Дар ноҳияи Шоҳмансур Рӯзи пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон — шаҳри Душанбе таҷлил карда шуд

Апрель 11, 2025 16:15

ДУШАНБЕ, 11.04.2025. /АМИТ «Ховар»/. Бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шоҳмансур ба ифтихори Рӯзи пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон-шаҳри Душанбе чорабинии бошукуҳи фарҳангӣ-фароғатӣ баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз мақомоти ноҳия хабар доданд.

Муовини Раиси ноҳияи Шоҳмансур Заррина Зуҳурзода иброз намуд, ки бо шарофати сиёсати бомароми бунёдкоронаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва иқдоми созандаи самарабахши Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ симои пойтахт-шаҳри Душанбе рӯз аз рӯз ободу зебо гардида, ба яке аз пойтахтҳои зебои ҷаҳон табдил ёфтааст.

«Бемуҳобо метавон гуфт, ки имрӯзҳо пойтахти шукуфонамон ҳамрадифи муқаддасоти миллӣ, амсоли Парчами давлатӣ, Нишони давлатӣ, Суруди миллӣ ва пули миллӣ рамзи давлатдорӣ эътироф гардида, муҳимтарин аломати муаррифии давлатдории мо, тоҷикон маҳсуб мешавад», -гуфт ӯ.

Зимни ҳамоиш ба ғолибони озмунҳои шаҳрии «Тоҷи сари ҷумла ҳунарҳост илм» ва «Забон донӣ-ҷаҳон донӣ», ки моҳи апрели соли равон дар сатҳи ноҳия баргузор гардида буданд, дар вазъияти тантанавӣ Диплому Сипоснома ва туҳфаҳо тақдим шуданд.

Дар фарҷоми ҳамоиши бошукуҳ устодони санъат ва эҷодкорони ҷавони Муассисаи давлатии «Таҳсилоти иловагӣ»-и ноҳия бо барномаи рангини фарҳангии иборат аз дастагули суруду мусиқӣ хотири ҷамъомадагонро болида гардониданд.

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шоҳмансур

Апрель 11, 2025 16:15

Хабарҳои дигари ин бахш

Субҳи имрӯз «Корвони наврӯзӣ» ба сокинону меҳмонони пойтахт навиди фарорасии баҳорро расонид
Мусобиқаи байналмилалии гӯштингирӣ барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» баргузор мегардад
Наврӯз ҳамчун бренди миллӣ ва абзори «дипломатияи фарҳангӣ»: натиҷаҳо ва дурнамои Форуми V байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ»
МУЖДАИ ФАРОРАСИИ БАҲОР. Онро корвони наврӯзӣ тавассути чор дарвозаи пойтахт ба сокинон мерасонад
Имрӯз иҷлосияи панҷуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум доир шуд
Форуми V байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ» баргузор гардид
Тантанаҳои наврӯзӣ дар боғҳои фарҳангӣ-фароғатии шаҳри Душанбе то 28 март идома меёбанд
Дар Тоҷикистон барномаҳои фарҳангии Ҷашни байналмилалии Наврӯз доир мегарданд
Имрӯз Иҷлосияи панҷуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор мегардад
Пагоҳ Форуми V байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ» баргузор мешавад
НАВРӮЗИ ДУШАНБЕ. Дар пойтахти Тоҷикистон барои дар сатҳи баланд пешвоз гирифтани меҳмонон омодагӣ мегиранд
Иҷлосияи панҷуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор мегардад