Ҳайати Бонки чаҳонӣ ҳолати кунунии татбиқи ҷузъҳои барномавии Лоиҳаи БРАМОМ-4-ро таҳлил менамояд

Май 17, 2025 12:00

ДУШАНБЕ, 17.05.2025 /АМИТ «Ховар»/. Дар Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрии муқаддимотӣ оид ба ифтитоҳи Намояндагии Бонки ҷаҳонӣ дар доираи марҳилаи 4-уми Барномаи беҳтар намудани роҳҳои минтақавии пайвастшавӣ дар Осиёи Марказӣ (Лоиҳаи БРАМОМ-4) баргузор гардид.  Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар»  аз Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.

Ҳадафи ин намояндагӣ мусоидат ба татбиқи самараноки лоиҳа, таъмини рушди устувори инфрасохтори нақлиётӣ ва беҳтар намудани робитаҳои минтақавӣ дар Осиёи Марказӣ мебошад.

Ҳамзамон таъкид гардид, ки мақсади  асосии намояндагии Бонки ҷаҳонӣ гузаронидани таҳлили ҳамаҷонибаи ҳолати ҷории татбиқи ҷузъҳои барномавии Лоиҳаи БРАМОМ-4 мебошад, ки аз баррасии раванди умумии татбиқи ҷузъҳои лоиҳа, шиносоӣ бо вазъи идоракунии молиявӣ ва пардохтҳо, бастаҳои  харид, муҳокимаи мониторинг ва баҳодиҳӣ ба нишондиҳандаҳои ҷадвали натиҷаҳо, таҳия ва мувофиқаи нақшаи чорабиниҳо барои тезонидани раванди татбиқи лоиҳа иборат аст.

Дар доираи намояндагӣ масъалаҳо дар самтҳои асосии фаъолияти қисмати 3-юми Муосирсозии платформаи технологияҳои иттилоотии коммуникатсионии гумрукӣ, таҳкими иқтидори институтсионалӣ ва захираҳои кадрӣ дар Хадамоти гумрук, таҷдиди таҷҳизоти техникӣ барои назорати сарҳад ҷиҳати интиқоли борҳо ва мусофирон, инчунин натиҷаҳои ба дастомада аз фаъолияти қаблии намояндагии Бонки ҷаҳонӣ, ки моҳи ноябри соли 2024 гузаронида шуда буд, баррасӣ гардиданд.

АКС: Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Май 17, 2025 12:00

Хабарҳои дигари ин бахш

35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Восеъ сохтмони иншооти таъйиноти гуногун идома дорад
Дар Душанбе натиҷаҳои COP30 ва раванди такмилсозии NDC 3.0-и Тоҷикистон баррасӣ гардид
«ТОП – 35 ШАРИКИ БОЭЪТИМОДИ СОЛ». Ба муносибати 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ озмун баргузор мегардад
Дар ноҳияи Деваштич Маркази ҷумҳуриявии инноватсия ва технологияҳо дар соҳаи картошкапарварӣ таъсис дода мешавад
Бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон корҳои фаҳмондадиҳӣ доир гардид
ИМРӮЗ-РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИМОЯИ ҲУҚУҚИ ИСТЕЪМОЛКУНАНДАГОН. Зиёда аз 86 тонна маҳсулоти бесифати бозорҳои истеъмолӣ нобуд карда шуд
Байни ширкати ҳавопаймоии хусусии «Shohin Airlines» ва Бунёди сармоягузории аврупоӣ Созишномаи сармоягузорӣ ба имзо расид
Ҷаласаи Гурӯҳи кории байниидоравӣ оид ба мониторинг ва арзёбии ҳуҷҷатҳои банақшагирии стратегӣ доир гардид
Дар Вашингтон дурнамои ҳамкории Тоҷикистон бо Бонки ҷаҳонӣ дар самти рушди инфрасохтори роҳу нақлиёт баррасӣ шуд
Тоҷикистон ҳамкориро бо Барномаи ҷаҳонии озуқаворӣ дар самти устувории иқлимӣ тақвият медиҳад
То соли 2030 ҳаҷми савдо байни Тоҷикистон ва Қазоқистон ба 2 миллиард доллар расонида мешавад
Тоҷикистон ба таҷрибаи бузургтарин оператори бозори неруи барқи Аврупо — Nord Pool мароқ зоҳир намуд