Дар Тоҷикистон ба маблағи беш аз 13 миллиард сомонӣ маҳсулот истеҳсол гардидааст

Апрель 23, 2025 16:50

ДУШАНБЕ, 23.04.2025. /АМИТ «Ховар»/. Дар семоҳаи якуми соли равон  корхонаҳои саноатӣ якҷо бо соҳибкорони хусусии Тоҷикистон ба маблағи 13 миллиарду 846,6 миллион сомонӣ маҳсулот истеҳсол намудаанд. Ин нишондиҳанда нисбат ба ҳамин давраи соли 2024 бо нархҳои муқоисавӣ 23,4 фоиз афзудааст. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.

Омили асосии рушди суръати соҳаи саноат асосан аз ҳисоби афзоиши ҳаҷми маҳсулоти саноати истихроҷ – 1,8 баробар, саноати коркард – 2,1 фоиз, таъминоти неруи барқ, газ, буғ ва тозакунии ҳаво – 10 фоиз, таъминоти об, тозакунӣ, коркарди партовҳо ва маҳсулоти дуюмдараҷа – 28,3 фоиз ба амал омадааст.

Инчунин дар ин давра ҳаҷми истеҳсолот дар саноати коркард ба 6 миллиарду 490,0 миллион сомонӣ баробар гардид, ки нисбат ба ҳамин давраи соли қаблӣ бо нархҳои муқоисавӣ 2,1 фоиз зиёд аст.

Аз он маҳсулоти хӯрокворӣ якҷо бо нӯшокиҳо 2 миллиарду 373,6 миллион сомонӣ, истеҳсоли маҳсулоти нассоҷӣ ва дӯзандагӣ 748,6 миллион сомонӣ, истеҳсоли маҳсулот аз чӯб ва коғаз, фаъолияти табъу нашр 156,4 миллион сомонӣ ва ғайраро ташкил медиҳад.

Иттилоъ дода шуд, ки дар сохтори ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатии ҷумҳурӣ ҳиссаи ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар вилоятҳои Суғд 60,8 фоиз ва Хатлон 19,8 фоиз афзалият дорад.

АКС: АМИТ «Ховар»

 

Апрель 23, 2025 16:50

Хабарҳои дигари ин бахш

Душанбе мизбони Конфронси 35-уми Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ мегардад
Дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистон ва Ҳиндустон дар соҳаи энергетика баррасӣ шуд
Пешвои миллат: «Кишоварзон бояд аз ҳар рӯзи мусоиди фасли баҳор истифода баранд»
Эмомалӣ Раҳмон: «Кишоварзонро зарур аст рӯзҳои мусоиди баҳориро самаранок истифода намоянд»
Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар Бонки миллии Тоҷикистон дар сатҳи баланд таҷлил гардид
Дар Душанбе истифода ва ҳифзи захираҳои обии мамлакат дар шароити тағйирёбии иқлим баррасӣ гардид
Ҷаласаи сеюми Гурӯҳи кории муштараки Тоҷикистону Покистон оид ба савдо, сармоягузорӣ ва нақлиёт баргузор шуд
Бонки миллии Тоҷикистон ба Эъломияи Кейптаун ҳамроҳ шуд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Восеъ сохтмони иншооти таъйиноти гуногун идома дорад
Дар Душанбе натиҷаҳои COP30 ва раванди такмилсозии NDC 3.0-и Тоҷикистон баррасӣ гардид
«ТОП – 35 ШАРИКИ БОЭЪТИМОДИ СОЛ». Ба муносибати 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ озмун баргузор мегардад
Дар ноҳияи Деваштич Маркази ҷумҳуриявии инноватсия ва технологияҳо дар соҳаи картошкапарварӣ таъсис дода мешавад