Дар Тоҷикистон то 10 дараҷа паст шудани ҳарорати ҳаво пешгӯӣ мешавад
ДУШАНБЕ, 17.04.2025. /АМИТ «Ховар»/. Аз 17 то 19 апрел бо сабаби воридшавии анбӯҳи ҳавои сард ва намнок дар бештари минтақаҳои Тоҷикистон пастшавии ҳарорати ҳаво пешгӯӣ мешавад. Дар ин рӯзҳо ҳаво номусоид шуда, борон меборад, инчунин раъду барқ ва жола ба амал меояд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Агентии обуҳавошиносии мамлакат иттилоъ медиҳад.
Инчунин 18-19 апрел дар бештари ноҳияҳо бориши борони бошиддат дар назар буда, дар баъзе ноҳияҳо ба амал омадани раъду барқ ва жола пешгӯӣ мешавад. Дар ин рӯзҳо дар бештари ноҳияҳои ҷумҳурӣ, ба истиснои минтақаҳои баландкӯҳ пастшавии ҳарорати ҳаво то 10-15 дараҷа пешгӯӣ мешавад.
19 апрел дар баландиҳои зиёда аз 2000 метр аз сатҳи баҳр гузариши борон ба барф дар назар аст.
17-18 апрел шамол аз самти ғарб бо суръати то 9-14 ва дар ноҳияҳои алоҳида бо шиддати то 17-22 метр дар як сония мевазад. Дар ноҳияҳои ҷанубӣ ва марказии ҷумҳурӣ 17 апрел тӯфони чангу ғубор ба амал меояд.
17-19 апрел бо сабаби ба амал омадани бориши бошиддат дар дарёҳои Панҷ, Обихингоб, Сурхоб, Ёхсӯ, Қизилсӯ (ҷанубӣ), дарёҳои аз нишебиҳои ҷанубии қаторкӯҳҳои Ҳисор ҷоришаванда (Варзоб, Лучоб, Харангон, Элок) ва Зарафшон баландшавии сатҳи об аз эҳтимол дур нест.
Инчунин аз 17 то 20 апрел бинобар бориши пай дар пай ва бошиддати борон, ба истиснои шарқи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар баъзе минтақаҳои ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, вилоятҳои Суғду Хатлон ва ғарби Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба амал омадани сел пешгӯӣ мешавад.
АКС: АМИТ «Ховар»








«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ машғулияти омӯзишӣ доир шуд






