Масоили марбут ба бунёди иншооти муҳими стратегӣ дар Тоҷикистон бо ҷалби сармояи Корея баррасӣ шуд

Апрель 18, 2025 13:00

ДУШАНБЕ, 18.04.2025 /АМИТ «Ховар»/. Ҷониби Корея ба татбиқи лоиҳаи сохтмони метро дар Душанбе манфиатдор аст ва баъди ба итмом расидани асосноккунии техникию иқтисодии он дар татбиқи марҳилаҳои минбаъдаи лоиҳа низ иштирок менамояд. Ин нукта дар мулоқоти  Вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон Азим Иброҳим бо Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Корея дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷон Сонг Шик ва Директори дафтари Агентии ҳамкории байналмилалии Корея (KOICA) дар Тоҷикистон Канг Синг Хон баён гардид.

АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, ки ҷонибҳо натиҷаҳои кори муштаракро барои соли 2024 муҳокима намуда, нақшаи рушди ҳамкориро барои соли 2025 муайян карданд.

Гуфта шуд, ки ҳамкории ду давлат, сарфи назар аз масофаи ҷуғрофӣ мунтазам рушд менамояд. Аз ҷумла, 1 июли соли 2024 байни Вазорати нақлиёти Тоҷикистон ва Ширкати миллии роҳи оҳани Корея Ёддошти тафоҳум оид ба татбиқи лоиҳаҳои муштараки сармоягузорӣ дар соҳаи роҳу нақлиёт ба имзо расид.

Ёдрас гардид, ки  соли 2024 Тоҷикистон ва Корея тавонистанд ду лоиҳаи хурд- марҳилаи аввали омӯзиши имконияти сохтмони метро дар шаҳри Душанбе ва таҳияи лоиҳаи рушди системаи логистикӣ дар Тоҷикистонро ба анҷом расонанд.

Тоҷикистон ва Корея тасмим гирифтаанд, ки баъди татбиқи лоиҳаи муҳими стратегии дорои аҳамияти минтақавӣ – асосноккунии техникию иқтисодии сохтмони қитъаи роҳи оҳани «Ҷалолиддини Балхӣ – Панҷи Поён»    ба асосноккунии техникию иқтисодии сохтмони метро дар шаҳри Душанбе шуруъ намоянд.

Барои амалӣ намудани яке аз ҳадафҳои стратегии Ҳукумати мамлакат- ба давлати транзитӣ табдил додани  Тоҷикистон тибқи дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Вазорати нақлиёт вазифадор шудааст, ки инфрасохторро рушд диҳад, ҷуғрофияи ҳамлу нақлро васеъ намоял ва долонҳои нави транзитиро мавриди  истифода қарор диҳад.

Сохтмони роҳи оҳани «Ҷалолиддин Балхӣ – Панҷи Поён» бо дарозии 51 км  лоиҳаи минтақавӣ мебошад, ки барои расидан ба ин ҳадаф мусоидат мекунад.

Ҷонибҳо изҳори умед намуданд, ки  ҳамкории ду давлат соли 2025 бештар таҳким меёбад.

       АКС: Вазорати  нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

Апрель 18, 2025 13:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистон ва Ҳиндустон дар соҳаи энергетика баррасӣ шуд
Пешвои миллат: «Кишоварзон бояд аз ҳар рӯзи мусоиди фасли баҳор истифода баранд»
Эмомалӣ Раҳмон: «Кишоварзонро зарур аст рӯзҳои мусоиди баҳориро самаранок истифода намоянд»
Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар Бонки миллии Тоҷикистон дар сатҳи баланд таҷлил гардид
Дар Душанбе истифода ва ҳифзи захираҳои обии мамлакат дар шароити тағйирёбии иқлим баррасӣ гардид
Ҷаласаи сеюми Гурӯҳи кории муштараки Тоҷикистону Покистон оид ба савдо, сармоягузорӣ ва нақлиёт баргузор шуд
Бонки миллии Тоҷикистон ба Эъломияи Кейптаун ҳамроҳ шуд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Восеъ сохтмони иншооти таъйиноти гуногун идома дорад
Дар Душанбе натиҷаҳои COP30 ва раванди такмилсозии NDC 3.0-и Тоҷикистон баррасӣ гардид
«ТОП – 35 ШАРИКИ БОЭЪТИМОДИ СОЛ». Ба муносибати 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ озмун баргузор мегардад
Дар ноҳияи Деваштич Маркази ҷумҳуриявии инноватсия ва технологияҳо дар соҳаи картошкапарварӣ таъсис дода мешавад
Бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон корҳои фаҳмондадиҳӣ доир гардид