Ба гиромидошти асосгузори мактаби классикии шеър-мусиқии замони Сомониён Абулаббоси Бахтиёр симпозиуми байналмилалӣ доир шуд

Апрель 24, 2025 16:03

ДУШАНБЕ, 24.04.2025 /АМИТ «Ховар»/. 22 апрел дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ба гиромидошти 1190-солагии асосгузори мактаби классикии шеър-мусиқии замони Сомониён Абулаббоси Бахтиёр (834-920) симпозиуми байналмилалии илмӣ баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз академия хабар доданд.

Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Қобилҷон Хушвахтзода иброз намуд, ки Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи нақш ва ҷойгоҳи аввалин давлати  миллии тоҷикон-  Сомониён дар таърихи тамаддуни башарӣ чунин ибрози андеша намудаанд: «Воқеан давраи маданият, фарҳанг, рушди илму адабиёт, шукуҳу иқтидори  давлати тоҷикон ба аҳди Сомониён, хусусан шоҳ Исмоили Сомонӣ марбут аст. Ин давронро метавон марҳилаи дурахшону пурифтихори  тамаддуни миллӣ ва авҷи камолоти  давлатдорӣ, ташаккули шахсиятҳои баруманд, олимону, шоирон, симоҳои намоёни давлатӣ  номид».

Дар ҳақиқат осори тамаддуни моддӣ ва маънавии замони  Сомониён  дар таърихи тамаддуни ҷаҳонӣ ҷойгоҳи хосса дошта, симоҳои   дурахшони он Ҳаким Тирмизӣ, Абулаббоси Бахтиёр, Абулаббоси Сарахсӣ, Рӯдакӣ, Абумансури Дақиқӣ, Фирдавсӣ, Абуалӣ ибни Сино, Абурайҳони Берунӣ ва дигарон дар ташаккул,  рушди тамаддуни башарӣ   саҳми арзанда гузошта, осори офаридаашон  ба ҷараёни  таърихи ташаккули мероси таърихӣ, илмӣ, фалсафӣ,  адабӣ, сарвати бебаҳои бадеии  тоҷик ва мардумони эронӣ иртиботи ногусастанӣ доранд. Дар замони  Сомониён таърих, илм, забону адабиёт, мусиқии илмию амалӣ, ҳунарҳои бадеӣ бовусъат пешрафт намуда, намояндагони эҷодии ин асри заррин фазои васеи адабию таърихӣ, илмӣ, фалсафӣ, бадеию эҷодии усулан классикию мондагорро дар тамаддуни башарӣ рӯи саҳна овардаанд.

Иброз гардид, ки офаридаҳои симоҳои эҷодию илмии замони Сомониён, аз ҷумла замони фаъолияти илмию  идории чеҳраи барҷаста Абулаббоси Бахтиёр марҳилаи басе шукуфоии  таърих, миллат, забон ва Эҳёи  тамаддуни  тоҷикон ва мардумони Осиёи Марказӣ, Шарқи Миёнаю Наздик аст.

Дар ҳамоиш дар баробари муҳаққиқони тоҷик ҳамчунин донишмандону ҳунармандон аз давлатҳои Амрико, Фаронса, Канада, Ҳиндустон, Узбекистон ба тариқи ҳузурӣ ва маҷозӣ масоили мубраму камтаҳқиқшудаи таърих ва тамаддуни аввалин давлати мутамаркази тоҷикон-Сомониён ва намояндаи барҷастаи он, донишманди варзида, поягузори мактаби классикии шеъру мусиқӣ ва фарҳанги замони Сомониён Абулаббоси Бахтиёр ва замони ӯро мавриди баррасӣ қарор доданд.

АКС: Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон

 

Апрель 24, 2025 16:03

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар боғҳои шаҳри Душанбе рӯзҳои фарҳанги ВМКБ ва ноҳияи Файзобод баргузор мегарданд
Дар Душанбе рӯзи фарҳанги ноҳияҳои Ишкошим ва Мурғоб баргузор шуд
Имрӯз рӯзҳои фарҳанги шаҳри Хоруғ, ноҳияҳои Ишкошим, Мурғоб ва Роштқалъа баргузор мегарданд
БОЗЁФТИ НОДИР. Сиккаҳои замони Сомониён дар Хутали Қадим кашф гардиданд
Шоири халқии Тоҷикистон Ҳадиса Қурбонова аз олам даргузашт
«САМАРАИ ИСТИҚЛОЛ». Таҳти чунин унвон Иттифоқи журналистони Тоҷикистон озмун эълон менамояд
«ЯК МЕРОС, ДУ САРЗАМИН». Намоиши маҷозии муштараки Тоҷикистон ва Эрон баргузор мегардад
Дар Душанбе рӯзҳои фарҳанги ВМКБ, шаҳри Хоруғ, ноҳияҳои Ишкошим, Мурғоб, Роштқалъа ва Файзобод баргузор мегарданд
Раиси шаҳри Шероз ёдгории таърихию фарҳангии «Қалъаи Ҳисор»-ро тамошо намуд
Дар Душанбе Рӯзи фарҳанги ноҳияи Рӯшон баргузор гардид
Дар Душанбе 49 номгӯй адабиёти тозанашри кӯдакона рӯнамоӣ гардид
Дар пойтахти Тоҷикистон Рӯзи фарҳанги ноҳияи Ванҷ доир шуд