Дар Душанбе вобаста ба инкишофи барвақтии кӯдак ҳамоиш доир шуд
ДУШАНБЕ, 24.04.2025. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар шаҳри Душанбе вобаста ба масъалаи инкишофи барвақтии кӯдак ва таъмини дастрасии васеъ ба хизматрасониҳои босифати тиббӣ ҳамоиш доир шуд.
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд, Ҳукумати мамлакат барои дастгирии рушди миллӣ нисбат ба захираҳои инсонӣ сармоягузорӣ менамояд.
Ҳадафи ҳамоиш аз таъмир ва муҷаҳҳазгардонии муассисаҳои тиббӣ ва томактабӣ, таҳияи барномаҳои омӯзишӣ ва гузаронидани омӯзишҳо байни кормандони тиб ва мутахассисони таҳсилоти томактабӣ иборат буд.
Тазаккур дода шуд, ки дар Тоҷикистон бунёду таъмири 500 маркази инкишофи кӯдак ба маблағи 125 миллион доллар ва таъмири 34 муассисаи томактабӣ ба маблағи 840 ҳазор доллари Иёлоти Муттаҳидаи Амрико идома дорад.
Инчунин ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф» илова ворид шуда, мақоми ҳуқуқии марказҳои инкишофи кӯдак муқаррар гардид. Дар асоси ин барнома фарогирии кӯдакон ба таълиму тарбияи томактабӣ бояд то имсол ба 30 фоиз ва то соли 2030 ба 50 фоиз расонида шавад.
АКС: Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон








Ҳамкории Тоҷикистон бо Гурҷистон дар такмили низоми нафақа густариш меёбад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Муассисаҳои тандурустии шаҳри Хуҷанд ба мавсими сармо ҳамаҷониба омода мешаванд
Ҷумҳурии Тоҷикистон Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид дар бораи ҳуқуқҳои маъюбонро тасдиқ кард
Забони тоҷикӣ дар фазои рақамӣ: аз пайкараи матнӣ то истилоҳоти ягона
Дар Душанбе симпозиум доир ба соҳаи онкология оғоз гардид
Барои маблағгузории нафақа беш аз 4 миллиард сомонӣ равона гардидааст
Форуми байналмилалии ҷавонони СҲШ оид ба ҳамкорӣ барои ояндаи устувор доир шуд
ИМРӮЗ-РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ КОҲИШИ ХАТАРИ ОФАТҲОИ ТАБИӢ. Дар Тоҷикистон барои пешгирии хатари офатҳо беш аз 60 миллион сомонӣ ҷудо гардидааст
Конференсияи илмӣ оид ба саҳми экспедитсияи бостоншиносӣ дар омӯзиши Панҷакенти қадим баргузор мегардад
Дар шаҳри Ҳисор мумфаршкунии беш аз 3,5 километр роҳи автомобилгард оғоз гардид
Рӯзи дарҳои кушоди Академияи хурди илмҳои Тоҷикистон баргузор шуд
ТАРЗИ ҲАЁТИ СОЛИМ. Камҳаракатӣ барои пайдоиши бемориҳои гуногун замина фароҳам меорад






