Рӯзноманигорон, блогерон ва намояндагони вазорату идораҳо бо сохтмони Неругоҳи барқи обии «Роғун» шинос шуданд

Апрель 28, 2025 18:30

ДУШАНБЕ, 28.04.2025. /АМИТ «Ховар»/.  26 апрел гурӯҳи намояндагони вазорату идораҳо, рӯзноманигорон ва блогерон аз тариқи хатсайри Душанбе-Файзобод-Роғун мавзеъҳои таърихӣ, фарҳангӣ ва сайёҳии ин маконҳоро тамошо намуда, бо ҷараёни корҳои сохтмонӣ дар Неругоҳи барқи обии «Роғун» шинос гардиданд.

Тавре мухбири АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, ин хатсайр дар доираи оғози мавсими саёҳати дохилӣ аз ҷониби Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади рушди сайёҳии дохилӣ ташкил гардид.

Иштирокчиёни мавсими саёҳати дохилӣ табиати зебои ноҳияи Файзобод ва Роғунро тамошо намуда, бо Осорхонаи шаҳри Роғун шинос гардиданд. Мудири бахши фарҳанги шаҳри Роғун Олимшо Ҷамилзода дар суҳбат бо мо иттилоъ дод, ки дар осорхона беш аз 1200 нигораи таърихӣ маҳфуз мебошанд, ки ҳамагӣ дар натиҷаи бозёфти бостоншиносон аз гӯшаҳои гуногуни шаҳри Роғун ҷамъоварӣ гардидаанд.

«Ҳамаи ин ёдгориҳо аз тамоми ҷамоат, деҳа ва шаҳраку маҳаллаҳои шаҳр ҷамъоварӣ гардида, тибқи талаботи осорхонаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар экспонатҳо гирифта шудаанд. Онҳо дар баробари тамошо ба бинандагон руҳияи тоза мебахшанд»,-гуфт Олимшо Ҷамилзода.

Тибқи иттилои масъулин, осорхона аз 11 бахш иборат буда, ҳар бахши он хусусияти хос дорад. Аз ҷумла, дар осорхона таҳти шиори «Роғун бунёд мешавад» гӯшаи махсус таъсис дода шудааст. Дар ин гӯша ҳамаи сафарҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Неругоҳи барқи обии «Роғун», лаҳзаҳои корнамоиҳои кормандони ин неругоҳ аз оғози сохтмон то ин ҷониб рӯнамоӣ гардидаанд, ки ҳамарӯза сайёҳони дохилию хориҷӣ бо онҳо шинос мегарданд.

Осорхонаҳо ва муассисаҳои маърифатию фарҳангӣ дар ҳифзу нигаҳдошт ва бозшиносию муаррифии мероси  гаронбаҳои  таърихию фарҳангии  халқ саҳми босазо мегузоранд.

Дар доираи ин сафар рӯзноманигорон, блогерон ва намояндагони вазорату идораҳо бо сохтмони Неругоҳи барқи обии «Роғун» шинос шуданд.

Директори техникии Ҷамъияти саҳомии кушодаи Неругоҳи барқи обии «Роғун» Ғаффор Тошматов ба иштирокчиён толори агрегатҳои неругоҳ ва корҳои васлу насби онҳо,  сарбанд ва  ядрои сарбанди асосӣ, қисматҳои баромадгоҳи нақбҳо ва дигар мавзеъҳои  неругоҳро муаррифӣ намуд.

Ғаффор Тошматов иброз дошт, ки ядрои сарбанд иншооти муҳими неругоҳ ба шумор рафта, корҳои сохтмонию васлгариро дар он мутахассисони ватанию хориҷӣ бо сатҳу сифати баланд ва ҷавобгӯ ба меъёрҳои байналмилалӣ иҷро менамоянд.

«Кормандон ва сохтмончиёни неругоҳ дар ду баст кор мекунанд, ки ҳамарӯза дар ҳар басти он то 200 техника истифода мешавад. Шумораи коргарон дар айни замон беш аз 15 ҳазорро ташкил медиҳад»,-иттилоъ дод Ғаффор Тошматов.

Неругоҳи барқи обии «Роғун»-ин иншооти бузурги асри XXI ва ҳазорсолаи сеюм на танҳо дар таърихи миллати куҳанбунёди тоҷик, балки дар таърихи минтақа ва ҷаҳон низ назир надорад. Ин иншооти бузурги таърихӣ  ибтикори беназири Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад.

