Дар Раёсати Қӯшунҳои сарҳадии вилояти Суғд Ҷашни байналмилалии Наврӯз таҷлил гардид

Апрель 6, 2025 08:34

ДУШАНБЕ, 06.04.2025. /АМИТ «Ховар»/. Дар Раёсати Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз ҳамоиши идона доир гардид.  Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд иттилоъ доданд.

Аз ҷониби ҳайати Раёсат ва зерсохторҳои Қӯшунҳои сарҳадӣ дар ҷашнгоҳ хаймаҳои наврӯзӣ тибқи оинҳои қадимии ин  иди  бостонӣ  ташкил гардиданд. Инчунин ҳунарҳои мардумӣ ва таомҳои миллии минтақаҳои гуногуни Тоҷикистон ба намоиш гузошта шуданд.

Дар ҳамоиши идона иброз гардид, ки Ҷашни байналмилалии Наврӯз имрӯз ба унвони рамзи ваҳдату ҳамдигарфаҳмӣ, дӯстиву накӯкорӣ ва эҳтиром ба табиату неъматҳои он дар саросари ҷаҳон таҷлил мегардад. Ин ҷашни бостонӣ аҳамияти бузурги фарҳангию маънавии худро ҳифз намуда, омили муҳими муттаҳидсозандаи миллатҳо ба шумор меравад.

Иштирокдорони ҳамоиш аз нақши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мавриди Ҷашни  байналмилалӣ эълон  шудани Наврӯз ёдовар шуданд.

Тавре Пешвои миллат иброз доштанд: «дар масири таърихи тӯлонии халқамон Наврӯз дар баробари забони тоҷикӣ бунёди худшиносии тоҷиконро низ ташкил додааст. Агар забони тоҷикӣ ҳомии осори фаровону ҷовидонаи илмиву адабӣ ва ҳофизаи таърихии мардуми мо бошад, ҷашни Наврӯз дарбаргирандаю нигоҳдорандаи суннатҳои зиндаи халқ, расму ойинҳо ва фарҳанги миллӣ мебошад».

АКС: Хадамоти матбуоти Раиси виляти Суғд

Апрель 6, 2025 08:34

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Бадахшон беҳтаринҳо дар гӯштин, волейбол ва дави наврӯзӣ муайян гардиданд
Бахшида ба ҷашни Наврӯз дар мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ҳамоиши идона доир шуд
Дар Кангурт ҷашни Наврӯзро бо расму ойинҳои хос таҷлил менамоянд
Ғолибони Шоҳҷоизаҳои Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) дар деҳаи Пушинги ноҳияи Данғара муайян шуданд
Маорифчиёни ноҳияи Шоҳмансур Ҷашни байналмилалии Наврӯзро дар сатҳи баланд таҷлил намуданд
АРҒУНЧАКБОЗИИ НАВРӮЗӢ. Он рамзи шодиву нишот ва фарҳанги қадимии тоҷикон мебошад
НАВРӮЗ — ПАЙВАНДГАРИ ТАМАДДУНҲО. Ин ҷашн марзҳои сиёсиро убур карда, мардумро ба ҳам наздик менамояд
МУСОБИҚАИ АСПДАВОНӢ. Ин бозии миллӣ аз ҷумлаи расму ойинҳои Наврӯз аст
Ҷашни Наврӯз дар Ҳисор бо иштироки меҳмонон аз Ҷумҳурии Узбекистон таҷлил гардид
Дар ҷашни Наврӯз дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон кадом хӯрокҳо омода карда мешаванд?
Дар ноҳияи Ҳамадонӣ Ҷашни байналмилалии Наврӯзро таҷлил намуданд
Иди байналмилалии Наврӯз дар Деваштич бо риояи анъана ва суннатҳои миллӣ таҷлил гардид