Барномаи рақамикунонии соҳаи кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2025-2030 қабул гардид
ДУШАНБЕ, 31.05.2025. /АМИТ «Ховар»/. 29 май зимни баргузории маҷлиси Ҳукумати мамлакат таҳти раёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Барномаи рақамикунонии соҳаи кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2025-2030» қабул гардид.
Тавре аз Вазорати кишоварзии Ҷумҳуриии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, «Барномаи рақамикунонии соҳаи кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» дар асоси «Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» ва фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 8 январи соли 2025 «Дар бораи Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия» эълон намудани солҳои 2025-2030» бо мақсади идомаи минбаъдаи ислоҳоти аграрӣ таҳия гардид.
Барнома инчунин барои ташкили низоми устувор ба тағйирёбии иқлим, иқтисоди “сабз”, фароҳам овардани шароити мусоид барои пешбурди соҳаи кишоварзӣ ва баланд бардоштани ҳосилнокӣ таҳия карда шудааст. Ҳамчунин он ба беҳтар кардани самаранокӣ, шаффофият, сари вақт гирифтани маълумот, истифодаи самараноки обу замин, рушди устувор, баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии аҳолӣ ва таъмини амнияти озуқаворӣ равона шудааст.
Ҳадафи ин барнома таҳияи маҷмуи тадбирҳо оид ба рақамикунонии соҳаи кишоварзии Тоҷикистон мебошад. Он вазъи кунунии кишоварзии рақамиро дар мамлакат арзёбӣ намуда, мушкилот ва имконияти асосиро муайян мекунад, нақшаи чорабиниҳоро барои суръат бахшидани татбиқи технологияҳои рақамӣ дар соҳаи кишоварзӣ ва деҳот қадам ба қадам пешниҳод менамояд.
Тоҷикистон солҳои охир дар татбиқи технологияҳои рақамӣ дар бахшҳои мухталиф, аз ҷумла телекоммуникатсия, молия ва хизматрасониҳои давлатӣ ба пешравиҳо ноил гардидааст. Дар ин раванд рақамикунонии соҳаи кишоварзӣ дар Тоҷикистон ҳанӯз дар марҳилаи ибтидоӣ аст. Рақамикунонии кишоварзӣ — воситаи муҳимме мебошад, ки метавонад барои бартараф кардани мушкилиҳои соҳаи кишоварзӣ ва табдил додани он ба яке аз соҳаҳои муосир, рақобатпазир ва устувор мусоидат намояд.
АКС: Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон/АМИТ «Ховар»








Бонки миллии Тоҷикистон ба Эъломияи Кейптаун ҳамроҳ шуд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Восеъ сохтмони иншооти таъйиноти гуногун идома дорад
Дар Душанбе натиҷаҳои COP30 ва раванди такмилсозии NDC 3.0-и Тоҷикистон баррасӣ гардид
«ТОП – 35 ШАРИКИ БОЭЪТИМОДИ СОЛ». Ба муносибати 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ озмун баргузор мегардад
Дар ноҳияи Деваштич Маркази ҷумҳуриявии инноватсия ва технологияҳо дар соҳаи картошкапарварӣ таъсис дода мешавад
Бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон корҳои фаҳмондадиҳӣ доир гардид
ИМРӮЗ-РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИМОЯИ ҲУҚУҚИ ИСТЕЪМОЛКУНАНДАГОН. Зиёда аз 86 тонна маҳсулоти бесифати бозорҳои истеъмолӣ нобуд карда шуд
Байни ширкати ҳавопаймоии хусусии «Shohin Airlines» ва Бунёди сармоягузории аврупоӣ Созишномаи сармоягузорӣ ба имзо расид
Ҷаласаи Гурӯҳи кории байниидоравӣ оид ба мониторинг ва арзёбии ҳуҷҷатҳои банақшагирии стратегӣ доир гардид
Дар Вашингтон дурнамои ҳамкории Тоҷикистон бо Бонки ҷаҳонӣ дар самти рушди инфрасохтори роҳу нақлиёт баррасӣ шуд
Тоҷикистон ҳамкориро бо Барномаи ҷаҳонии озуқаворӣ дар самти устувории иқлимӣ тақвият медиҳад
То соли 2030 ҳаҷми савдо байни Тоҷикистон ва Қазоқистон ба 2 миллиард доллар расонида мешавад






