Ҳамкории Тоҷикистон ва Чин дар самти саноатикунонии босуръат густариш меёбад
ДУШАНБЕ, 01.05.2025. /АМИТ «Ховар»/. Масъалаи ҷалби сармояи соҳибкорони Чин ба бунёди коргоҳи истеҳсоли хишти пухта дар шаҳри Кӯлоб дар вохӯрии гурӯҳи соҳибкорони Ҷумҳурии Мардумии Чин бо Раиси шаҳри Кӯлоб Бахтиёр Назарзода мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Тавре аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, коргоҳ баъди фаъол гардидан метавонад ба таври мунтазам бинокорони шаҳри Кӯлобро бо хишти пухтаи истеҳсоли маҳаллӣ таъмин намояд. Ин омил метавонад дар рушди босуръати биносозӣ ва шаҳрсозӣ дар шаҳри Кӯлоб заминаи мусоид фароҳам оварад.
Дар доираи сиёсати созандаю бунёдкоронаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамкорӣ бо шарикони рушд, аз ҷумла сармоягузорону соҳибкорони Ҷумҳурии Мардумии Чин густариш меёбад.
Дар ин замина ҳамкории Тоҷикистон ва Чин дар самти ҳадафи чоруми стратегӣ- саноатикунонии босуръати мамлакат тавсеа меёбад.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб








Шералӣ Кабир бо Вазири сармоягузорӣ, саноат ва савдои Узбекистон Лазиз Қудратов мулоқот намуд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Восеъ сохтмони иншооти таъйиноти гуногун идома дорад
«Стратегияи рушди саноат дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» мавриди амал қарор дорад
Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода бо раванди сохтмони корхонаи ғанигардонии маъдани оҳани ҶСП «Комбинати металлургии тоҷик» шинос шуд
Тоҷикистон ва Туркманистон ҳамкориро дар соҳаи саноати нассоҷӣ тақвият медиҳанд
Тоҷикистон ва Миср ҳамкориро дар соҳаҳои дорусозӣ, нассоҷӣ ва мошинсозӣ густариш медиҳанд
Дар Деҳлӣ ҳамкории Тоҷикистон ва Ҳиндустон дар соҳаи саноат ва технологияҳои муосир баррасӣ шуд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Вахш корхонаи истеҳсоли маҳсулоти полиэтиленӣ ба фаъолият оғоз намуд
Вазири саноат ва технологияҳои нав бо муовини Сарвазир – Вазири зеҳни сунъӣ ва рушди рақамии Қазоқистон вохӯрӣ намуд
Тоҷикистон ҳамкориро бо Италия барои воридоти технологияҳои истеҳсолӣ тақвият медиҳад
Тоҷикистон ҳамкориро бо «Google DeepMind» дар соҳаи рушди зеҳни сунъӣ густариш медиҳад
Дар Саммити байналмилалии «AI Impact Summit» татбиқи зеҳни сунъӣ дар идоракунии давлатии Тоҷикистон муаррифӣ шуд






