Дар шаҳри Турсунзода 4 ҳолати риоя накардани қонун ошкор карда шуд
ТУРСУНЗОДА, 15.04.2025 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Турсунзода то имрӯз аз ҷониби аъзои комиссияҳои доимӣ ва ҷамъиятӣ барои татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» 530 маротиба санҷишҳои муштарак гузаронида шуданд. Дар натиҷа вобаста ба риоя нагардидани талаботи ин қонун 4 ҳолати қонунвайронкунӣ ошкор гардида, барои андешидани тадбир ба Суди шаҳри Турсунзода пешниҳод карда шуд. Шумораи ҳолатҳои вайронкунии қонуни танзим нисбат ба ҳамин давраи соли 2024 1 адад зиёд мебошад. Дар ин хусус мудири бахши танзими ҷашну маросими шаҳри Турсунзода Олимҷон Солеҳзода ба хабарнигори АМИТ «Ховар» Субҳониддини Маҳмуд иттилоъ дод.
Ҳолатҳои вайронкунии қонуни танзим аз ҷониби комиссияҳои доимии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода дар ҷамоатҳои шаҳраку деҳот дар якҷоягӣ бо кормандони шуъбаи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Турсунзода ва кормандони Прократураи шаҳр ошкор гардидаанд.
Дар шаҳри Турсунзода то имрӯз 937 маърака сабт шудааст, ки инҳо 875 тӯйи домодию арӯсӣ, 34 маросими чил ва 28 маросими сол мебошанд. Дар шаҳр 10 комиссияи доимӣ ва 120 комиссияи ҷамъиятӣ фаъолият менамоянд, ки зимни санҷишҳо корҳои фаҳмондадиҳӣ мегузаронанд. То имрӯз дар зиёда аз 400 тӯю маърака пеши роҳи қонунвайронкуниҳо гирифта шуд.
Дар шаҳри Турсунзода барои татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз тарафи гурӯҳҳои кории тарғиботӣ дар ҷамоатҳои шаҳраку деҳот 70 мулоқоту суҳбати фаҳмондадиҳӣ ва 2 машварати омӯзишӣ гузаронида шуд.
АКС: АМИТ «Ховар»








Дар Алмато платформаи миллии рақамии тандурустии Тоҷикистон муаррифӣ гардид
«ИСТИҚЛОЛ — ГАНҶИ МИЛЛАТ, БАҚОИ ДАВЛАТ». Бо чунин унвон дар шаҳри Хуҷанд ҳамоиши ҷумҳуриявӣ доир шуд
Оид ба дурнамои дӯстӣ ва шарикии стратегии Тоҷикистону Туркманистон конфронси байналмилалӣ доир гардид
Мавзеи Аксикони ноҳияи Ашт бо кӯли дорои лойи табиии шифобахш ва табиати нотакрор маъруф аст
Мактаб, оила ва ҷомеа — се неруе, ки бояд иттиҳоди ҳамешагӣ дошта бошанд
20 СЕНТЯБР — РӮЗИ ҶАҲОНИИ ТОЗАГӢ. Маданияти шаҳрнишиниро риоя бояд кард!
Ҷавонони Тоҷикистон дар Фестивали байналмилалии ҷавонон-2026 дар Екатеринбург иштирок намуданд
Дар Душанбе «Стратегияи ҳифзи саломатии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» баррасӣ шуд
Дар Тоҷикистон Озмуни ҷумҳуриявии «Табиби сол – 2026» ҷамъбаст гардид
Байни Агентии хизмати давлатии Тоҷикистон ва Вазорати идоракунии ҳайати Ҷумҳурии Корея Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
16 СЕНТЯБР — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ КАРДИОЛОГИЯИ ИНТЕРВЕНСИОНӢ. Табобати бемориҳои дилу раг бо истифодаи ҷарроҳиҳои муосир ва бе буриши калон ба куллӣ тағйир ёфтааст
Тоҷикистон ва Британияи Кабир масъалаи таҳия ва имзои санади нави ҳамкориро дар самти пешгирии ҳолатҳои фавқулода баррасӣ карданд






