Аз вилояти Хатлон беш аз 200 тонна маҳсулоти кишоварзӣ содирот гардид
ДУШАНБЕ, 12.05.2025. /АМИТ «Ховар»/. Аз ноҳияҳои Шаҳритус, Қубодиён, Дӯстӣ, Балхӣ ва Ҷайҳуни вилояти Хатлон дар ҳаҷми 222 тонна маҳсулоти кишоварзӣ содирот гардидааст. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз хадамоти матбуоти Раиси вилояти Хатлон иттилоъ доданд.
Маҳсулоти кишоварзӣ тавассути мошинҳои боркаш ба Федератсияи Русия, ҷумҳуриҳои Қазоқистон ва Қирғизистон содирот карда мешаванд. Аз маҳсулоти содиротшуда 100 тоннаро пиёзи барвақтӣ, 100 тоннаро зардолу, 22 тоннаро лаблабу ва миқдори муайянро карам ташкил медиҳад.
Ба хотири беталаф ва сари вақт содирот намудани маҳсулоти кишоварзӣ бо дастгирии Агентии содироти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон филиали Корхонаи воҳиди давлатии «Тоҷагропромэкспорт» таъсис дода шудааст. Ин иқдом дар доираи татбиқи сиёсати содиротӣ ва дастгирии кишоварзони мамлакат амалӣ шуда, ба рушди иқтисоди миллӣ ва муаррифии маҳсулоти табиии Тоҷикистон дар бозорҳои ҷаҳонӣ мусоидат менамояд.
Имсол дар вилояти Хатлон аз ҳисоби сохторҳои марбут ба содирот Равзанаи ягона ташкил гардид. Он раванди интиқоли маҳсулоти гуногуни кишоварзиро ба берун аз мамлакат хеле осон намудааст.
АКС: Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Хатлон








Бонки миллии Тоҷикистон ба Эъломияи Кейптаун ҳамроҳ шуд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Восеъ сохтмони иншооти таъйиноти гуногун идома дорад
Дар Душанбе натиҷаҳои COP30 ва раванди такмилсозии NDC 3.0-и Тоҷикистон баррасӣ гардид
«ТОП – 35 ШАРИКИ БОЭЪТИМОДИ СОЛ». Ба муносибати 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ озмун баргузор мегардад
Дар ноҳияи Деваштич Маркази ҷумҳуриявии инноватсия ва технологияҳо дар соҳаи картошкапарварӣ таъсис дода мешавад
Бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон корҳои фаҳмондадиҳӣ доир гардид
ИМРӮЗ-РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИМОЯИ ҲУҚУҚИ ИСТЕЪМОЛКУНАНДАГОН. Зиёда аз 86 тонна маҳсулоти бесифати бозорҳои истеъмолӣ нобуд карда шуд
Байни ширкати ҳавопаймоии хусусии «Shohin Airlines» ва Бунёди сармоягузории аврупоӣ Созишномаи сармоягузорӣ ба имзо расид
Ҷаласаи Гурӯҳи кории байниидоравӣ оид ба мониторинг ва арзёбии ҳуҷҷатҳои банақшагирии стратегӣ доир гардид
Дар Вашингтон дурнамои ҳамкории Тоҷикистон бо Бонки ҷаҳонӣ дар самти рушди инфрасохтори роҳу нақлиёт баррасӣ шуд
Тоҷикистон ҳамкориро бо Барномаи ҷаҳонии озуқаворӣ дар самти устувории иқлимӣ тақвият медиҳад
То соли 2030 ҳаҷми савдо байни Тоҷикистон ва Қазоқистон ба 2 миллиард доллар расонида мешавад






