Тоҷикистон пешниҳод намуд, ки дар дурнамои ҳамкории ЭКО ба самтҳои савдою сармоягузорӣ ва иқтисоди «сабз» афзалият дода шавад
ДУШАНБЕ, 29.04.2025 /АМИТ «Ховар»/. Соли 2024 ҳиссаи савдои хориҷии Тоҷикистон бо давлатҳои Созмони ҳамкории иқтисодӣ (ЭКО) 33 фоизро ташкил дод. Гардиши савдои хориҷии Тоҷикистон бо кишварҳои ЭКО соли 2024 нисбат ба соли 2023 18 фоиз афзудааст. Ин нуктаро Вазири рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ Завқӣ Завқизода дар аввалини Форуми Созмони ҳамкории иқтисодӣ оид ба рушди устувор, ки дар шаҳри Аркадаги Туркманистон баргузор гардид, иброз дошт.
АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, ки Завқӣ Завқизода афзуд, ки бо назардошти пайомадҳои манфии тағйирёбии глобалии иқлим ба захираҳои обии минтақа Ҷумҳурии Тоҷикистон дар пайгирии ташаббуси панҷуми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз 29 май то 1 июни соли 2025 дар шаҳри Душанбе Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо баргузор менамояд. Вобаста ба ин аз ҳамаи кишварҳои ЭКО даъват ба амал оварда шуд, ки дар ин чорабинии муҳими байналмилалӣ фаъолона иштирок намоянд.
Вазири рушди иқтисод ва савдо изҳор дошт, ки мутобиқи «Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» таъмини рушди устувор ва ба ин васила ноил гардидан ба баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум ҳадафи олии ҳукумати мамлакат мебошад. Дар ин замина Тоҷикистон дар даҳ соли охир, яъне марҳилаи аввали татбиқи ин стратегия рушди устувори иқтисодиро бо ҳисоби миёнасолона 7,5 фоиз таъмин намуд ва танҳо соли 2024 ин нишондиҳанда 8,4 фоиз афзоиш ёфт.
Ҷониби Тоҷикистон пешниҳод намуд, ки дар Дурнамои навбатии ЭКО барои солҳои 2026-2035 ба ҳамкорӣ дар самтҳои савдо ва сармоягузорӣ, рушди “сабз”, аз ҷумла энергияи “сабз”, мутобиқшавӣ ба тағйирёбии глобалии иқлим ва пайвастшавии нақлиётиву логистикӣ афзалият дода шавад.
ЭКО соли 1985 таъсис ёфта, имрӯз даҳ давлат — Тоҷикистон, Туркманистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Узбекистон, Озарбойҷон, Эрон, Туркия, Покистон ва Афғонистонро муттаҳид мекунад. ЭКО ба таҳкими ҳамкории иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ байни кишварҳои аъзо бо ҳадафи рушди устувор ва афзунсозии суботи минтақавӣ равона шудааст.
АКС: Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон










«Барномаи миёнамуҳлати рушди иқтисоди рақамӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030» амалӣ мешавад
Моҳи май дар шаҳри Бохтар Форуми сайёҳии «Хатлон – 2026» баргузор мешавад
Ҷаласаи гурӯҳи кории Шурои роҳбарони Палатаи савдо ва саноати Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил доир гардид
Тоҷикистон ва Миср ҳамкориро дар соҳаҳои дорусозӣ, нассоҷӣ ва мошинсозӣ густариш медиҳанд
Тавсеаи ҳамкории дуҷонибаи сармоягузорӣ ва тиҷоратӣ байни Тоҷикистон ва Миср баррасӣ гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Лондон бо намояндагони ниҳодҳои бонуфузи байналмилалии молиявӣ вохӯрӣ намуд
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо вазъи соҳаи кишоварзӣ дар Ҳисор, Турсунзода ва Шаҳринав шинос шуд
Ҷаласаи нахустини Комиссияи давлатӣ оид ба радиобасомадҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон доир шуд
Ҷаласаи Кумитаи муштараки роҳбарикунандаи Ҳукумати Тоҷикистон ва Созмони Милали Муттаҳид доир шуд
Нишасти Кумитаи пайгирии иҷрои Протоколи Комиссияи муштараки Тоҷикистону Эрон баргузор гардид
Дар Минтақаи озоди иқтисодии «Кӯлоб» Маркази логистикӣ таъсис дода мешавад
Ҷаласаи 8-уми Комиссияи муштараки Тоҷикистон ва Покистон оид ба ҳамкории тиҷоратӣ, иқтисодӣ ва илмӣ-техникӣ доир мегардад






