешавад
ТОҶИКИСТОН ВАТАНИ НАВРӮЗ АСТ! Суратгузориш аз ҷараёни корҳои омодагӣ ба ин ҷашни ҷаҳонӣ дар пойтахт
Дар ноҳияи Данғара «Шаҳраки наврӯзӣ» ташкил карда шуд
Дар Душанбе чорабинии фарҳангӣ — фароғатии «Dushanbe Navruz Fest» баргузор мешавад
Нақши Маркази байналмилалии Наврӯз барои кишварҳои ҳавзаи фарҳангии Наврӯз чӣ гуна хоҳад буд?
НАВРӮЗ — ҶАШНИ ҶАҲОНӢ. Ҳеҷ монеа ва қуввае онро натавонист аз байн барад
ИМКОНОТИ САЙЁҲӢ ДАР ЗАМИНАИ АРЗИШҲОИ ҶАШНИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ НАВРӮЗ. Назаре ба муаррифии маконҳои сайёҳӣ
Форуми V байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ» баргузор мегардад
Дар рӯзҳои ҷашни Наврӯз дар гардиши дараи Алмосӣ барои гӯсфанди зоти ҳисорӣ ва ангури тоифӣ муҷассама гузошта мешавад
ПЕШВОИ МИЛЛАТ — ЭҲЁГАРИ НАВРӮЗ. Пас аз Истиқлоли давлатии Тоҷикистон Наврӯз дар сатҳи байналмилалӣ ҷойгоҳ пайдо намуд
Эмомалӣ Раҳмон: «Наврӯз, Меҳргон, Сада ва Тиргон таҷассумгари андешаҳои инсондӯстӣ ва бузургдошти табиат мебошанд»
Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид