Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамӣ ҳамкориро бо ширкатҳои «Presight AI h» ва «Scale AI» дар самти зеҳни сунъӣ тақвият медиҳад

Май 28, 2025 16:45

ДУШАНБЕ, 28.05.2025 /АМИТ «Ховар»/. Таҳкими ҳамкории Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамӣ бо   ширкатҳои «Presight AI h»-и Амороти Муттаҳидаи Араб ва «Scale AI»– и Иёлоти  Муттаҳидаи Амрико  дар самти  зеҳни сунъӣ зимни мулоқоти директори Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Хуршед Мирзо бо ҳайати  намояндагони ин ширкатҳои пешсаф дар самти зеҳни сунъӣ  баррасӣ гардид.

АМИТ «Ховар» бо истинод ба Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, ки ширкати «Presight» соли 2020 дар Абузабӣ таъсис ёфта, зерсохтори холдинги технологии G42 буда, сармояи он ба 3,7 миллиард доллари амрикоӣ мерасад. Маҳсулоти аслии «Presight» — платформаи TAQ мебошад, ки зиёда аз 100 модели зеҳни сунъиро фаро гирифта, барои таҳлили ҳамаҷониба ва қабули қарорҳои асосёфта дар бахшҳои гуногун, аз ҷумла хизматрасониҳои давлатӣ, молия, варзиш, хизматрасониҳои коммуналӣ, иқлим ва маориф ба таври васеъ истифода мешавад.

«Scale AI» соли 2016 дар шаҳри Сан-Франсискои Калифорния таъсис ёфтааст ва сармояи он ба 25 миллиард доллари амрикоӣ мерасад. Ширкат ба таҳлил ва аннотатсияи маълумот барои омӯзиши моделҳои зеҳни сунъӣ машғул мебошад. «Scale AI» бо ширкатҳои бузург, аз ҷумла Meta, Microsoft, OpenAI ва Вазорати мудофиаи  Амрико ҳамкорӣ менамояд.

Дар ҷараёни  мулоқот  ҷонибҳо самтҳои асосии ҳамкориро дар доираи татбиқи «Стратегияи миллии рушди зеҳни сунъӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» баррасӣ намуданд. Дар ин раванд ҷиҳати омодасозии кадрҳо дар бахши зеҳни сунъӣ, рушди лоиҳаҳои тадқиқотӣ ва локализатсияи технологияҳои зеҳни сунъӣ дар дохили мамлакат имконоти ҳамкорӣ бо ширкатҳои номбурда, аз қабили таъсиси кластерҳои GPU ва маркази миллии абрии маълумот муҳокима карда шуданд.

Ҳайати  намояндагони ширкатҳои пешсаф дар самти зеҳни сунъӣ «Presight AI h»-и Амороти Муттаҳидаи Араб ва «Scale AI»– и Амрико  бо шароити мавҷудаи бинои IT Park-и Душанбе шинос шуда, ба имконоти дар ин ҷо фароҳамшуда баҳои баланд доданд.

Дар фарҷом ҷонибҳо барои густариши ҳамкорӣ ва пайваста пайгирӣ кардани тавофуқҳои бадастомада изҳори омодагӣ намуданд.

АКС: Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Май 28, 2025 16:45

Хабарҳои дигари ин бахш

Бонки миллии Тоҷикистон ба Эъломияи Кейптаун ҳамроҳ шуд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Восеъ сохтмони иншооти таъйиноти гуногун идома дорад
Дар Душанбе натиҷаҳои COP30 ва раванди такмилсозии NDC 3.0-и Тоҷикистон баррасӣ гардид
«ТОП – 35 ШАРИКИ БОЭЪТИМОДИ СОЛ». Ба муносибати 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ озмун баргузор мегардад
Дар ноҳияи Деваштич Маркази ҷумҳуриявии инноватсия ва технологияҳо дар соҳаи картошкапарварӣ таъсис дода мешавад
Бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон корҳои фаҳмондадиҳӣ доир гардид
ИМРӮЗ-РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИМОЯИ ҲУҚУҚИ ИСТЕЪМОЛКУНАНДАГОН. Зиёда аз 86 тонна маҳсулоти бесифати бозорҳои истеъмолӣ нобуд карда шуд
Байни ширкати ҳавопаймоии хусусии «Shohin Airlines» ва Бунёди сармоягузории аврупоӣ Созишномаи сармоягузорӣ ба имзо расид
Ҷаласаи Гурӯҳи кории байниидоравӣ оид ба мониторинг ва арзёбии ҳуҷҷатҳои банақшагирии стратегӣ доир гардид
Дар Вашингтон дурнамои ҳамкории Тоҷикистон бо Бонки ҷаҳонӣ дар самти рушди инфрасохтори роҳу нақлиёт баррасӣ шуд
Тоҷикистон ҳамкориро бо Барномаи ҷаҳонии озуқаворӣ дар самти устувории иқлимӣ тақвият медиҳад
То соли 2030 ҳаҷми савдо байни Тоҷикистон ва Қазоқистон ба 2 миллиард доллар расонида мешавад