Дар Душанбе гузариш ба иқтисоди «сабз» ва истифодаи оқилонаи захираҳои ангишт баррасӣ гардид
ДУШАНБЕ, 17.04.2025 /АМИТ «Ховар»/. Масъалаҳои марбут ба энергетикаи устувор, технологияи «сабз» ва навовариҳо дар соҳаи коркарди ангишт зимни ҳамоише дар Вазорати саноат ва технологияҳои нав бо иштироки намояндагони вазорату идораҳои марбута, коршиносони байналмилалӣ, ташкилоти экологӣ ва роҳбарони корхонаҳои истихроҷи ангишт баррасӣ шуданд.
Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.
Таҳлили имконоти татбиқи технологияҳои пешрафта дар соҳаи ангишт, такмили инфрасохтори энергетикӣ ва саноатӣ, инчунин таҳияи тавсияҳои амалишавандаи сиёсӣ ва техникӣ аз ҳадафҳои ҳамоиш буд.
Яке аз самтҳои муҳиме, ки дар ҳамоиш муҳокима шуд, истифодаи ангишт ҳамчун ашёи хом барои истеҳсоли графен, нанотрубкаҳои карбон ва дигар маводи пешрафтаи технологӣ мебошад. Ин иқдом метавонад ба рушди инфрасохтори технологӣ, тақвияти таҳқиқоти илмӣ, таъмини рушди иқтисоди муосир ва эҷоди ҷойи нави кор мусоидат намояд. Истифодаи технологияи муосир дар соҳаи ангишт имконият фароҳам меорад, ки ин соҳа на танҳо ҳамчун захираи анъанавии энергия, балки чун қисми муҳими саноати инноватсионӣ арзёбӣ гардад. Ин метавонад ба коҳиши вобастагӣ аз манбаъҳои карбонии ифлоскунанда ва гузариш ба истеҳсолоти тоза мусоидат намояд.
Гузариш ба иқтисоди «сабз» яке аз самтҳои калидии сиёсати рушди устувори Тоҷикистон ба шумор меравад. Ҳадафи асосии он-коҳиши таъсири манфӣ ба муҳити зист, рушди манбаъҳои барқароршавандаи энергия ва истифодаи самараноки захираҳои табиӣ мебошад.
Дар ин самт «Стратегияи давлатии рушди иқтисоди «сабз» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2023-2037» ва «Консепсияи рушди соҳаи ангишт то соли 2040» ҳамчун ҳуҷҷатҳои асосӣ роҳнамои татбиқи сиёсати энергетикии мамлакат мебошанд. Ҳарду стратегия бо «Стратегияи миллии рушди Тоҷикистон то соли 2030» (СМР-2030) ҳамоҳанг карда шудаанд ва барои ҳамгироии сиёсати иқтисодӣ ва экологии ҷумҳурӣ заминаи боэътимод фароҳам меоранд.
Бо дастгирии Комиссияи иқтисодии Аврупоии Созмони Милали Муттаҳид, коршиносони байналмилалӣ бо назардошти маълумоти воқеӣ ва пешниҳодоти корхонаҳои ангишт тавсияҳои муфассал ва амалӣ таҳия намудаанд. Муҳокимаи ин тавсияҳо дар доираи ҳамоиш барои таҳияи «Барномаи рушди соҳаи ангишт барои солҳои 2025–2029» ва амалӣ намудани тадбирҳои нави амалии ислоҳот дар соҳа иқдоми саривақтӣ ва муҳим арзёбӣ мегардад.
Тоҷикистон дар роҳи гузариш ба энергетикаи тоза ва рушди саноати «сабз» қадамҳои устувор мегузорад ва омода аст, ки бо шарикони байналмилалӣ барои татбиқи ҳадафҳои муштарак ҳамкории самаранокро тақвият бахшад.
АКС: Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон








ҶУФТБАРОРОН. Ин маросим оғози кишту кори баҳориро ифода мекунад
Дар ноҳияи Ҷайҳун неругоҳи офтобӣ сохта мешавад
Ба ифтихори ҷашни Наврӯз дар Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия чорабинии тантанавӣ баргузор шуд
Душанбе мизбони Конфронси 35-уми Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ мегардад
Дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистон ва Ҳиндустон дар соҳаи энергетика баррасӣ шуд
Пешвои миллат: «Кишоварзон бояд аз ҳар рӯзи мусоиди фасли баҳор истифода баранд»
Эмомалӣ Раҳмон: «Кишоварзонро зарур аст рӯзҳои мусоиди баҳориро самаранок истифода намоянд»
Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар Бонки миллии Тоҷикистон дар сатҳи баланд таҷлил гардид
Дар Душанбе истифода ва ҳифзи захираҳои обии мамлакат дар шароити тағйирёбии иқлим баррасӣ гардид
Ҷаласаи сеюми Гурӯҳи кории муштараки Тоҷикистону Покистон оид ба савдо, сармоягузорӣ ва нақлиёт баргузор шуд
Бонки миллии Тоҷикистон ба Эъломияи Кейптаун ҳамроҳ шуд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Восеъ сохтмони иншооти таъйиноти гуногун идома дорад