Ҳунарманд Далер Расулов, ки тибқи ин хатсайр бо ҷараёни сохтмони Неругоҳи барқи обии «Роғун» шинос гардид, иброз дошт, ки воқеан ҳам нафаре, ки ба ин макон сафар менамояд ва заҳматҳои шабонарӯзии кормандони ин неругоҳро мебинад, ба қадри неруи барқ мерасад ва онро самаранок истифода мебарад.

«Мо, сокинони мамлакат бояд дар самти оқилона истифода бурдани неруи барқ масъулиятнок бошем. Зеро ҳамаи меҳнатҳои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва кормандону сохтмончиён ин неругоҳ ба хотири чароғон будани хонаву кошонаи мо равона шудаанд. Аз ин рӯ мо набояд дар ин самт бепарвоӣ зоҳир намоем»,-гуфт Далер Расулов.

Корманди Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон Дилафрӯз Валиева иброз намуд, ки ҳамаи заҳмату талошҳои  бунёди Неругоҳи барқи обии «Роғун», пеш аз ҳама, ба хотири рушди Тоҷикистон, таҳкими Истиқлоли давлатӣ, боло бардоштани некуаҳволии мардум равона шуда, таҳти сиёсати хирадмандонаи  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  имрӯзҳо сохтмони он қаҳрамонона идома дорад.

«Ҳангоме ки ба ин ҷо ворид шудам, ростӣ дарҳол нақлҳои калонсолон дар мавриди бунёди сохтмонҳои азиму каналҳои калон ба хотирам омаданд. Ба худ гуфтам, ки шояд баъди ба истифода додани ин неругоҳи бузург дар оянда ман ҳам ба фарзандону наберагонам қисса намоям, ки ҳангоми сохтмони ин иншооти бузург ба он ҷо рафта будам»,-мегӯяд Дилафрӯз Валиева.

Неругоҳи барқи обии «Роғун» бузургтарин ва беназиртарин дастоварди даврони соҳибистиқлолии Ҷумҳурии Тоҷикистон аст, ки ба хотири таҳкими истиқлоли энергетикӣ имрӯзҳо бунёд мешавад ва таъмиру навсозии инфрасохтори соҳа идома дорад. Неругоҳи барқи обии «Роғун» яке аз иншооти бузурги гидроэнергетикии мамлакат ба ҳисоб рафта, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои пурра мавриди истифода қарор додани ин иншоот ба он таваҷҷуҳи махсус равона намудааст.

Ёдовар мешавем, ки зимни оғози мавсими саёҳати дохилӣ аз ҷониби Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 12 хатсайр ташкил гардид. Дар доираи он рӯзноманигорону блогерон ва намояндагони вазорату идораҳо мавзеъҳои таърихӣ-фарҳангӣ ва сайёҳии шаҳру ноҳияҳои мамлакатро тамошо намуданд.

Хатсайри Душанбе-Файзобод-Роғун аз ҷумлаи хатсайрҳое буд, ки  тавассути он беш аз 40 нафар бо ҷараёни кори Неругоҳи барқи обии «Роғун» шинос гардиданд.

Моҳинави НАВРӮЗ,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

 

 

Апрель 28, 2025 18:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Масоили маблағгузории идомаи сохтмони НБО –и «Роғун» баррасӣ гардид
САЙЁҲИИ МОҲИДОРӢ. Тоҷикистон бо захираҳои обӣ барои рушди сайёҳии моҳидорӣ имконияти зиёд дорад
Соли 2025 зиёда аз 1 миллион сайёҳон ба шаҳри Душанбе ворид гардидаанд
Дар Душанбе омодагӣ ба Фестивали байналмилалии сайёҳии «Наврӯз – мероси фарҳангию ҷаҳонгардӣ – 2026» баррасӣ гардид
Дурнамои тақвияти ҳамкории Тоҷикистон бо Хазинаи байналмилалии асъор дар соҳаи энергетика баррасӣ шуд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Соли 2025 ба Тоҷикистон 1 миллиону 784 ҳазор сайёҳ ворид гардид
Рушди ҳамкории Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ва Ассотсиатсияи донишгоҳҳои Британияи Кабир баррасӣ гардид
Ҷадвали «Тақвими чорабиниҳои Иди байналмилалии Наврӯз дар шаҳри Душанбе барои соли 2026» ба тасвиб расид
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ба радифи донишгоҳҳои беҳтарини ҷаҳон дохил гардид
Таҳкими ҳамкории Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон бо ТИКА баррасӣ карда шуд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Корҳои сохтмонӣ дар Неругоҳи барқи обии «Роғун» қариб 60 дарсад ба анҷом расидаанд
Соли 2025 табиати афсонавӣ ва чашмаҳои шифобахши Бадахшонро беш аз 51 ҳазор сайёҳ тамошо намуданд