Ширкати «IRS» 38 пулро навсозӣ намуд

Апрель 21, 2025 18:30

ДУШАНБЕ, 21.04.2025. /АМИТ «Ховар»/. Ширкати «IRS» дар дарозии роҳи Душанбе-Чанок, ки 358 километрро ташкил медиҳад, 38 пулро навсозӣ намуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз маркази матбуоти филиали ин ширкат хабар доданд.

Ин роҳ аз 3 нақб («Майхӯра» — 897 метр, «Истиқлол» — 4998 метр, «Шаҳристон» -5253 метр), 24 галерея ва ҳамчунин 38 пул иборат буда, онҳо навсозӣ гардиданд.

Аз ҷумла, дар километри 267 — уми роҳи Душанбе-Чанок, ки  соли 1962 сохта шуда буд, поя ва сутунҳои марказии корношоямгашта навсозӣ гардид.

Қабл аз ин «IRS» ду пули азими дигарро дар минтақаи Зарафшон бо истифода аз масолеҳи босифати сохтмонӣ пурра навсозӣ карда  буд.

Ширкати «IRS» барои дар сатҳи баланд ва ҷавобгӯ ба талаботи бахши роҳсозӣ амалӣ намудани  вазифаҳояш  имконият ва шароити зарурӣ, аз қабили мутахассисони болаёқат, корхонаҳои истеҳсоли асфалт, таҷҳизоти замонавӣ, техникаи пуриқтидорро доро буда, аз онҳо самаранок истифода мебарад. Ин омилҳо замина фароҳам оварданд, ки фаъолият дар сатҳи хубу сифати баланд амалӣ ва масъулиятшиносию дастовардҳои  кормандони он   ба ҳама маълум гарданд.

АКС:  Филиали ширкати саҳомии «Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

Апрель 21, 2025 18:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистон ва Ҳиндустон дар соҳаи энергетика баррасӣ шуд
Пешвои миллат: «Кишоварзон бояд аз ҳар рӯзи мусоиди фасли баҳор истифода баранд»
Эмомалӣ Раҳмон: «Кишоварзонро зарур аст рӯзҳои мусоиди баҳориро самаранок истифода намоянд»
Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар Бонки миллии Тоҷикистон дар сатҳи баланд таҷлил гардид
Дар Душанбе истифода ва ҳифзи захираҳои обии мамлакат дар шароити тағйирёбии иқлим баррасӣ гардид
Ҷаласаи сеюми Гурӯҳи кории муштараки Тоҷикистону Покистон оид ба савдо, сармоягузорӣ ва нақлиёт баргузор шуд
Бонки миллии Тоҷикистон ба Эъломияи Кейптаун ҳамроҳ шуд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Восеъ сохтмони иншооти таъйиноти гуногун идома дорад
Дар Душанбе натиҷаҳои COP30 ва раванди такмилсозии NDC 3.0-и Тоҷикистон баррасӣ гардид
«ТОП – 35 ШАРИКИ БОЭЪТИМОДИ СОЛ». Ба муносибати 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ озмун баргузор мегардад
Дар ноҳияи Деваштич Маркази ҷумҳуриявии инноватсия ва технологияҳо дар соҳаи картошкапарварӣ таъсис дода мешавад
Бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон корҳои фаҳмондадиҳӣ доир гардид